Дар Раёсати пулиси Иссиқкӯл гуфтанд, зидди боздоштшуда бо гумони "Таҷовуз" парванда боз шуда, ташхиси судӣ-тиббӣ таъйин карда шудааст.
Қаблан модари ҷабрдида ба пулис шикоят карда буд, ки духтари маъюби ӯро ду кас таҷовуз кардаанд.
"Ӯро 4 шабонарӯз латтукӯб ва таҷовуз кардаанд. Дар бадани ӯ узви солиме намондааст. Сараш осеб дида, пойяшро ҳам шикастаанд. Хоҳарамонро худамон пайдо кардем. Гумонбарон ҳангоми боздошт маст буданд", - навиштаанд наздикони духтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ.