Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи боздошти муҳоҷирон дар Амур корбаронро ба ғазаб овард. ВИДЕО


Назори саҳнаи боздошти муҳоҷирон, ки дар тазоҳурот ба зидди раҳбарони ширкати "Ренесанс" дар вилояти Амури Русия иштирок карда буданд, хашми корбарони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Дар ин видео, ки ба гуфтаи муаллифонаш 21-уми июл сабт шудааст, афроде бо либоси маъмурони ОМОН ва бо шеваи таҳқиромез муҳоҷиронро аз автобус поин мекунанд, ба замин мехобонанд ва бо пой ба пушту гарданашон фишор меоранд.

Беш аз 100 муҳоҷир боздошт шудааст ва дар миёнашон 12 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Як корманди ширкати "Ренесанс" рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол тоҷикон бо ҷарима озод шаванд. "Теъдоди ками тоҷикон дар ин эътироз ширкат кардаанд. Дар он рӯз боздошт шуданд, вале баъд аз тафтиш маълум шуд, ки аксари он муҳоҷирон дар шикастани тирезаҳо даст надоранд. Фақат чанд гурӯҳи кориро боздошт карданд, ки дар миёнашон бегуноҳон зиёд буд", -- афзуд ӯ.

Рӯзи 13-уми июл садҳо муҳоҷири тоҷику узбек барои пардохт нашудани маоши думоҳа даст ба корпартоӣ заданд. Дар ҷараёни эътироз, ба гуфтаи масъулони ширкати туркии "Ренесанс", муҳоҷирон тирезаҳои биноҳои маъмурӣ ва маиширо хароб кардаанд.

Нашри навори боздошт бо шеваи таҳқиромез дар шабакаҳои иҷтимоӣ дубора ба мавзӯи беҳуқуқ будани муҳоҷирони кориро доман зад. Алишер Исломов, як корбари тоҷик дар Фейсбук навиштааст, "ин навор бозгӯи беқадрии муҳоҷирони корӣ аст. Қадри одам дар Русия ба ҷӯроб баробар аст. Зиндагӣ дар он ҷо ҳайф аст."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Мардум аз шеваи боздошти муҳоҷирон норозигӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Абдулатиф Юсупов, корбари дигар гуфтааст, ин муҳоҷиронро як нафар метавонист бе ҳеч зӯр боздошт кунад. Вай афзудааст, соли 2014 худи ӯро бо чунин шева боздошт карда буданд.

Дар сохтмони корхонаи коркарди газ дар шаҳри Свободное дар вилояти Амури Русия беш аз 15 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди 4 ҳазор тоҷик кор мекунанд.

Густариши коронавирус ва карантини саросарӣ дар Русия зиндагии бе ин ҳам сахти муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро дар ин кишвар сахттар кард. Хонаводаҳое, ки аксарият барои таъмини зиндагӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омада, дар давраи пандемия дар хона банд монданд ё маоши кам гирифтанд ва дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҷониби Тоҷикистон шумори онҳоро беш аз 400 ҳазор нафар ҳисоб кардааст, мақомоти Русия – беш аз як миллион нафар.

Онҳо соли гузашта ба Тоҷикистон тақрибан 2,6 миллиард доллар фиристода буданд, вале дар се моҳи аввали имсол 359 миллион доллар фиристодаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 103 миллион доллар ё 22 дарсад камтар аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG