Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик ва муаллифи "Адонис XIV" ва "Гирдбод", рӯзи 25-уми июн дар 85-солагӣ дар Олмон даргузашт.
Вай сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафт ва ахиран ҳамроҳи ҳамсару ду фарзандаш, Улуғбек ва Умедҷон, дар Аврупо буд.
Бақо Содиқов соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кардааст.
Ӯ соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд.
Содиқов соли 1961 бо иҷрои нақши асосӣ дар филми "Панҷ нафар аз Фарғона" дар киностудияи “Узбекфилм” ба олами синомагарӣ пайваст. Дар киностудияи "Тоҷикфилм" аз соли 1967 ба ҳайси коргардон дар филмҳои бадеӣ ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ кор кардааст.
"Адонис", "Гирдбод", "Бухорои шариф", "Ҷосус" ва "Имом Бухорӣ" аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд.
Ин филмбардори тоҷик баъди кӯчидан ба Узбекистон ҳам ором нанишаст. Дар онҷо филми "Мурувват" ва "Фидоиён"-ро ба навор гирифт. "Фидоиён" аз 7 қисм иборат буда, дар бораи ҷадидони Бухорост.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ солҳои охир чанд дафъа бо Бақо Содиқов суҳбат доштанд ва ҳоло порчаҳоро аз як мусоҳибаи соли 2016, ки муҳтавояшон куҳна нашудаанд, пешкаш мекунем:
Радиои Озодӣ: Чӣ шуд, ки аз Тоҷикистон рафтед?
Бақо Содиқов: "Ман соли 1996 аз Тоҷикистон баромадам, аммо то ҳол эҳсос мекунам, ки Ҳисору Балҷувон, Кӯлобу Чилдухтарон ва Бадахшон, дар маҷмӯъ, ҳар қитъаи Тоҷикистон пеши чашмам аст. Аз ёд медонам, ки аз тарафи Кӯлоб то Ховалинг чӣ қадар роҳ аст, чиро дидан мумкин аст. Бовар мекунед, Тоҷикистон дар дили ман аст. Ман дар Узбекстону Қазоқистон будам, дар Туркманистон будам. Миёни ин ҳама ҳеч фарқ намегузорам. Чӣ хел ҳамаи ин марзҳоро ҷудо карда мешавад? Ман аҳли сиёсат нестам, ман филмбардорам, одами эҷодиям ва фикр мекунам, натанҳо маданияти мо ва дини мо, балки эҳсоси мо як аст. Мо гӯшту нохунем."
Радиои Озодӣ: Вале чаро рафтед?
Бақо Содиқов: "Ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки ба хотири ҳифзи хонаводаам аз Тоҷикистон рафтам. Баъд, гуфта будам, ки то панҷоҳсолагӣ ба ватан хидмат мекунам, яъне то замоне ки нерӯву тавони зиёд ҳаст ва, ба фикрам, ин корро ҳам кардам."
Радиои Озодӣ: Дилатон танг мешавад ба ёди шаҳре, ки шояд ҷавониятон гузаштааст, дӯстоне, ки сари як пиёла чой сӯҳбат мекардед, хиёбонҳое, ки чеҳраҳои шиносро медид?
Бақо Содиқов: "Ватан, дӯстон, сарзамин, баҳр, дарахтон... Тоҷикистон ва дӯстони наздики ман дар дили ман ҳастанд. Бист сол шудааст, ки аз онҳо як метр ва ҳатто як сантиметр дур нашудаам. Онҳо дар дили ман ҳастанд. Ҳамон гунае, ки ҷавону поку самимӣ буданд, ҳамин тавр ҳифз шудаанд. Дар дили ман ҳастанд. Аз он рӯзгор Лоиқ Шералӣ, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов ва даҳҳои дигарро дар ёд дорам. Ман чаҳор шабакаи Тоҷикистонро ҳамарӯза пайгирӣ мекунам. Тамошо мекунам. Ахиран дидам, ки Бозор Собир аз Амрико омадааст ва маҳфил дошт, суолу ҷавоб дошт, хуш шудам. Ман як қадам аз Тоҷикистон дур нашудаам."
Радиои Озодӣ: Пас, аз вазъи филмҳои нави тоҷикӣ ҳам хабар доред. Чӣ мегӯед?
Бақо Содиқов: "Бале, аз филмҳои нави Тоҷикистон хабар дорам. Ман ба ҳеч кас ақл ёд доданӣ нестам. Фақат мегӯям, ки мавзӯи филмҳо маҳдуд аст, тасвир маҳдуд аст. Барои мисол, агар Маҳмудҷон Воҳидов дар вақташ бо офаридаи шоирону адибони дохили Тоҷикистон қаноат мекард ва ба репертуараш ашъори Хайёму нақши Шекспирро ворид наменамуд ва аз осори бузургони дигари классику ҷаҳонӣ баҳра намебардошт, Маҳмудҷон Воҳидови дохилӣ буд. Вале Маҳмудҷон Воҳидов актёри сатҳи байналмилалӣ буд. Барои чӣ маҳдуд бошем, ки хислати маҳаллӣ дорад? Фарҳанги тоҷик инро намебардорад. Баъдан ба далели онки баъзе ҳунармандон дар замони даргириҳои дохилӣ аз кишвар рафтанд, шояд таъсири ин ҳам бошад."
Ин мусоҳибаи видеоӣ бо Бақо Содиқов соли 2023 сабт шудааст: