Ба иттилои кумита, кормандони Хадамоти гумруки Қирғизистон дар гузаргоҳи марзии "Кизил-Кия-автодорожний" нақшаи фасодкории талаби пора аз соҳибкоронро ба роҳ мондаанд.
"Навбатдори калони гузаргоҳи "Кизил-Кия-автодорожний" капитани Хадамоти гумрук Ж.М.А. боздошт карда шуд", - афзудааст манбаъ.
Дар иттилоияи кумита омадааст, ки тафтиши парванда ва муайян кардани мансабдорони дигар, ки дар иҷрои нақшаи фасодкорӣ даст доранд, идома дорад.