Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2256 асар дар ситоиши Эмомалӣ Раҳмон


Дар нашриёти “Эр-граф”-и Душанбе китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” ба чоп расид, ки 2256 асари дар бораи президенти Тоҷикистон таълифшударо гирд овардааст.

Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ”, ки ахиран дар нашриёти “Эр-граф”-и Душанбе ба чоп расид, номгӯи 2256 асари насриву назмӣ ва публитистӣ дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистонро фаро мегирад. Ин асарҳоест, ки аз соли 1994 ба ин сӯ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон нашр шудаанд. Мураттиби ин китобнома муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода мебошад.

Шариф Комилзода рӯзи 5 апрел дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин алакай дувумин китобномаи ӯ дар бораи президенти Тоҷикистон аст. Аммо ба фарқ аз китоби “Эмомалӣ Раҳмон. Китобномаи шарҳиҳолӣ”, ки 5215 номгӯи матлабҳову китобҳои нашршуда дар бораи президенти Тоҷикистон ва асарҳои навиштаи худи ӯро ҳам дар бар мегирифт, дар китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” танҳо адабиёте шомил шудааст, ки марбут ба жанрҳои адабианд.

Ш.Комилзода: Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” бо теъдоди 250 нусха чоп шуд ва 2256 номгӯи осори назмӣ ва насрии адибон ва олимони кишварро дар ситоиши Пешвои миллат инъикос мекунад.

Озодӣ: Ин китоби библиографист ва танҳо номгӯи адабиёти нашршуда дар бораи президентро дар бар мегирад?

Шариф Комилзода
Шариф Комилзода

Ш.Комилзода: Номгӯи асарҳо оварда шудаанд, вале дар мақолаи муқаддамавии китоб академик Абдуҷаббор Раҳмонзода адабиёти дар бораи президент таълифшуда таҳлил шудаанд. Дар ин мақола баррасии мушаххас дода шудааст, ки дар ин асарҳои нависандагон симои Пешвои миллат чӣ тавр кушода дода шудааст. Бақияи китоб рӯйхати ҳамаи он шеъру суруд, мақолаҳои публитсистӣ, эссе, ва дигар анвои адабиёти бадеӣ дар васфи Пешвои миллатро фаро мегирад. Ҳар чизе ки дар ин солҳо дар бораи Ҷаноби олӣ навишта шудааст, қисса аст, мисол, хотироти адибон аз сафарҳояшон ҳамроҳи президент. Умуман, ҳам насру ҳам назму ҳам публитсистика. Мақолаҳое ки характери сиёсӣ доранд, ба ин китобнома шомил нашудаанд, фақат асарҳое, ки ба жанрҳои адабӣ мансубанд. Маҷмӯаи шеърҳое, ки пурра ба Ҷаноби олӣ бахшида шудаанд ва китобҳо дар васфи ӯ низ ба таври алоҳида ба ин номгӯ ворид карда шудаанд.

Озодӣ: Мисли маҷмӯаҳои “Эъҷози Раҳмон”-у “Пешво”?

Ш.Комилзода: Бале, “Эъҷози Раҳмон” аст, ки соли 2011 дар нашриёти “Ирфон” дар 372 саҳифа чоп шуду беш аз 200 шеър дар васфи раисиҷумҳурро дар бар мегирад. Ё маҷмӯи “Пешво”, ки моҳи декабр ба чоп расид ва пурра аз шеърҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмон иборат аст. Ҳамин тавр, маҷмӯаи “Бахтоварин” низ беш аз 200 шеър дар ситоиши Пешвои миллат дорад ва мо онро ҳам дар китобномаамон дохил кардаем.

Озодӣ: Ин шеърҳо дар бораи президент чӣ аҳамияте доранд?

Ш.Комилзода: Ин ашъор муҳаббат ва садоқати шоирони моро ба раисиҷумҳур нишон медиҳанд ва бисёрии онҳо ҳангоми пешвозгирии Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳо аз сӯи мактаббачагон қироат мешаванд. Ҳамин тавр, ҳунармандон ба ин шеърҳо оҳанг мебанданд ва аз телевизиону радио месароянд.

Озодӣ: Шумо ҷамъоварии адабиёти нашршуда дар бораи президентро идома медиҳед?

Ш.Комилзода: Ин нашри якум аст ва як ё ду сол баъд, Худо хоҳад, нашри дувумашро ҳам тайёр мекунем. Нашри дувумаш ҳатман васеътар мешавад, барои он ки рӯз то рӯз адабиёт доир ба ин масъала зиёд шуда истодааст. Ҳар қадар адабиёти зиёд чоп шавад, библиографияаш низ метавонад рушд кунад.

Озодӣ: Аммо бархе мегӯянд, ки чопи чунин китобҳои тавсифӣ бӯи шахспарастӣ мекунад. Ба назари Шумо, Эмомалӣ Раҳмон сазовори ин ситоишҳо ҳаст?

Ш.Комилзода: Бале, сад дарсад. Аксари ин асарҳо характери тарбиявӣ доранд ва насли наврасро худшиносиву худогоҳӣ тарбия мекунанд.

Озодӣ: Дар бора шеърҳое, ки дар васфи Эмомалӣ Раҳмон таълиф шудаанд, ба мисли шеъри Бозор Собир, ё шеърҳои Хайрандеш, азбаски ба онҳо оҳанг ҳам мебанданду аз телевизион ҳам мехонанд, мардум то ҷое огоҳӣ доранд. Аммо оё Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони жанрҳои насрӣ, барои мисол, қаҳрамони роману повестҳо ҳам шудааст? Мешавад чанд мисол биоред, чун мардум аз ин асарҳо ошноии камтар доранд?

"Корномаи Эмомалӣ Раҳмон" ба забони беларусӣ
"Корномаи Эмомалӣ Раҳмон" ба забони беларусӣ

Ш.Комилзода: Барои мисол, китоби “Рӯ ба офтоб”-и Кароматулло Мирзоев ва Саидмурод Фаттоев. Асари бадеӣ-публитсистии Н.Табаров бо номи “Ҷаҳон тан асту Тоҷикистон ҷон”, ки дар соли 2001 ҳатто дар Маскав чоп шуда буд. Ҳамин тавр, асари В.Сухомлинов ва Г.Шалаев бо номи “Роҳ ба сӯи созиш. Қиссаҳо аз ҳаёти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.” Боз маҷмӯаи мақолаҳои адабиву публитсистии Қурбон Восеъ аст – “Аз Қасри Арбоб то Кохи Ваҳдат.” Ё асари Султон Мирзошоев ва Шодон Ҳаниф “Меъмори ваҳдат”. Асари Н.Тоштемировро дорем бо номи “Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории президент Эмомалӣ Раҳмон” ва ҳам аз Юсуф Акбарзодаро бо номи “Ҷъонфишонӣ дар раҳи сулҳу ваҳдат”. Ё Н.Абдуллозода дар бораи сифатҳои инсониву раҳбарии президент асаре навиштааст таҳти унвони “Тоҷдори сари тоҷик.” Маҷмӯаи публитсисстии И.Атавулоев ва Б.Саидалиев ҳам ҳаст бо номи “Фотеҳи қуллаи ормон.” Ва ҳам қиссаи ҳуҷҷативу бадеии Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин аст - “Корномаи Эмомалӣ Раҳмон”, ки алакай ба 6 забон тарҷума шудааст.

XS
SM
MD
LG