Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонӣ розӣ шуд ба Шаҳбол ҷуброн пардохт кунад


Шаҳбол Мирзоев. Акс аз торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон розӣ шудааст, ки ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонӣ, ки соли 2014 дар артиш маъюб шуда буд, дар ҳаҷми 36 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ, пардохт намояд.

Ин дар ҳолест, ки Сарраёсати марзбонии КДАМ қаблан розӣ набуд ин маблағро, ки Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе муқаррар карда буд, ба ин сарбози маъюб пардохт намояд. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе 22-юми ноябри соли гузашта Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро муваззаф карда буд, ки ин миқдор маблағро ба Шаҳбол Мирзоев пардохт кунад.

Шаҳбол Мирзоев моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхизматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз қавли Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Шаҳбол Мирзоев хабар дод, ки 18-уми декабр аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар тамос шуда ва хоҳиш кардаанд, ки суратҳисоби Шаҳбол Мирзоевро барои гузаронидани маблағ, пешниҳод намоянд.

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қаблан розӣ набуданд, ки маблағи ҷубронро пардозанд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки раҳбарияти ин ниҳод аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ният дорад аз болои он шикояти кассатсионӣ пешниҳод намояд.

Дар тобистони соли ҷорӣ Нӯъмон Мирзоев – падари Шаҳбол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду сол боз қарори додгоҳи низомиро дар бораи пардохти як миқдор ҷубронпулӣ барои муолиҷаи ин сарбоз иҷро намекунанд. Дар қарори Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе аз моҳи майи соли 2015 гуфта шуда буд, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунад.

Вале баъдан дар моҳи августи он сол Додгоҳи олӣ дар пайи шикояти намояндаи Додситонии ҳарбии Душанбе ин қарорро бекор кард. Рӯзи 22-юми ноябри соли 2016 Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дубора ин қазияро баррасӣ кард ва Сарраёсати нерӯҳои марзбониро муваззаф намуд, ки ба сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев ба миқдори ба маротиб баробар камтар – 37 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ пардохт кунад. Ин қарор он замон хонаводаи сарбозро қонеъ накард, вале бо ин вуҷуд ҳамин миқдор пул ҳам барои хонаводаи маъюб то ба ҳол дода нашуд.

Шаҳбол Мирзоев моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхидматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад. Барои латту кӯби Шаҳбол Мирзоев додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани оинномаи хидматӣ ба 1,5 соли корҳои иҷборӣ маҳкум кард. Вале баъди содир шудани қонуни афв, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Дар ин муддат Шаҳбол Мирзоев аввал дар бемористонҳои Тоҷикистон ва баъдан дар як бемористони Русия ҷарроҳӣ ва муолиҷа шуд. Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол мегӯяд, аз замони латту кӯб то кунун фарзандаш таҳти назорати пизишкон қарор дошта ва тамоми харҷи табобатро худаш додааст.

Шаҳбол Мирзоев яке аз сарбозонест, ки қурбонии бадрафторӣ дар артиш ё дедовшина шудааст. Дар давоми се соли гузашта Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва Эътилофи зидди шиканҷа аз марги 8 сарбоз дар артиш гузориш доданд, ки бархе аз онҳо қурбонии бадрафтории ҳамхизматон шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG