Пайвандҳои дастрасӣ

Харобкори қабристони Бохтар 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд


Додгоҳи ноҳияи Бохтар Дилшод Давлатбекови 22-соларо дар шикастани 28 санги оромгоҳи деҳаи Хурсандӣ муҷрим шинохт ва ба пардохти ҷарима ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ маҳкум кард. Мақомот мегӯянд, Давлатбеков моҳи апрели имсол дар ин мавзеъ алафдаравӣ намуда, дар рӯзи аввал як санг ва фардои он 27 санги болои қабрро тахриб кардааст.

Яке аз фарзияҳое, ки мақомот онро таҳқиқ карданд, ангезаҳои динӣ доштани ин амал ва эҳтимоли зери таъсири ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ ва ё ифротӣ анҷом шудани он буд.

Ҳамакнун хонаводаи Дилшод Додарбеков ба фурӯхтани дороиҳо, аз ҷумла чорвои худ оғоз кардаанд, то ҷаримаи додгоҳро пардохт кунанд. Сайдраҳмон Давлатзода, раиси додгоҳи ноҳияи Бохтар 1-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилшод Додарбеков аз кардааш пушаймон шудааст.

Ӯ гуфт, "бо моддаи 243, қисми 1, яъне таҳқири ҷасади фавтидагон ё несту нобуд ва ё вайрон намудани онҳо ҷазои ҷарима таъин шуд. Ҳукм то ҳол қувваи қонунӣ нагирифтааст. Ҳамзамон тибқи хулосаи табибон, Дилшод Додарбеков аслан бемор нест".

Ин дар ҳолест, ки ҳангоми боздошти Дилшод Давлатбеков, мақомоти ноҳияи Бохтар гуфта буданд, вай мубтало ба бемории равонӣ аст. Дилшод Додарбеков, ки ба хотири пардохти ҷаримаи додгоҳ ба мардикорӣ ба боғе дар ноҳияи Данғара рафтааст, аз сӯҳбати телефонӣ дар ин бора худдорӣ кард.

Чинигул Давлатбекова, модари Дилшод Давлатбеков дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ маблағи ҷарима нисбат ба писарашро зиёд донист, вале ҳамзамон гуфт, онҳо ба ин манзур дороиҳо, аз ҷумла гову гӯсфандашонро фурӯхта ва аллакай 8 ҳазори ҷаримаро пардохт кардаанд. "Гову гӯсфандамонро фурӯхтем. Писари калониям говашро низ фурӯхта, ба мо кӯмак кард. Оҳиста-оҳиста ҷаримаро медиҳем. Ҳарчанд зиёд аст. Шавҳарам маъюб мебошад, худи писарам ҷойи кор надошт", - афзуд ӯ.

Ин зан мегӯяд, чун писараш ба нигоҳубини чорво дар назди қабристони деҳа машғул буд, зимни бозпурсии додситонҳо ва ҳам дар мурофиаи додгоҳӣ иқрор кардааст, ки сангҳои болои оромгоҳро ӯ шикаст ва аз кардааш пушаймон аст: "Писарам чорводорӣ мекард. Говашро онҷо мечаронд. Он рӯз ман намедонистам, ки чӣ кор кардааст, вале худаш гуноҳашро бар дӯш гирифт. Гуфт, ки ӯ сангҳои мазорро шикастааст. Ҳоло барои ҷаримаро супурдан коркунӣ рафтааст".

Ҳодиса баъди он маълум шуд, ки сокинони деҳа рӯзи 21 апрели имсол ба мақомот дар бораи шикаставу хароб шудани сангҳои мазори қабристон хабар доданд. Ба дунбол, пулиси ноҳияи Бохтар ва ҳам мақомоти дигари маҳаллӣ ба таҳқиқи ҳодисаи тахриб шудани санги мазорҳо оғоз карданд ва даҳҳо нафар, хусусан ҷавононро мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Ин ҳодиса, ки аз назари мақомоти маҳаллӣ камсобиқа барои ҷануби Тоҷикистон буд, суолҳоеро дар заминаи ангезаҳои ин ҳодиса, аз ҷумла, эҳтимоли даст доштани афроди ҷиноятпеша ва ё гурӯҳҳои мазҳабиро ба бор овард.

Он замон гуфта шуд, ки ба эҳтимоли ғолиб табаҳкорон ба хотири истифодаи маҳсулоти фулузӣ, симу арматура ва ҳам сангу хишти қабрҳо дар сохтмони манзилу ҳавлиҳои худ ба ин кор даст мезананд.

Яке аз фарзияҳое, ки мақомот онро таҳқиқ карданд, ангезаҳои динӣ доштани ин амал ва эҳтимоли зери таъсири ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ ва ё ифротӣ анҷом шудани он буд. Сокинони маҳаллӣ он замон гуфтанд, ки мақомот дар амри тафтиши ҳодиса намунаҳои сангҳои порашударо барои ташхис бо худ бурдаанд ва беш аз 30 ҷавони деҳаро низ мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Дар миёни онҳое, ки барои сӯҳбату бозпурсӣ даъват шуданд, инчунин ҷавонҳое ҳам буданд, ки таҷрибаи муҳоҷирату кор дар Русияро доштаанд. Дар деҳаи Хурсандӣ-2, ки дар канори шоҳроҳи марказии ноҳияҳои Бохтару Вахш ва шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дорад, асосан тоҷикону узбактаборҳо зиндагӣ мекунанд.

Зимнан, ҳодисаи шикаста шудани санги болои қабрҳо дар вилояти Хатлон камсобиқа мебошад. Дар як ҳодисаи ноябри соли 2015 дар як қабристони ноҳияи Фархор ҷамъияти кӯчаки русҳо дар Фархор, ҷануби Тоҷикистон аз тахриби сангу салибҳои беш аз 3 ҳазор гӯри наздиконашон дар ин ноҳия хабар доданд. Он замон гуфта шуд, ки ба эҳтимоли ғолиб табаҳкорон ба хотири истифодаи маҳсулоти фулӯзӣ, симу арматура ва ҳам сангу хишти қабрҳо дар сохтмони манзилу ҳавлиҳои худ ба ин кор даст мезананд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG