Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари сӯхтор дар вилояти Маскав 8 муҳоҷир ҷон бохтааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар натиҷаи оташ гирифтани як хона дар вилояти Маскави Русия 8 кас ҷон бохтааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулода хабар дода, ки дар ин хона муҳоҷирон зиндагӣ мекарданд.

Сӯхтор соатҳои 4-и субҳи 23 май сар задааст. Дар вазорат ба "РИА Новости" гуфтаанд, эҳтимол муҳоҷирон аз оксиди карбон заҳролуд шудаанд.

Ба иттилои телеграм-канали "Shot", як зан дар пайи сӯхтор худро аз ошёнаи дувуми бино ба замин партофта, ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар беморхона бистарӣ мебошад.

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Аз беэҳтиётӣ боиси марги зиёда аз ду кас шудан" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Додситонии вилояти Маскав гуфтааст, хонаро як марди 24-сола аз Узбекистон ба иҷора гирифта, ба муҳоҷироне, ки ҳаққи будубоши қонуниро дар Русия надоштаанд, бар ивази маблағ иҷозат медодааст, онҷо зиндагӣ кунанд.

Зидди шаҳрванди Узбекистон бо гумони "Ташкили ғайриқонунии муҳоҷирати корӣ" парванда боз ва худи ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG