Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70% вомбаргҳои "Эсхата" дар "Биржаи фондӣ" ба фурӯш рафтаанд


Ширкати брокерии «Прайм инвест» эълон кард, ки дар соли равон 70 дарсади вомбарг ё облигатсияҳои бонки «Эсхата» дар «Биржаи фондии Осиёи Миёна» дар шаҳри Душанбе ба фурӯш рафтаанд.

Ширкати “Прайм инвест” бо нашри як иттилоя рӯзи 26-уми декабр гуфт, аз 20 миллион сомонӣ облигатсияҳои ба фурӯш баровардаи “Эсхата” 70 дарсади он ба фурӯш рафтанд. Ба гуфтаи “Прайм инвест”, бештари харидорони облигатсияҳои бонки “Эсхата” афроди алоҳида ҳастанд. Аммо дар миёни харидорон ширкатҳо ва бонкҳои дигар ҳам будаанд.

Бонки “Эсхата” моҳи апрели соли равон 200 ҳазор дона облигатсияҳои 100-сомонаи худро дар ҳаҷми умумии 20 миллион сомонӣ, ба фурӯш баровард.

Ин ширкат ҳаҷми пулии облигатсияҳои ба фурӯш рафтаро ошкор намекунад. Аммо аз фоизи гуфтаи ин ширкати брокерӣ маълум мешавад, ки облигатсияҳои “Эсхата” дар ҳаҷми 14 миллион сомонӣ ба фурӯш рафтаанд. Бонки “Эсхата” нахустин бонк ва ширкате буд, ки дар “Биржаи Фондии Осиёи Миёна” қоғазҳои қимматноки худ – облигатсияҳоро ба фурӯш баровард.

Фурӯши облигатсияҳои “Эсхата” рӯзи 14-уми апрели соли равон дар бинои “Биржаи Фондии Осиёи Миёна” дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуда, нахустин бор садои гонгро дар ин биржа баланд карданд. Дар соатҳои аввали фурӯш облигатсияҳои бонки “Эсхата” ба беш аз як миллион сомонӣ расид. Он замон гуфта мешуд, харидорони аввалини облигатсияҳои “Эсхата” ширкати “Фароз” шуд, ки ба як миллион сомонӣ онро харидорӣ кард.

Дар идома ширкати “Прайм инвест” гуфтааст, ки фурӯши аввалияи облигасияҳои “Эсхата” бо қимати номиналии 100 сомонӣ рӯзи 5-уми декабр ба анҷом расид. Ин ширкат ҳамакнун гуфтааст дар биржа барои хоҳишмандон метавонад фурӯши такрории облигатсияҳои ин бонкро доир кунад.

Бонки “Эсхата” моҳи апрели соли равон 200 ҳазор дона облигатсияҳои 100 сомонаи худро дар ҳаҷми умумии 20 миллион сомонӣ ба фурӯш баровард. Мӯҳлати гардиши облигатсияҳои ин бонк 2 сол муқаррар шуда, баҳраи солонаашон 22 дарсад муайян шудааст. Чун бо қарори ҳукумати Тоҷикистон баҳра аз коғазҳои қимматнок барои 5 сол аз андоз озод шудаанд, сармоягузорӣ ба коғазҳои қимматнок бинобар арзёбии коршиносон ,муфидтарин шакли сармоягузорӣ дар шароити Тоҷикистон аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 259 ширкату ҷамъияти саҳҳомӣ бо арзиши тақрибан 10 миллиард сомонӣ ё муодили 1 миллиарду 600 миллион доллар саҳмияву коғазҳои гаронбаҳои худро дар Вазорати молия сабт кардаанд.

Аммо дар байни онҳо муомилот вуҷуд надорад, тиҷорати саҳмия ва коғазҳои гаронбаҳо парокандаву ноустувор сурат мегирад ва тоҷирону афроди алоҳида гоҳ-гоҳе бастаи назоратии саҳмияҳоро мехаранд. Гузашта аз ин, саҳмияи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ аз сабаби набудани биржа нархнома (котировка) ва баҳои расмии дар “listing” сабтшуда, надоранд.

Бинои Биржаи фондии Осиёи Миёна дар ошёнаи севуми “Душанбе-Плаза” дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст. Тоҷикистон солҳо боз талош дошт, як бозори фурӯши саҳҳом ва ё биржаи фондиро фаъол кунад. Ҳукумат ҳанӯз соли 1992 заминаи қонуниро барои фаъол шудани чунин як биржа таъмин карда буд.

Аммо дар гузашта талошҳо барои таъсиси биржаҳои фондӣ натиҷа надода, рӯи коғаз монд. Аз ҷумла, то соли 2007 дар ҷумҳурӣ "Биржаи марказии фондии Тоҷикистон" вуҷуд дошт, ки фаъолият намекард ва иҷозатномааш ҳам дигар тамдид нашуд.

Билохира, соли 2015 бо сармоягузории 35 миллион сомонӣ Биржаи фондии Осиёи Миёна таъсис ёфт ва ҳукумат ба хотири рушди бозори коғазҳои қиматнок ба муддати 5 сол даромадгирандагони коғазҳои қиматнокро аз андоз озод кард.

XS
SM
MD
LG