Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Озарбойҷон ба номаи донишмандони тоҷик дар бораи чавгон


Вазорати фарҳанг ва ҷаҳонгардии Озарбойҷон ба номаи донишмандони тоҷик ба унвони созмони ЮНЕСКО дар мавриди мероси муштарак эълон кардани бозии чавгон, вокуниш нишон додааст.

Хабаргузории APA-и Озарбойҷон рӯзи 11-уми декабр аз қавли Восиф Аваззода, масъули равобити байналмилалии вазорати фарҳанг ва ҷаҳонгардии Озарбойҷон навишт, ки чавгон бозии суннатӣ бо асп дар Қарабоғ буда ва он дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО ба пешниҳоди Боку шомил шудааст ва иддаои донишмандони тоҷик беасос аст. Оқои Аваззода гуфтааст: «Роҳи баргашт вуҷуд надорад. Ҳар кишваре мехоҳад, ки ба ин бипайвандад, метавонад ба ЮНЕСКО муроҷиат кунад. Тоҷикистон на ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ба вазорати фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ муроҷиат накардааст.»

Манбаъ дар идома аз қавли ин масъули вазорати фарҳанг ва ҷаҳонгардии Озарбойҷон менависад, «натиҷа рӯшан аст, дар нишасти ЮНЕСКО қарор қабул шуд, ки чавгон варзише ҳаст дар Қарабоғ, ин сабт шуд. Агар Тоҷикистон мехоҳад, ки шомил шавад, ин мавзӯи гуфтугӯҳои бештар аст. Аммо ҳоло чавгон дар феҳрист ба номи ҷумҳурии Озарбойҷон сабт шудааст. Агар вазорати фарҳанг пешниҳоди расмӣ дарёфт кард, мо онҳоро бар пояи қонуну низомномаҳо, огоҳ хоҳем кард.»

Вокуниши мақомоти озар дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта иддае аз донишмандони тоҷик бо ирсоли як нома ба ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд, ки бозии «чавгон», ки дар феҳристи ин созмон ба номи Озарбойҷон сабт шудааст, мероси муштарак дониста шавад. Дар ин нома, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ иншо шудааст, аз хонум Ирина Бокова, директори генералии ЮНЕСКО хоста шуда буд, ки дар иваз ин бозӣ мероси муштараки мардуми Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Арманистон, Туркманистон, Узбакистон ва Озарбойҷон низ дониста шавад.

Ҳудуди даҳ рӯз қабл ҳаштумин нишасти Кумитаи мероси ЮНЕСКО чавгонбозиро ба номи ҷумҳурии Озарбойҷон сабт кард. Озарбойҷон қаблан аз Кумитаи мероси маънавии ҷаҳонӣ, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) дархост карда буд, ки ин варзишро таҳти унвони "Чавгон бозии суннатӣ бо асп дар Қарабоғ" ба номи ин кишвар ва дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО сабт кунад.

Ҳаштумин нишасти Кумитаи мероси маънавии ЮНЕСКО бо ҳузури 600 намоянда аз 95 кишвари ҷаҳон рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Боку ифтитоҳ ёфт ва ин кумита рӯзи сешанбе бо раъйдиҳии кишварҳои ширкаткунанда, чавгонбозиро ба номи Озарбойҷон сабт кард. Пеш аз ин кишвари Эрон ба ин дархости Озарбойҷон дар бораи саби ном шудани чавгонбозӣ эътирози шадид карда буд ва хоҳони сабти ин варзиши бостонӣ ба унвони "мероси муштараки чанд кишвар" шуда буд. Ба дунболи эътирози расмии Эрон, ҳоло донишмандони тоҷик ҳам алайҳи ин тасмими ЮНЕСКО садо баланд карданд.

Дар зери номаи донишмандони тоҷик, Акбар Турсон, доктори илмҳои фалсафа, Юсуфшоҳ Яъқубов, доктори илмҳои таърих(бостоншинос), Абдунаби Сатторзода, доктори илмҳои филологӣ,Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ, Зафари Мирзоён, ховаршинос ва дигарон имзо гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG