Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bloomberg: Русия донишҷӯёни африқоиро ба ҷанги Украина мебарад


Мақомоти Русия донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла, зодагони кишварҳои Африқоро ба ҷанги зидди Украина ҷалб мекунанд.

Хабаргузории "Bloomberg" бо истинод ба мақомҳои расмии кишварҳои аврупоӣ иттилоъ дод, ки аллакай "ҳазорҳо" муҳоҷир ва донишҷӯйи кишварҳои севум ба ҷанги зидди Украина ҷалб шудаанд. Номи манбаъҳо ошкор намешавад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ, мақомоти Русия дар сурати розӣ нашудани донишҷӯён барои бастани қарордод бо Вазорати дифои он кишвар таҳдид мекунанд, ки визаи онҳоро тамдид нахоҳанд кард.

Хабаргузорӣ бо такя ба мақомоти истихбороти Украина навиштааст, ки Русия ҷалби зархаридонро ба ҷанги зидди Украина дар 21 давлат, бо шумули чанд кишвари африқоӣ ба роҳ мондааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки аз зиндонҳои Русия маҳбусони африқоиро ба ширкати хусусии "Вагнер" ҷалб мекунад.

XS
SM
MD
LG