Барои авввлин бор дар таърихи 50-сола лӯхтаки Барбӣ ба инсони воқеӣ монанд шудааст. Акнун ҷойи Барбии мӯрчамиёнро лӯхтакҳои гуногуншакл: қоматбаланду паст, чоқу нозук ва намояндагони нажодҳои мухталиф хоҳанд гирифт. Аснои таҳияи Барбии нав масъулони ширкати амрикоии Mattel дархостҳои волидон ва ҳомиёни ҳуқуқи занонро мадди назар гирифтаанд.
Солҳои зиёд волидон аз он шикоят мекарданд, ки тани Барби бо пойҳои фавқулода дароз ва миёни фавқулода нозук воқеӣ набуда, дар зеҳни духтарони хурдсол эҳсоси номукаммал будани танашонро бедор мекунад. Барбии нав 7 ранги пӯст, 22 шаклу ранги чашм ва 24 тарзи ороиши муй хоҳад дошт.