Барак Обама рӯзи чоршанбе, 23-юми феврал, дар паёми кӯтоҳе гуфт, масъулияти ин мавориди нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи нерӯҳои амниятӣ бояд бар мақомоти Либия вогузор шавад.
Ин изҳороти Обама дар ҳолест, ки бо гузашти 9 рӯз аз оғози эътирозҳо дасти назорати раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ бар ин кишвари арабии шимоли Африқо зоҳиран заифтар шуда, эътирозгарон бахшҳои бузурге аз Либияро зери назорати худ мегиранд.
МАВЗӮИ ЭЪМОЛИ ТАҲРИМОТ
Аммо Қаззофӣ дар пойтахт, Троблус, побарҷост ва ба хунрезиҳои бештар таҳдид мекунад. Бо ин ҳол, дар Ғарб масъалаи эъмоли таҳримот алайҳи режими ӯро матраҳ мекунанд.
Эътирозҳои зиддидавлатӣ ба саросари Либия - аз марзҳои шарқиаш бо Миср то ба марзҳои ғарбиаш бо Тунис густариш ёфта, аломатҳои дар вартаи фурӯпошӣ қарор гирифтани режими Қаззофӣ торафт маълумтар мешавад.
Аз қисматҳои ғарбии Либия ба далели манъи вуруди хабарнигорони хориҷӣ ҳамчунон гузоришҳои зиддунақиз ба даст меояд. Вале хабарнигороне, ки дирӯз аз марзи Миср дар шарқи Либия вориди шаҳрҳои Тобруку Бенғозӣ ва Аҷзабия шуданд, таҳти назорати эътирозгарон омадани ин бахши Либияро таъйид карда, мегӯянд, дар ин шаҳрҳо парчамҳои сурху сиёҳу сабзи замони подшоҳиро, ки Муаммар Қаззофӣ дар соли 1969 суқуташ дода буд, барафроштаанд.
Тазоҳургарон касби назорат бар Тобрук дар пайи се рӯзи рӯёрӯиҳо бо нерӯҳои амниятиро бо як шӯру шавқ таҷлил мекарданд. Нерӯҳои зиддидавлатӣ акнун иддао доранд, ки Мисурата, бузургтарин шаҳри қисмати ғарбии Либияро, ки дар 225-километрии Троблус воқеъ аст, низ ба даст овардаанд.
ТО ЛАҲЗАИ ОХИРИН
Ин пешрафтҳо алорағми суханронии пурхашми ду рӯз пеши Қаззофист, ки ӯ дар он ҳар навъ эҳтимоли истеъфояшро рад карда, гуфт, “то охирин қатраи хуни худ хоҳад ҷангид.”
Садои тирандозӣ дирӯз дар пойтахти Либия низ шунида мешуд. Дар кӯчаҳои Троблус ҳузури нерӯҳои тарафдори Қаззофӣ, ки аз сӯи зархаридони хориҷӣ ҳимоят мешаванд, афзоиш ёфтааст. Бисёре аз сокинони пойтахт аз тарси тиркушоии тарафдорони Қаззофӣ худро даруни хонаҳо ва масоҷид гирифтаанд. Онҳо мегӯянд, зархаридони хориҷие, ки аз режими Қаззофӣ дифоъ мекунанд, сиёҳпӯстони африқоие ҳастанд, ки ба фаронсавӣ сӯҳбат мекунанд.
Ин ҳадсу гумонҳо дар мавриди аз кишвари Чад будани аксари ин зархаридонро доман задааст. Ба навиштаи “The New York Times”, садҳо нерӯи изофӣ ба хотири ҳифзи назорати пойтахт ба Троблус эъзом шудаанд.
Сомонаи интернетии “Қурина” навишт, ки артиши Либия “як нерӯи бузург”-ро ба Сабрата, 80-километрии ғарби Троблус партофтааст. Эътирозгарон дар ин минтақа қаблан бахши аъзами идороти амниятиро тахриб карда буданд.
ЛИБИЯ Ё "ҲАВЗИ ХУН"
Режими Қаззофӣ эътироф кард, ки то кунун дар эътирозҳо дастикам 300 нафар кушта шудаанд.
Аммо Федератсиюни байналмилалии ҳуқуқи башар дар бораи ҳалокати беш аз 600 нафар дар Либия сӯҳбат мекунад ва вазири хориҷии Итолиё Франко Фраттинӣ дирӯз ба парлумони кишвараш гуфт, ҳудуди 1000 нафар баровард шудани шумори қурбониёни ошӯбҳои Либия “қобили боварист”: "Мо ба як вазъи воқеан баде рӯ ба рӯ шудаем, ки онро Муаммар Қаззофӣ бо суханронии шаби гузаштааш бадтар кард. Қасди ӯ барои ҳамла ба мардуми худаш, қасде барои барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ аст."
Фраттинӣ ҳамчунин гуфт, ҷанге, ки миёни гурӯҳҳову минтақаҳо ва қабилаҳои мухталифи Либия таҳрик дода мешавад, ин кишварро ба як ҳавзи хун табдил хоҳад дод.
Бо ин ҳол, дирӯз Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки масъалаи эъмоли таҳримот алайҳи режими Муаммар Қаззофиро баррасӣ мекунад.
КЛИНТОН: "МАСЪУЛИЯТ БА ДӮШИ ҚАЗЗОФИСТ"
Фаронсаву Олмон дар нишасти Брюссел кишварҳои Аврупоро ба тасвиби таҳримот алайҳи давлати Қаззофӣ даъват кардаанд, ки бояд аз ҷумла манъи ироаи раводиди сафар, манъи фурӯши аслиҳа ва мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии марбут ба мақомоти Либияро дар бар бигирад.
Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон бори дигар хушунатҳо дар Либияро ғайриқобили қабул номид ва гуфт, масъулияти ин иқдомот бар дӯши давлати Қаззофӣ хоҳад афтод.
Сухангӯи ин вазорат Филип Кровлӣ гуфт, Вошингтон низ мавзӯи эъмоли фишор ба режими ҳокими Либияро баррасӣ мекунад.
Дирӯз як мушовири аршади Сайфулислом Қаззофӣ, фарзанди ҳокими худхоҳи Либия истеъфо дод. Қаблан як силсила аз сафирони Троблус ва вазирони адлия ва умури дохилаи Либия ҳам ба нишони эътироз тарки мақом карданд.
Вазири дохилӣ Абдулфаттоҳ Юнус аз нерӯҳои мусаллаҳ ҳатто даъват кард, ба эътирозгарон бипайванданд.
Раисҷумҳури Амрико хушунатҳоеро, ки нерӯҳои Либия алайҳи мардуми мулкӣ содир намудаанд, маҳкум кард.