Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон


Имрӯз, 9-уми июл моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Шаби душанбеи 8-уми июл дар ҳама масоҷиди Тоҷикистон нахустин намози таровеҳ бо ҳузури ҳазорҳо тан аз мусалмонони кишвар баргузор шуд ва субҳи имрӯз, сешанбеи 9-уми июл мардум рӯза доштанд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қаблан оғози моҳи шарифи Рамазонро ҷумъаи 9-уми июл эълом карда буд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои исломӣ чун Қатар, Миср, Арабистони Саудӣ, Лунбон, Яман, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Судон, Урдун, Либия, Тунис, Мағриб, Ироқ, Алҷазоир, Эрон, Малайзия ва Индонезия эълон кардаанд, ки рӯзи чаҳоршанбе оғози моҳи мубораки Рамазон мебошад.

Кишварҳои Сингапур, Брунай ва Австралия низ рӯзи чаҳоршанберо аввали моҳи мубораки Рамазон эълон карданд, дар ҳоле, ки мусалмонони Фаронса ва Русия рӯзи сешанбе ба рӯзадорӣ шуруъ мекунанд.

Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Тибқи тасмими Шӯрои уламои дини Тоҷикистон, рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон саҳархӯрак соати 3:18 дақиқа ва ифтор ё шом 20.00 муқаррар шудааст. Ҳамчунин бар асоси тасмими Шӯрои уламо, андозаи садақаи Фитр баробар ба ду кило гандум, яъне 3 сомонӣ таъин гардида ва ҳамчунин аз 14 ҳазор сомонӣ 350 сомонӣ закот муайян шудааст.

Шӯрои уламо ба кӯтоҳ хонда шудани намози таровеҳ ва хатми Қуръон дар шабҳои рамазонӣ таъкид кардааст. Сабаби ин амр гармии ҳаво ва хаста шудани мардум унвон шудааст. Ин ниҳод аз мардум даъват кардааст, ки ифторро низ бо "ҳадду ҳудуд" -и муайян барпо кунанд, то боиси нороҳатии мардуми нодор нашавад
XS
SM
MD
LG