Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маоши 80 фоизи коргарони раёсати фурӯши барқро додем"


Мақомоти идораи фурӯши барқи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” вуҷуди мушкил дар пардохти маоши кормандони ин идораро тасдиқ кард, вале гуфт, ба рафъи ин мушкил шурӯъ кардаанд.

Мақомоти идораи фурӯши барқи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” вуҷуди мушкил дар пардохти маоши кормандони ин идораро тасдиқ кард, вале гуфт, ба рафъи ин мушкил шурӯъ кардаанд.

Як хонандаи Радиои Озодӣ, ки худро “Абдуллоҳи Тоҷик” ва корманди раёсати фурӯши барқи ширкати "Барқи Тоҷик" муаррифӣ кардааст, бо ирсоли номае ба Озодӣ аз пардохт нашудани маоши се моҳи охири кормандони ин муассиса шикоят кардааст. Муаллиф менависад, “муддати 3 моҳ мешавад, ки Амонулло Саъдуллоев сардори раёсати фурӯши барқи "Барқи Тоҷик" таъин шудааст ва дар ин муддати се моҳ кормандони "Энергосбыт" маоши худро нагирифтаанд. Дар тамоми ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар дар ин система кор мекунанд ва касе ҷуръат намекунад, ба ӯ гӯяд, ки маоши кормандонро пардохт намояд.”

Амонуллоҳ Саъдуллоев – додарзани раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва бародари раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Саъдуллоев - се моҳ пеш дар пайи ба раёсати алоҳида шудани "Энергосбит" раҳбари ин идора таъйин шуд.

Ба иддаои “Абдуллоҳи Тоҷик”, мушкили маоши кормандони ин раёсат дар ҳолест, ки, ба навиштаи ӯ, дар бахшҳои дигари ширкати “Барқи Тоҷик” маоши кормандонро сари вақт пардохт мекунанд.

Алихон Шарифов, сармуҳандиси раёсати фурӯши барқи ширкати "Барқи Тоҷик" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъхир дар пардохти маоши кормандони ин муассисаро тасдиқ кард, аммо гуфт, "бо ин вуҷуд пардохти маошро шурӯъ кардем ва то имрӯз 80 дарсади кормандон дар тамоми кишвар маоши худро гирифтанд."

Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, танҳо як ё ду муассисаи зертобеъи онҳо боқӣ мондааст, ки кормандони онҳо низ дар рӯзҳои наздик бо маош таъмин карда мешаванд. Ин мақоми раёсати фурӯши барқи ширкати "Барқи Тоҷик" сабабҳои муддати се моҳи ахир пардохт нашудани маоши кормандони ин идораро ба далоили мухталиф марбут кард, вале гуфт, сабаби асосӣ ҷамъоварӣ нашудани пули барқ аст.

Алихон Шарифов мегӯяд, раёсати фурӯши барқ ҳамчун идораи алоҳида дар ҳайъати барои он ташкил шуд, ки мушкилоти марбут ба хариду фурӯши барқ дар кишвар танзим шавад. Ба ин хотир, ҷаноби Шарифов меафзояд, ҳамакнун ин идора талош дорад, то мушкилоти марбут ба пардохти маблағҳои истифода аз нерӯи барқ барои сокинон ва корхонаҷот ҳалли худро пайдо кунад ва мушкиле дар фаъолияти кормандони идораи фурӯши барқ, ба хусус дар заминаи дарёфти маош, пеш наояд.

Ба иттилоъи оқои Шарифов, дар саросари Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар дар раёсати фурӯши барқ фаъолият мекунанд.

Шикояти як тан аз кормандони "Барқи Тоҷик" аз пардохт нашудани маоши кормандони раёсати фурӯши барқ дар ҳолест, ки қаблан ин ширкат қарзи маоши кормандонашро 32 миллион сомонӣ, муодили 6, 5 миллион доллар гуфта буд .

Ҳатто ҳангоме ки Абдулло Ёров, раиси пешини ширкати "Барқи Тоҷик" аз мақомаш барканор шуд, як масъули вазорати шуғли аҳолӣ сабаби барканории ӯро ба пардохт нашудани маоши кормандони ширкат марбут дониста буд. Аммо баъдан Абдулло Қурбонов, муовини раиси “Барқи Тоҷик” рӯзи 29 июл дар нишасти хабарии ин ширкат гуфт, ки Ёров ҳанӯз як сол пеш ба иллати вазъи сиҳҳатиаш ариза дода буд, ки аз кор меравад.

Абдулло Ёров моҳи июл аз раёсати ширкати "Барқи Тоҷик" барканор гардида, ба ҷои ӯ Аслӣ Назаров, ки то ин замон раиси шабакаҳои барқи навоҳии тобеъи марказ буд, таъйин шуд. Он замон эълон шуд, ки қарзи ширкати "Барқи Тоҷик" танҳо аз нирӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба 468 миллион сомонӣ, ё қариб ба 100 миллион доллар расидааст.

Мақомоти ширкат пардохт нашудани пули барқ аз сӯи корхонаҳо ва аҳолиро иллати чунин ҳол мехонанд ва мегӯянд, як далели таъсиси раёсати алоҳидаи фурӯши барқ дар чорчӯби ислоҳоти сохтории “барқи Тоҷик” низ беҳтар кардани мизони ҷамъоварии пули нирӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG