Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди келини пешини Назарбоев парвандаи нав боз шуд


Додгоҳе дар Алмато рӯзи 3-юми июн баррасии парвандаи навро алайҳи Гулмира Сотиболдӣ, собиқ ҳамсари зиндонии Кайрат Сотиболдӣ оғоз кардааст. Кайрат Сотиболдӣ хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст.

Гулмира Сотиболдӣ ба тамаъҷӯии махсусан калон, худсарӣ ва ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ муттаҳам мешавад.

Бино ба хабари расонаҳои Қазоқистон, ба зидди Гулмира Сотиболдӣ домоди собиқаш Абай Жунусов шикоят кардааст.

Додгоҳи шаҳри Остона моҳи майи соли гузашта Гулмира Сотиболдиро бо ҷурми "ғасби тиҷорат" ва "одамрабоӣ" 7 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Вай ҳамчунин аз мукофоти давлатии "Курмет" маҳрум шуда, вазифадор гашт, ки ба ҷабрдида, соҳибкор Турсен Алагузова беш аз 15 миллион доллар ҷуброн пардозад.

Тибқи иттилои муфаттишон, Сотиболдӣ гуё Алагузоваро маҷбур кардааст, ки аз 43 дарсади саҳмияҳои ширкати худ -- "Galanz bottlers" даст кашад. Муфаттишон гуфтаанд, Сотиболдӣ ба Алагузова фишори равонӣ ва моддӣ овардааст.

Худи Сотиболдӣ ҳамаи иттиҳомро дар додгоҳ рад карда, парвандаашро "сиёсӣ" номид.

XS
SM
MD
LG