То ин авохир Бадахшон бо кӯҳпояҳои баланд ва устувор, офтоби дурахшон, дарёҳои хурӯшон ва маъдани лаълаш аз амнтарин минтақаҳои Афғонистон буд. Аммо даргириҳои сангини ҳафтаи гузашта дар минтақаи Ҷурми Бадахшон ҳикоят аз ноамнӣ дошт. Ба камияш 18 сарбози афғон кушта ва шуморе ҳам сар бурида шуданд.
Ҳамла ба постгоҳи нерӯҳои афғон дар дараи Хустаки вулусволии Ҷурм мизони осебпазирии Бадахшонро дар баробари нуфузи ҷангҷӯёни ифротии хориҷӣ ва дохилӣ намоён сохт. Бадахшони Афғонистон бо Покистон, Тоҷикистон ва Чин ҳаммарз аст. Вулусволии Ҷурм ҳафтаи гузашта шоҳиди даргирии шадид буд. Мақомҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки чандсад ҷангӣ ба шумули Толибони маҳаллӣ ва ҷанҷӯёни хориҷӣ ба нерӯҳои артиши Афғонистон ҳуҷум оварданд. Ҳама 28 сарбози артиши Афғонистон кушта ё захмӣ шуданд ва шӯришиён бо ғанимат гирифтани силоҳҳои нерӯҳои афғон ба кӯҳҳо фирор карданд.
Шоҳвалиюллоҳи Адиб, сарпарасти вилояти Бадахшон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои гуногун дар Ҷурми Бадахшон рахна кардаанд: "Тахминан ду сад тан, ки баъзеҳо бо хонаводаҳояшон дар онҷо мустақар шудаанд ва баъзе ҳам бидуни хонаводаҳо. Бо гарм шудани ҳаво ва боз шудани роҳҳо шояд теъдодашон бештар шавад. Иттилооте, ки мо дар даст дорем, атбои хориҷӣ ҳастанд, аз кишварҳои мухталиф, ба шумули Узбакистон, Чеченистон ва Тоҷикистон ва кишварҳои дигар." Адиб аз кушта шудани дастикам 30 ҷангҷӯ низ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки сарбозони постгоҳҳои дурафтода ҳеҷ гуна ҳимояти ҳавоӣ ва кӯмаки низомӣ дарёфт накардаанд. Аммо Адиб бо ин суханон мувофиқ нест ва мегӯяд, ки "мо нерӯҳои кӯмакиро омода кардем. Аммо муқовимат зиёдтар аз ду соат тӯл накашида буд, ки чанд постгоҳ суқут кард. Вақте ки нерӯҳо ба онҷо расиданд, гап аз гап гузашта буд ва постгоҳҳо суқут карда буд."
ШУҒНОН, ЧАТРОЛ Ё ҲАРАКАТИ ИСЛОМИИ УЗБАКИСТОН?
Фармондеҳи амнияти Бадахшон мегӯяд, ки дар миёни кушташудагон чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Ӯ афзуд, ки ин ситезаҷӯён аз минтақаи Шуғнон ва Ишкошим, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд, ба ин тарафи марз меоянд. Аммо Маҳдӣ Собир таҳлилгари тоҷик ба ин суханони фармондеҳи амнияти Бадахшони Афғонистон
мухолиф аст. Оқои Маҳдӣ Собир бар Радиои Озодӣ гуфт, ки аз марзи Тоҷикистон ба шиддат муҳофизат мешавад. Ӯ ба ин бовар аст, ки ситезаҷӯён аз Тоҷикистон на, балки аз Чатрол -- як минтақаи дурафтодаи Покистон, ки бо Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст, ба ин вилоят рахна мекунанд.
"Ҳеҷ касе наметавонад аз роҳи марзии Тоҷикистон ба Афғонистон убур кунад. Чун манотиқи сарҳадӣ қавӣ аст ва ба шиддат муҳофизат мешавад. Ҷангҷӯёни хориҷии фаъол дар Бадахшон аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ва гурӯҳҳои вобаста ба ҷангҷӯёнеанд, ки дар урдугоҳҳои низомӣ дар Покистон омӯзиш дидаанд ва аз солҳои навади асри гузашта бо Толибон иртибот доштанд."
Ҳаракати исломии Узбакистон созмони исломгароест, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна мамнӯъ шудааст. Ин ҳаракат дар авоили солҳои навад аз сӯи ҳукумати Узбакистон саркӯб шуд ва ба Афғонистону Покистон паноҳ бурд. Бар асоси гузоришҳо, садҳо ё ҳатто ҳазорон узви Ҳаракати исломии Узбакистон пас аз суқути режими Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон, ба манотиқи қабиланишини Покистон гурехтанд.
НИГАРОНӢ АЗ ХУРУҶИ НЕРӮҲОИ АМРИКОӢ АЗ АФҒОНИСТОН
Мақомҳои амниятии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз як амалиёти бузурги артиши Покистон дар тобистони соли гузашта, бисёре аз ҷангҷӯёни хориҷӣ ба шумули афроде, ки аз Осиёи Миёна ҳастанд, аз Вазиристони шимолӣ гурехтанд ва беш аз 300 тани онҳо бо хонаводаҳояшон дар вилояти Зобул ҷой гирифтанд. Акнун ҳузури чандсад ҷангҷӯи хориҷӣ ба шумули атбои Осиёи Миён дар Бадахшон, нигарониҳоро дар дохил ва хориҷи Афғонистон барангехтааст.
Дар моҳҳои гузашта, раҳбарони Осиёи Марказӣ ва низ мақомоти баландпояи рус борҳо нигаронии худро дар мавриди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон иброз карда буданд. Онҳо нигарони густариши хушунатҳо аз хоки Афғонистон ба кишватҳои Осиёи Миёна ҳастанд.
Дар посух ба ин нигарониҳо, раиси ҷумҳури Амрико моҳи гузашта гуфт, ки раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро кундтар мекунад. Вай гуфта буд, ки 9800 сарбози боқимондаи амрикоӣ поёни соли 2015 ба ҳузурашон дар Афғонистон идома хоҳанд дод. Қарор аст ҳама нерӯҳои низомии Амрико дар поёни соли 2016 Афғонистонро тарк кунанд. Бар асоси гузоришҳо, Амрико 65 миллиард доллар барои тақвияти артиши 350 ҳазор нафараи Афғонистон ихтисос додааст. Вале мақомоти Афғонистон ҳанӯз аз камбуди таҷҳизот ва омӯзиши нерӯҳои афғон шикоят доранд.
Шоҳвалиюллоҳи Адиб низ дар ин маврид мегӯяд, ки "воқеан пулиси мо аз лиҳози таҷҳизот бисёр мушкил доранд ва ҳатто воҳидҳои артиши мо дар инҷо бояд бо силоҳҳои сангин ва омӯзиши бештар дода шаванд.
КӢ ГУНАҲКОР АСТ?
Дар шаҳри Кобул -- пойтахти Афғонистон ҳодисаи Ҷурми Бадахшон бугӯ-магӯҳоеро роҳ андохтааст ва мақомоти ниҳодҳои мухталиф якдигарро сабабгори ин ҳодиса медонанд. Шермуҳаммад Каримӣ, сардори Ситоди артиши Афғонистон гуфтааст, ки ҳодиса аз заъфи раҳбарӣ ва норасоӣ дар бахши нерӯҳои ҳавоӣ рух додааст. Шермуҳаммад Каримӣ мегӯяд, ки "сарбозон шуҷоъона ҷангиданд. Мушкил дар раҳбарӣ вуҷуд дорад. Фармондеҳи низомӣ ҳангоми ҳамла ҳузур надоштааст."
Фавзия Кӯфӣ, як намояндаи мардуми Бадахшон дар парлумони Афғонистон, аммо аз вазорати дифои Афғонистон интиқод мекунад. Хонум Кӯфӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст, ки ҳудуди 28 сарбоз дар Ҷурми Бадахшон танҳо гузошта шуданд, бидуни маводи сӯхт, муҳимот ва кӯмаки ҳавоӣ монданд. Ӯ пурсидааст: "Акнун масъули ин ҳодиса кист, террористон ва генералҳои фосид?"
Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари афғон дар Кобул бо Фавзия Кӯфӣ ҳамнавост. Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо ибрози ин, ки масъулият ба вазорати дифои Афғонистон бармегардад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "аслан мудирият, назорат аз вазифа дар сатҳи бололи вазорати дифоъ вуҷуд надорад. Ҳеҷ гуна кӯмаки заминӣ ва ҳавоӣ ба инҳо сурат нагирифтааст. Бинобар ин гунаҳкори аслӣ худи вазорати дифоъ аст."
Ҷовид Кӯҳистонӣ мегӯяд, ки бар асоси иттилооте, ки ӯ дорад, маводи сӯхти мошинҳои низомии марбут ба сарбозон дар Ҷурми Бадахшон ба фурӯш расида будааст.
АЗ ҶУРМ БА ЮМГОН ВА КАРОНУ МИНҶОН?
Аммо Шоҳвалиюллоҳи Адиб, сарпарасти мақоми раиси вилояти Бадахшон ин суханро рад мекунад. Адиб акнун нигарони густариши ноамнӣ ба вулусволиҳои Юмгон ва Карону Минҷони Бадахшон аст.
Ӯ мегӯяд, ки постгоҳҳое, ки дар Хустак қарор доштанд, дар масири ҷодае буданд, ки ба вулусволиҳои Юмгон ва Карону Минҷон иртибот доранд. Як масири стратегӣ аст ва дар он феълан Толибон ҳастанд ва нигарониҳо ҳамин аст, ки онон ба сӯи ин вулусволиҳо бираванд. Чун роҳҳо, ки ба ҳамон тараф меравад, аз тарафи онҳо ҳоло масдуд шудааст.
Ичрои дастури пешвои исмоилиёни ҷаҳон Имоми Замон Шохзода Карим барои хар як пайраваш амри вокеи мебошад. Тамоми Исмоилихои чахон, ки дар давлатхои гуногун Чамоати худро доранд аз чумлаи, Хиндустон, Покистон, Африкои шимоли ва Канадаю Аврупо нихоят тахаммулпазир ва созандаю эчодкор мебошанд. Мардуми Бадахшон бояд намунаи ибрати хамаи Исмоилихо Чахон ва ифтихори Точикистон бошанд. Хатто ман имони комил дорам, ки Имоми Замон аз ин амалхои пайравонаш дар Бадахшон сахт гамгин аст. Шумо ба фитнаю дасисаи игвогарон аз беруни кишвар ва як гурухи АВБОШОН дар байни Чамоат дар дохил, ки душманони миллати Точик хастанд, дода нашавед. Зинда бод вахдати Точик. Тинчи, сулху осоишта ва саломати ба хар як хонадони Точик. Сабрро пеша кунетон ва дар доираи Конунхои Чумхурии Точикистон кор ва зиндаги кунетон.
Офарин Оқои Оғохон, раҳмати беандоза ба Шумо барои ин суханҳои некатон. Воқеан Ҳакимед! Зинда бошед, тансиҳат бошед! Ҳамин тазоҳуротчиёнро ором кунед, мо дар ин вазъияти душвор дар дунё аз чунин тазоҳуротҳо безорем. Ба мо имкону шароити меҳнат, заҳмат кардан зарур, на пақ пақу "озодии баён"
Зеварбону ман 24-сол дар Тоҷикистон будам. Ҳар як фарди тоҷикистониро аз зери заррабин гузарондам. Ҳеч кас дар фикри зиндагӣ кардан нест, ҳама дар фикри зинда мондананд. Магар президент ҳамин шабу рӯз зиндагӣ мекунад ё зинда мемонад? Агар зиндагӣ мекунад, пас чаро муҳофизи бешумор атрофаш, мошинҳои зиреҳпӯши олмонӣ бо суръати ҳавопаймо дар кӯчаҳои шаҳру навоҳие ки сулҳу ваҳдаташро худ асос гузоштааст, чаро? Маълум аст, ки талоши зинда мондан дорад. Танҳо касоне, ки нишони озодӣ дар онҳо дида мешавад ва мехоҳанд ба ҷойи зинда мондан зиндагӣ кунанд, сокинони шарафманди Бадахшон, хоссатан шаҳри Хоруғ мебошанд. Бедормарде, ки хоби “мардак”-еро халалдор кардааст, Бадахшон аст! Ҷавҳар Дудаев: “Свобода вещь слишком дорогая чтобы попытаться ее достичь дешевой ценой”.
Зихи Зеварбону, дар хакикат зевари миллати точик хасти! Мурочиат ба мардуми шарифи Кулоб! Эй чавонони кулоби, бояд Шумо имруз хаминро донед, ки аз кафои ки меравед? Аз кафои золим бар мукобили мазлум е баръакс? Имруз ягона куввае ки метавонад аз мардуми мазлуми Балахшон дифоъ кунад, ин пеш аз хама шумоед. Ё дар таърих хамчун кахрамони миллат хохед монд ва ё русиёхи таърих хохед гашт. Пас имруз интихоб ба Шумост! Агар хохед, ки кахрамони ин миллат бошед, пас таъчилан ба дифоъ мардуми мазлум ва чафокашидаи Балахшон бархезел ва бо бовари гуфта метавон, ки бокимонда миллат аз кафои Шумо хохад хест ва аз хаку хукуки хеш дифоъ хохад кард.
Шарху тавзехоти асосиро чаро ба нашр намедихед... аз сахар чоп нашудааст