Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Данғара калонтарин корхонаи нассоҷии Осиёи Миёна бунёд мешавад


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони бузургтарин корхонаи нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшид, ки бо 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон 19 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси тарҳи муштараки Тоҷикистону Чин, дар ноҳияи Данғара ба сохтмони як корхонаи бузурги нассоҷӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида шуд. Дар маросими оғози сохтмони ин маҷмааи нассоҷӣ, сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун, муовини роҳбари ноҳияи мухтори Синзянуйғури Чин Хан Йонг ва намояндани ширкати Ҷун Тай, ҳузур доштаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар марҳилаи аввал ё худ дар корхонаи ресандагии ин корхона то моҳи октябри соли 2015 ба кор андохта шуда, 600 нафар ба кор фаро гирифта мешаванд. Барои таъмини ин корхонаи нассоҷӣ бо мутахассисон, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии технологии Тоҷикистон ва 2 донишгоҳи Русия 640 ҷавони тоҷик бо ихтисосҳои нассоҷӣ ва дигар бахшҳои агросаноатӣ таҳсил доранд, ки 520 нафари онҳо сокинони вилояти Хатлон будаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи сохтмони ин корхона гуфтааст, корхонаи мазкур бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ба кор андохта мешавад. Дар марҳилаи аввали ба корандохтани он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркард қарор хоҳад гирифт.

Оқои Раҳмон сабаби дар Данғара сохтани ин корхонаи бузургро шарҳ дода гуфтааст, ки “иқлими мусоиди ин минтақа барои истеҳсоли навъҳои пахтаи дорои нахи дароз ва заминҳои корами ин ноҳия созгор мебошад."

Дар доираи татбиқи тарҳи мазкур беш дар 15 ҳазор ҳектор заминҳои камоб ва нав обёришавандаи 5 ноҳияи вилояти Хатлон кишти пахта ба роҳ монда шуда, боз қариб 15 ҳазор нафар бо кор ҷалб хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки дар баҳори соли 2015 дар 5800 ҳектор замин пахта кишт шавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, тарҳи сохтмони ин корхона нишон медиҳад, ки дар чаҳор марҳила дар ин ҷо корхонаи ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, ҳудуди 6 ҳазор сокинони кишвар ба ҷои кор ҷалб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG