Сарнавишти як бабри барфӣ аз Тоҷикистон, ки Радиои Озодӣ дар борааш аввали моҳи октябр гузориш дод, воқеиятҳои талхи зиндагии муҳоҷирони тоҷикро дар Русия дар Инстаграм барҷаста кард.
Ҷонвари нодирро соли 2019 барои афзоиш додани насли он дар Русия ба мамнӯъгоҳи Саяно Шушенски Русия бурдаанд. Мақомоти мамнӯъгоҳ гуфтанд, бабр ё паланги барфӣ бо номи "Таджичка" ё бонуи тоҷик имсол ду бача ба дунё овард. Дар умум ин ҷонвар дар муддати ҳафт сол 9 бача зоида, шумораи ин ҷонвари нодирро дар мамнуъгоҳи Русия ба 21 сар расондааст.
Видеои бабри барфии Тоҷикистон дар Русияро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм бештар аз 600 ҳазор маротиба дидаанд ва шарҳи зиёде ҳам гузошта, бо шӯхӣ зиндагии худро дар Русия бо сарнавишти ин ҷонвар муқоиса кардаанд. Шӯхиҳои онҳо дар бораи иҷозаи кору сабтином, санҷиш, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ихроҷ тасодуфӣ нест, чун бахше аз зиндагии ҳаррӯзаи бисёре аз муҳоҷирон аст.
Яке аз корбарон бо шӯхӣ пурсидааст: "Инҳо иҷозаи кор (патент) доранд?" Якеи дигар бо номи “Дунёи бевафо” бо идомаи шӯхӣ навиштааст, "Бабри ҷун, пули патентро саривақт супор, ки дар Красноярск вазъият хуб нест." Мустафо дар саҳифаи мо дар Инстаграм навиштааст: "Агар ҳамин бабрро дидед, бигӯед, ки дар Русия вазъ безеб аст, барои ҳамин бе ҳуҷҷат нагардад."
Бино ба омори расмӣ, дар ду соли охир аз Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, бештар аз 50 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро берун кардаанд.
Шарҳҳои дигаре, ки зери видео дида мешаванд, баёнгари эҳсоси таҳқир кардани муҳоҷирон ва беқадрии онҳо ҳамчун инсон дар Русия аст. Яке аз ингуна шарҳҳо чунин аст: "Тасаввур кунед, ҳамон бабр қадр дорад, мо ғарибон не."
Бо айни маънӣ шарҳи корбаре бо номи "Достонҷон"-ро мехонем, ки навиштааст: "Шуморо ҳайвонҳоятон қадр дорад, одамонатон не." Ин навиштаҳо дигар шӯхӣ нестанд, чун корбарон зиндагии худро бо зиндагии бабре муқоиса кардаанд, ки зери муҳофизат аст ва бе тарс аз одамон зиндагӣ мекунад, вале худи онҳо эҳсоси тарсу ноамнӣ доранд.
Гузоришҳо дар бораи бадрафториву таҳқири муҳоҷирони тоҷик ва муҳоҷирони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста аз Русия нашр мешаванд ва созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар соли 2025 гузориши худро дар бораи вазъи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия “зиндагӣ дар тарс ва таҳқир” ном гузошта буд.
Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бабри барфӣ муҳоҷирони кории тоҷикро ба ёди муҳоҷирситезӣ ва таҳқири қавмии онҳо андохтааст ва шӯхии корбаре бо номи зоҳиран ишорае ба ҳамин бархӯрд дар Русия аст: "Ҳамин бабрҳои бечораро ҳам кунда ё кундзеҳн меноманд." Ин таҳқири қавмиро нисбат ба мардуми Осиёи Марказӣ дар Русия зиёд истифода мебаранд. Хушбахт Ниёзов ҳам гуфтааст, "ҳоло шуморааш зиёд шавад, "нелегал" меноманд."
Бахши дигаре аз шарҳҳо дар зери видеои Радиои Озодӣ дар Инстаграм дар бораи эҳсоси нобаробарӣ кардани муҳоҷирон ё меҳмони нохонда шумурдани онҳост. Яке дар ин миён гуфтааст, "Бабр шаҳрванди Русия шудааст". Дигарӣ ба забони русӣ навиштааст, "умедворам, бабри муҳоҷирро аз кишвар ихроҷ намекунанд."
Зоҳиран манзур аз ин шарҳҳо ин аст, ки ҷонвари нодире, ки Русия барои ғаниву зеботар кардани табиат аз Тоҷикистон оварда шудааст, арзишманд аст, вале ҳазорон муҳоҷири тоҷик бояд исбот кунанд, ки қонунӣ омадаанд ва ҳаққи кору мондан дар Русияро доранд.
Тақрибан ҳамаи шарҳҳо шӯхӣ ва ҳаҷв ҳастанд, аммо асли мавзӯи онҳо хандаовар нест, чун аз боздошт, ихроҷ, санҷиши пулис, таҳқири қавмӣ, санаду мақоми ҳуқуқӣ мегӯянд. Таври маълум ингуна ҳазлу шӯхӣ замоне пайдо мешавад, ки одамон мушкилеро хеле хуб мешиносанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ