Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, ки Путин бо Украина қаноат нахоҳад кард


Ҷо Байден (чап) ва Эммануэл Макрон (рост). Фаронса, 8-уми июни 2024
Ҷо Байден (чап) ва Эммануэл Макрон (рост). Фаронса, 8-уми июни 2024

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 8-уми июн дар Порис (Париж) бори дигар "пуштибонии қавии" худу кишварашро аз Украина барои мубориза бо ҳамлаи бедалели Русия баён дошт.

Ҷо Байден ҳамзамон ҳушдор дод, ки Русия дар сурати комёбӣ дар Украина таҷовузи худро бас нахоҳад кард.

Байден дар ҳоле ки дар канори Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, истода буд, гуфт: "Қарор нест, ки Владимир Путин дар Украина биистад, ҳамаи Аврупо таҳдид хоҳад шуд ва мо иҷоза нахоҳем дод, ки ин иттифоқ биуфтад."

Президенти Амрико, ки аз 5-уми июн дар Фаронса аст, мавриди истиқболи бошукӯҳ қарор гирифт.

Ӯ рӯзи шашуми июн дар маросими ҳаштодумин солгарди набарди Нормандӣ ширкат кард ва рӯзи баъд аз он бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, мулоқот дошт.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки президенти Амрико бастаи нави кумакҳоро ба арзиши 225 миллион доллар ба Украина эълом кардааст.

XS
SM
MD
LG