Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Узбекистон хостанд, ҷавобгариро барои таҳқири президент бекор кунад


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch  аз ҳукумати Узбекистон даъват кардааст, ки ҷавобгарии ҷиноиро барои “таҳқири президент дар Интернет” бекор ва ҳамаи маҳбусонеро, ки бо ин ҷурм паси панҷара рафтаанд, озод кунад.

Дар изҳороти созмон аз 30-юми май гуфта мешавад, дар Узбекистон шумори онҳое, ки барои “таҳқири президент дар Интернет” зиндонӣ шудаанд, меафзояд.

Тибқи маълумоти созмон, қонунгузории Узбекистон барои онҳое, ки ба “Таҳқири оммавӣ ё туҳмати президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо истифода аз матбуот ё воситаҳои дигари ахбори ом, шабакаҳои иртиботӣ ё интернет” айбдор дониста мешаванд, то 3 сол корҳои ислоҳӣ ё аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, иттиҳоме, ки 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад, нақзи ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. “Мардум дар Узбекистон бояд имкон дошта бошанд, ки президент ва мансабдорони дигарро ошкоро танқид кунанд," - омадааст дар изҳорот.

Созмон соли гузашта дар бораи 5 шаҳрванди Узбекистон, ки бо ҷурми таҳқир ё туҳмати президент аз озодӣ маҳрум шудаанд, хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG