Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билл Гейтс бо $80 млрд бойтарин фарди дунё эълон шуд


Бар пояи гузориши Блумберг - як расонаи мӯътабари иқтисодии амрикоӣ, Билл Гейтс, бунёдгузори ширкати Майкрасофт, дар соли 2013 ба мақоми сарватмандтарин марди ҷаҳон даст ёфт.

Билл Гейтс дар соли гузаштаи мелодӣ, ки танҳо чанд рӯзе аз поёни он мегузарад, тавонистааст бо афзудани наздик ба 16 миллиард доллар, ба сарвати афсонавии худ дар соли гузашта, онро наздик ба 80 миллиард доллар бирасонад. Ҳамон тавр, ки дар гузориши хабаргузории Блумберг омадааст, сарватмандтарин афрод дар дунё дар соли 2013 тавонистаанд дар маҷмӯъ беш аз 500 миллиард доллар ё ба таври дақиқ 524 миллиард доллар ба дороии худ биафзоянд.

Ба гузориши Блумберг, Билл Гейтс қисми зиёди даромади худ дар соли гузаштаро аз афзоиши 40 дарсадии баҳои саҳмияҳои Майкрасофт ба даст овардааст. Билл Гейтс бо ҳамроҳии ҳамсараш фаъолиятҳои густурдаи хайриявӣ дар Амрико ва Африқо ҳам доранд ва дар моҳи майи соли гузашта тавонист унвони сарватмандтарин марди ҷаҳонро аз як мексикӣ бигирад. Карлос Слим, ки соҳиби бузургтарин шабаки мухобиротӣ дар Мексика аст, акнун мақоми дувуми сарватмандтарин марди ҷаҳонро дар ихтиёр дорад.

Блумберг гузориш додааст, ки пас аз Билл Гейтс дуввумин касе, ки дар соли 2013 беш аз ҳама тавонист ба сарвати худ биафзояд ва дар феҳристи даҳ миллиардери дунё қарор бигирад, Шелдон Аделсон, соҳиби казиноҳои занҷираии Las Vegas Sands Corp мебошад. Шелдон Аделсон, ки аз дӯстони наздики Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аст ва дар интихоботи гузаштаи Амрико аз Митт Ромнӣ, номзади ҷумҳурихоҳ ҳимоят кард, дар соли 2013 дороии ӯ чаҳордаҳу ним миллиард доллар бештар шудааст. Бо ин ҳол Шелдон Аделсон дар феҳристи даҳ миллиардери аввали дунё бо 37,5 миллиард доллар дар мақоми даҳум қарор дорад.

Амансио Ортего дар феҳристи даҳ миллиардери аввали дунё мақоми савум ва Варрен Буффет мақоми чаҳорумро дорад. Дороии Алишер Усмонов 20,2 миллиард доллар ва аз шоҳзода Валид бин Талол аз Арабистони Саудӣ 32,4 миллиард долларро ташкил медиҳанд.

Он тавр, ки дар гузориши Блумберг омадааст, аз 300 миллиардери аввали дунё танҳо 70 нафар дар соли 2013 дар фаъолиятҳои иқтисодии худ зарар дида ва боқӣ ҳама фоида ба даст оварда ва сарвати худро бештар кардаанд. Дар соли 2013 беш аз 100 миллиардер низ ба ҷамъи миллиардерҳои дунё изофа шудааст.
XS
SM
MD
LG