Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба “Нақши Рустам” ва “Тахти Ҷамшед” дар Эрон чӣ шуд?


"Нақши Рустам"
"Нақши Рустам"

Баъд аз нашри гузоришҳои пай дар пай дар бораи он ки бинои “Нақши Рустам” ва маҷмӯаи бостонии “Тахти Ҷамшед” дар Эрон ба сабаби беэътиноӣ ба муҳофизати он дар хатар аст, мақомот гуфтаанд, боронгариҳои зиёд сабаби осеб дидани биноҳои қадима шудаанд.

Мудири Пойгоҳи мероси ҷаҳонии “Тахти Ҷамшед” гуфтааст, ки ба далели боронгариҳои чанд рӯзи охир ва намии зиёд дар макони бостонии “Нақши Рустам” дар вилояти Форс фурӯнишастагиҳои зиёде пайдо шудаанд.

Пештар аз ин ҳам хабар омада буд, ки шикофҳо ва фурӯрафтагиҳои зиёд дар замин ба суботи бинои “Нақши Рустам” таҳдид мекунанд, ки дар кӯҳҳои вилояти Форс ва дар 6-километрии маҷмӯаи таърихии “Тахти Ҷамшед” қарор дорад.

Алиризо Аскарии Човурдӣ, мудири Пойгоҳи мероси ҷаҳонии “Тахти Ҷамшед” ҳафтаи гузашта ба хабаргузории “Тасним” дар Эрон гуфтааст, ба сабаби боронгариҳои зиёд девору истеҳкомҳо рехтаанд ва чунин фарсоиш бахше аз мушкилоти “Нақши Рустам” аст.

Ба гуфтаи ӯ, фурӯнишаст дар ин маҳвата ба фурӯнишастагиҳои умумӣ вобаста аст, ки дар тамоми Марвдашт аст, ки осори бостонӣ дар он ҷойгир мебошад. Беэътиноии ниҳодҳои ҳукуматӣ ба муҳофизати бино, ҷилавгирӣ накардан аз фарсоиши замин ва фурӯнишасти заминро коршиносон аз сабабҳои асосии осеб дидани биноҳои бостонии Эрон, аз ҷумла “Нақши Рустам” медонанд.

Коршиносон солҳои гузашта ҳам дар бораи фурӯнишасти зиёди замин ва осеби ҷиддӣ ба осори таърихӣ ва мероси фарҳангии Эрон ҳушдор додаанд.

Оромгоҳи чанд тан аз шоҳони Ҳахоманишиён, нақшҳои барҷастае аз аҳди Сосониён, бинои мавсум ба Каъбаи Зардушт ва нақшҳои нимавайронае аз даврони эломиҳо аз ҷумлаи осори маҷмӯаи “Нақши Рустам”, яке аз мероси маъруфи таърихӣ дар Эрон аст, ки тоҷикон ҳам бо он ифтихор мекунанд.

XS
SM
MD
LG