Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу аз бемористон мураххас шуд ва филм меофарад (Видео)


Барзу Абдураззоқов (Акс аз соли 2011)
Барзу Абдураззоқов (Акс аз соли 2011)

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик, гуфт, то чанд рӯзи дигар ба Душанбе омада ба кори худ идома хоҳад дод.

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик, рӯзи 13-уми ноябр, пас мураххасӣ аз бемористоне дар Маскав, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло вазъи саломатиаш беҳтар гашта, 50 дарсади биноиш барқарор шудааст.

Ин коргардони тоҷик рӯзи 9-уми октябр зимни убур аз хиёбони Рӯдакӣ ба тарафи Театри опера ва балет ба як худрави тамғаи "Мерседес-Бенз" бархӯрд, ки бо сараш ба замин афтод. Ба дунболи ин ҳодиса, коргардони тоҷик аз вазъи биноияш шикоят дошт ва барои муолиҷа ба Русия рафт ва дар дар бемористони ба номи Гелмголтсии шаҳри Маскав таҳти муоина ва табобати пизишкон қарор гирифт.

Навори сӯҳбати мо бо Барзу Абдураззоқов дар ин ҷост:



Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар таърихи 2-юми ноябр аз сафорати Русия дар Душанбе дархост карда буд, барои муолиҷаи Барзу Абдураззоқов, кӯмак кунад, зеро барои ҷарроҳию муолиҷаи ӯ маблағи зиёде лозим меояд. Ҳамчунин, гурӯҳе дар шабакаи Фейсбук барои муолиҷаи Барзу Абдураззоқов кӯмак ҷамъоварӣ ва барои ӯ ба Русия интиқол доданд.

Барзу Абдураззоқов дар ин гуфтугӯи видоеияш ба ҳамаи онҳое, ки дар ин муддат аз ҳоли ӯ пурсида ва барояш кӯмак кардаанд, изҳори сипос намуд. Ӯ гуфт, чанд рӯзи дигар таҳти муроқибати пизишкон дар Маскав монда, сипас ба Душанбе бозмегардад.

Ин коргардони маъруфи тоҷик мегӯяд, вақте ба Душанбе меояд, аз пайи филмбардорӣ хоҳад шуд. "Ҳоло барои ин кор азмам қатъист",-гуфт ӯ. Инчунин Барзу Абдураззоқов гуфт, дар бораи аҳли тасаввуф ҳам як намоишномаи театрӣ хоҳад навишт, ки мехоҳад он дар саҳнаи театри Камоли Хуҷандӣ гузошта шавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG