Дарахтони 329 гектар замин барои сохтмони корхонаи истеҳсоли мошинҳои барқии "Tesla", батарея ва аккумулятор нобуд карда шудаанд.
Корхонаи азим дар соли 2022 таъсис ёфта, ду сол баъд мақомоти Олмон барои ду баробар афзоиш додани истеҳсолот ва тавлиди то як миллион мошин дар сол иҷоза доданд, ки фаъолияти корхона тавсеа ёбад.
Фаъолони муҳитзистӣ ба зидди ин тасмим садо баланд мекунанд. Ба бовари онҳо, ширкати амрикоӣ ба муҳити зист дар Олмон зарар мерасонад.
Онҳо дар моҳи март як василаи барқрасониро ба корхона оташ зада, сабаби чанд рӯз аз кор мондани ширкат шуданд. Моҳи май талош карданд, ба корхона ҳуҷум кунанд. Ширкати "Tesla" ба нашрияи The Guardian вазъро шарҳ надодааст.