Аз қабули Қонуни асосӣ ё Конститутсия дар Тоҷикистон, ки ҳукумат онро бахтномаи сокинони кишвар, вале намояндагони мухолифон василаи ҳифзи режими кунунӣ медонанд, 32 сол пур шуд.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6-уми ноябр дар паёме қабули Қонуни асосиро дар Тоҷикистон “як дастоварди воқеан таърихӣ” ва “натиҷаи талошҳои мардуми тоҷик дар роҳи ташаккули соҳибистиқлолӣ, барпо кардани давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ” номид.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байнулмилалие чун Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Афви Байнулмилал ва созмонҳои ҳомии озодии баён ҳукумати Тоҷикистонро пайваста ба худкомагӣ, рушди шахспарастӣ ва поймоли густардаи ҳуқуқи инсон танқид мекунанд.
Қонуни асосии Тоҷикистон соли 1994, се сол пас аз эълони истиқлол ва дар давраи ҷанги дохилӣ қабул шудааст. Он замон, дар ҳоле ки 850 ҳазор нафар дар берун аз кишвар паноҳанда буданд, барои қабули Конститутсия раъйпурсии умумӣ баргузор карданд.
Мухолифон даъвати ҳукуматро барои иштирок дар таҳияи он напазируфтанд, вале Қонуни асосии нав қабул шуд ва тибқи он мансаби президент дар Тоҷикистон барқарор гашт. То он дам Шӯрои олӣ, ки аз намояндагони халқ иборат буд, ҳукуматро идора мекард.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ рӯзи ҷумъа Конститутсияро “санади олии ҳуқуқӣ” донистааст, ки “барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ заминаи устувори ҳуқуқиро фароҳам овард.”
Намояндагони мухолифони ҳукумат дар хориҷа мегӯянд, агарчи Қонуни асосӣ тақсими шохаҳои қудратро кафолат медиҳад, вале Тоҷикистон ба самти таҳкими яккараҳбарӣ ҳаракат дорад. “Гурӯҳи 24”, созмони мухолифи ҳукумат, ки фаъолияташ дар дохили Тоҷикистон мамнуъст, соле пеш дар эъломияе гуфта буд, “судҳо ё додрасҳо мустақил нестанд ва вакилони валқ на бо иродаи мардум, балки бо ишораи ҳукумат кор мекунанд.”
Дар бештар аз се даҳаи гузашта Қонуни асосии Тоҷикистонро се бор дар райъпурсиҳое, ки созмонҳои байнулмилалӣ “ношаффоф” номидаанд, тағйир доданд. Тағйири аввал соли 1999 сурат гирифт. Он вақт муҳлати президентиро аз ду давраи 5-солӣ ба як давраи ҳафтсолӣ иваз карда, ба фаъолияти ҳизби динӣ иҷоза доданд. Порлумон ҳам дупалатаӣ гашт.
Дар ин тағйирот тарафи дигари сулҳ, Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ширкат дошт. Пас аз ин дигаргунӣ Ҳизби наҳзати исломӣ иҷозаи фаъолиятро ба даст овард, аммо ин ҳизб соли 2015 дар пайи, ба гуфтаи мақомот, ошӯби ноком “мамнуъ ва террористӣ” эълон шуд. То кунун даҳҳо узви ин ҳизб боздошту зиндонӣ шуда, гурӯҳе дигар дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд ва иттиҳомоти мақомотро намепазиранд.
Дигаргунии дувум соли 2003 анҷом шуд. Он замон як давраи 7-солии президентӣ ба ду давраи 7-солӣ иваз гардид. Намояндагони ҳизбҳои мухолиф он вақт гуфта буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон бе ин тағйирот наметавонист дар интихоботи оянда ширкат кунад. Ӯ дар интихоботи соли 2006 иштирок кард ва баранда эълон шуд ва бояд ду давраи ҳафтсолии раёсаташ дар соли 2020 тамом мешуд.
Аммо дар ин байн, дар 2016, боз Қонуни асосиро тағйир доданд ва тибқи он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дигар на танҳо президент, балки “Пешвои миллат” шуд. Ӯ ҳақ дорад, ки бидуни маҳдудият дар интихоботҳои президентӣ номзад шавад.
Дар тағйири севуми Конститутсия фаъолияти ҳизби динӣ манъ шуда, шахсони 30-сола иҷозаи иштирок дар интихоботи президентӣ ва узвият дар Маҷлиси Миллиро ба даст оварданд. Намояндагони ҳизбҳои мухолиф гуфтанд, ки ҳадаф аз ин тағйирот бештар роҳкушоӣ ба Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ки вориси эҳтимолии падараш дониста мешавад.
Навор дар Инстаграм:
Гуфтугӯ