Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ бори аввал ба шикаст мувоҷеҳ шуд.
“Истиқлол” дар бозии марказии даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки 2-юми август дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури беш аз чаҳор ҳазор тамошобин доир гардид, аз тими мизбон – “Регар-ТадАЗ” – бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.
Голи ягонаро легионери африқоии мизбонон аз Камерун, ҳамлагар Мболло Мануэл Ҷозеф дар дақиқаи 27-ум ба самар расонд. Ин бохти аввалини “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббӣ Виталий Левченкодар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ ба шумор меравад.
“Регар-ТадАЗ” бошад, зери раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев пирӯзии ҳаштуми худро дар қаҳрамонии имсолаи Тоҷикистон ба даст овард.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ пас аз танаффуси қариб якмоҳа бо бозиҳои даври 13-ум аз сар гирифта шуд.
Ду бозии аввали даври 13-ум рӯзи ҷумъаи 31-уми июл барпо гардид. «Барқчӣ»-и Ҳисор бозиро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:1 ба поён расонд. «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар майдони худ аз тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.
Ду бозии дигари даври навбатӣ рӯзи шанбеи 1-уми август сурат гирифт. «Вахш»-и Бохтар дар майдони худ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозиро бо тими меҳмон - КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе – бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.
Дар бозии охирини даври 13-ум рӯзи якшанбеи 2-юми август «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 5:2 шикаст дод.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Ҳосилот” ва “Регар-ТадАЗ” бо 27-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои якуму дувум ҷойгир шудаанд. “Истиқлол” бо 25 имтиёз зинаи севумро касб кардааст.
Тимҳои “Сардор” бо 9 имтиёз ва “Истаравшан” бо 5 имтиёз дар зинаҳои охирини ҷадвал қарор доранд. Дарвоқеъ, “Истаравшан” ягона дастаест, ки то ҳоло шаҳди ғалабаро начашидааст.
Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа чаҳор бозигари дастаи “Ҳосилот” пешқадаманд. Салоҳиддин Эргашев ва Ҷозеф Акомади 6-голӣ, Патрик Рудолф ва Ҷулиос Анани 5-голӣ задаанд.
Равзанаи гузариши тобистона ё давраи бақайдгирии футболбозон дар Тоҷикистон аз 1-ум то 29-уми июл идома кард. Дар ин муддат бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон бозигарони навро барои иштирок дар нимаи дувуми мавсим ба ҳайати худ дохил намуданд.
Дар мусобиқоти имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра барпо мегардад, ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки имсол дар мусобиқоти лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2026 бозиҳои гузаришӣ барпо мекунад.
Даври 13-ум
31-уми июл (ҷумъа)
«Парвоз» – «Сардор» – 2:4, варзишгоҳи “Спартак”-и Хуҷанд
«Барқчӣ» – «Равшан» – 1:1, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
1-уми август (шанбе)
«Хуҷанд» – КМВА – 1:1, варзишгоҳи “Спартак”-и Хуҷанд
«Вахш» – «Эсхата» – 4:2, варзишгоҳи “Вахш”-и Бохтар
2-юми август (якшанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» – 1:0, варзишгоҳи “ТАЛКО Арена”-и шаҳри Турсунзода
«Ҳосилот» – «Истаравшан» – 5:2, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
| Ҷой | Дастаҳо | Бозӣ | Т/Т | Имтиёз |
| 1 | “Ҳосилот” | 13 | 28-13 | 27 |
| 2 | “Регар-ТадАЗ” | 12 | 16-7 | 27 |
| 3 | «Истиқлол» | 12 | 14-4 | 25 |
| 4 | КМВА | 12 | 15-13 | 20 |
| 5 | «Равшан» | 13 | 17-14 | 18 |
| 6 | «Барқчӣ» | 13 | 16-20 | 17 |
| 7 | «Вахш» | 13 | 19-18 | 17 |
| 8 | «Хуҷанд» | 13 | 12-11 | 17 |
| 9 | “Эсхата” | 13 | 16-27 | 14 |
| 10 | «Парвоз» | 13 | 12-21 | 12 |
| 11 | «Сардор» | 13 | 17-23 | 9 |
| 12 | «Истаравшан» | 11 | 11-22 | 5 |
Бозии мавқуфмондаи даври 10-ум
9-уми август (якшанбе)
“Истиқлол” – КМВА – 19:00 (Варзишгоҳи марказии Ҳисор)
Даври 14-ум
14-уми август (ҷумъа)
«Сардор» – «Ҳосилот»
«Эсхата» – «Барқчӣ»
15-уми август (шанбе)
«Истаравшан» – «Хуҷанд»
КМВА – «Вахш»
16-уми август (якшанбе)
«Равшан» – «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» – «Парвоз»
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026
1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
7, 8, 9-уми август
«Панҷшер» – «Эсхата» (бозии аввал - 1:3)
«Истаравшан» – «Сардор» (бозии аввал - 1:2)
«Парвоз» – «Равшан» (бозии аввал - 0:3)
«Хуҷанд» – «Вахш» (бозии аввал - 1:0)