Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ва ҷаримаи муҳоҷирон баъди ҷанҷол дар бозори Маскав. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маъмурони интизомӣ дар Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда, чандин муҳоҷири дигарро бо гуноҳи "итоат накардан ба амри пулис" 1000-рублӣ ҷарима бастаанд. Ин афрод ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзи 1-уми август нагузоштаанд, маъмурони пулис як тоҷири тоҷикро дар бозори "Теплый Стан"-и пойтахти Русия боздошт кунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ лаҳзаи баҳсу муноқишаи гурӯҳе аз муҳоҷирон бо кормандони пулис дар назди бозори "Теплый Стан" нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки кормандони пулис ба дасти як ҷавони тоҷик завлона зада, ӯро бурданӣ мешаванд, вале муҳоҷирон монеъ мегарданд.

Дар зери видео даҳҳо сокини Русия назари худро навишта, хостори ихроҷи муҳоҷирон аз ин кишвар шудаанд. Онҳо мегӯянд, коргарони хориҷӣ бояд қонунҳои кишвари иқоматро эҳтиром кунанд.

Мақомоти пулиси Маскав ҳанӯз дар ин бора расман изҳорот надодаанд.

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 3-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, қазияро зери назорат доранд ва, мумкин аст, дар ин замина парванда кушода шавад. Вай ҳамзамон афзуд: "Ба корманди пулис даст расондан, ҳатто агар қонуншиканӣ кардааст, задан мумкин нест. Дар ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, чунин рафтор хуб нест ва ин роҳи ҳалли масъала нест."

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ҳодисаро аз наздик пайгирӣ доранд ва ба эҳтимоли онҳо маъмурони пулиси Русия ба хотири, ба истилоҳ, "як кайк" пӯстинро сӯзонданианд.

Валентина Чупик, аз мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, "онҳоро боздошт карда, ба идораҳои пулиси "Теплый Стан" ва "Комунарка" бурдаанд. Ҳар кадомро барои итоат накардан ба амри пулис ҳазоррублӣ ҷарима бастанд. Ба онҳо гуфтам, ки биоед барои бекор кардани ҷарима ёрӣ мекунам, аммо ба гумон аст, ки биёянд, чун ҳамаашон метарсанд."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Боздошти муҳоҷирони тоҷик баъди ҷанҷол дар бозори Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Ба қавли ӯ, баҳс дар бозори "Теплий Стан" баъд аз он сар задааст, ки як фурӯшандаи тоҷик бо посбони бозор гуё дағал гап задааст: "Посбон яке аз пайвандони худро, ки дар мақомоти пулис кор мекунад, даъват кардааст. Дар ин ҷо посбон рафтори ғайриқонунӣ кардааст, чун мебоист ӯ пулисро даъват мекард, на хешованди худро."

Каримҷон Ёров, ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, ду рӯз боз кормандони пулис дар бозори "Теплый Стан” муҳоҷирони тоҷикро "гурӯҳ-гурӯҳ боздошт мекунанд" ва "қисме аз онҳо аз тарс ба кор намераванд."

Мақомоти Русия мегӯянд, дар он кишвар беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат доранд. Онҳо дар ним соли гузашта тавассути бонкҳо 999 миллион доллар фиристодаанд. Пулҳои интиқолии муҳоҷирон яке аз пояҳои муҳими иқтисоди хонаводаҳо дар Тоҷикистон дониста мешавад, вале ба сабаби пандемияи коронавирус даромади онҳо аз ҳоло коҳиш ёфтааст.

Муҳоҷирони тоҷик ҳамвора аз бархӯрди номуносиби мақомоти интизомӣ бо онҳо шикоят мекунанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, нерӯҳои пулиси Русия бо ҳар баҳонаи ночиз мехоҳанд аз муҳоҷирон пул ситонанд, ҷарима банданд ва ё аз кишвар хориҷ кунанд. Мақомоти Русия дар навбати худ баъзе аз муҳоҷиронро ба будубош ва фаъолияти ғайриқонунӣ муттаҳам медонанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG