Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек кушиши худкушии рӯзноманигор Капаровро шарҳ дод


Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон номаи рӯзноманигор Актилек Капаровро ба расонаҳо, ки дар он гуфта буд, дар эътироз ба ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ шуданаш дар боздоштгоҳ раги дасташро буридааст, шарҳ дод.

Ба иттилои хадамот, Капаров пеш аз ворид шудан ба толори додгоҳ раги дасти худро бо қалам буридааст.

"Гумонбар ҳини суҳбат гуфт, ки 28 майи имсол пеш аз воридшавӣ ба толори додгоҳ раги дусти худро бо қалам сурох кард. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки аз нигаҳбонони зиндон ва шароити нигаҳдорияш шикоят надорад. Вай аз навиштани баёнот ва гузаштан аз санҷиши тиббӣ худдорӣ кард. Кормандони зиндон санади лозимиро дар ин замина тартиб доданд", - омадааст дар иттилоияи хадамот.

Актилек Капаров, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Бишкек нигаҳдорӣ мешавад, дар номае ба расонаҳо гуфт, 5 моҳ мешавад ӯро ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд ва дар ин муддат боре ӯро барои гузаронидани чораҳои тафтишотӣ даъват накардаанд.

Ба гуфтаи Капаров, зидди ӯ барои нашри як видео дар саҳифаҳои тарҳи "Temirov LIVE" ва "Айт, Айт десе" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳоле ки вай аз соли гузашта ба ин сӯ дар ин расонаҳо кор намекунад.

Рӯзноманигори боздоштшуда ҳамчунин афзуда, ки дар эътироз ба ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ шуданаш дар боздоштгоҳ раги дасти худро буридааст.

Актилек Капаров яке аз 11 рӯзноманигоре аст, ки Додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон 17 январи имсол онҳоро ба ҳабс гирифт.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG