Ҳар сол шуморе аз занону духтарон дар Эрон бо гуноҳи ба истилоҳ “қатлҳои номусӣ” аз дасти хешовандон кушта мешаванд.
Як таҳқиқ маълум кард, ки аз моҳи марти 2021 то июни 2023 дастикам 165 зан кушта шудаанд. Дар аксари ҳодисаҳо қотилон шавҳар, падар ё бародари қурбонӣ ҳастанд.
Райҳона, яке аз даҳҳо зани эронӣ аст, ки чор сол пеш, дар 22-солагӣ, бо баҳонаи қатли номусӣ аз дасти падараш кушта шуд. Полис гуфт, Райҳона ба хона дер омад ва аксҳояшро дар Инстаграм гузошт.
Занҳоро барои аз даст додани бакорат, ҳамли беникоҳ, хиёнат ва ҳатто дархости талоқ низ дар Эрон куштаанд.
Қонунҳои Эрон барои қатл ҳукми марг пешбинӣ мекунад. Вале агар падаре духтарашро падараш кушт, аз ҷазо озод мегардад, чунки мегӯянд, "ӯ падар аст". Агар маҳкум шуд, ҳадди аксар 10 солро дар зиндон хоҳад гузаронд. Агар бародараш кушт, то 10 сол зиндон таҳдид мекунад, вале падар ҳақ дорад, писарашро бубахшад.
Дар айни замон, бар асоси қонун, барои зино шавҳар занро мекушад. Чунин ҷиноятҳо одатан аз мақомот пинҳон мемонанд.
Фаъолон қонунҳои падарсолоронаро дар Эрон танқид карда, мегӯянд, онҳо занони хушунатдидаро ҳимоят намекунанд. Онҳо ба сахттар шудани қонунҳо барои пешгирӣ аз, ба истилоҳ, қатлҳои номусӣ даъват мекунанд.
Навор дар Инстаграм: