Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти “Вахш” дар мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон-2026

Дастаи Вахш
Дастаи Вахш

Пас аз танаффуси сеҳафтаина бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 4-6-уми апрел баргузор шуданд.

Нахуст дастаҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан 4-уми апрел дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд ба рақобат пардохтанд. Бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 ба поён расид.

Сипас дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар “Вахш” бо КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе рақобат кард. Ин бозӣ бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Ин аввалин бохти “Вахш” ва нахустин пирӯзии КМВА дар мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ба шумор меравад.

Се бозии дигари даври сеюм рӯзи 5-уми апрел доир шуд.

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор “Истиқлол”-и Душанбе бо “Равшан”-и Кӯлоб вориди рақобат гардиданд. Бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд “Парвоз”-и Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозӣ кард. Меҳмонон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.

Дар варзишгоҳи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор дастаи мизбон бар тими нави лигаи олӣ – “Сардор”-и шаҳри Турсунзода – бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст овард.

Бозии охирини даври сеюм 6-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва “Эсхата”-и Хуҷанд сурат гирифт. Дар ин дидор меҳмонон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дастаҳои “Ҳосилот” ва “Хуҷанд” бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. “Вахш” бо шаш имтиёз мақоми сеюмро касб кардааст.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 10-12-уми апрел баргузор мешаванд.

Мавсими нави лигаи олӣ бо ширкати 12 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки дар мусобиқаи соли 2026 мақоми охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум меафтад ва бошгоҳе, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026

Лигаи олӣ

Даври 3-юм

4-уми апрел (шанбе)

«Хуҷанд» – «Истаравшан» -1:0

Гол: Файзиев, 47 (пеналти)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», 11535 тамошобин.

«Вахш» – КМВА - 0:1

Гол: Боронов, 43 (пеналти)

Бохтар. Варзишгоҳи “Вахш”, 5000 тамошобин.

5-уми апрел (якшанбе)

«Истиқлол» – «Равшан» - 0:0

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ, 2800 тамошобин.

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ» - 0:1

Гол: Бобоҷонов, 51

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

1000 тамошобин.

«Ҳосилот» – «Сардор» - 3:2

Голҳо: Солеҳов, 24, Акомади, 35; 68 – Норбоев, 3, Зокиров, 40

Фархор. Варзишгоҳи марказӣ, 3500 тамошобин.

6-уми апрел (душанбе)

«Барқчӣ» – «Эсхата» - 1:2

Голҳо: Асанте, 90+2 – Самадов, 54, Чақалов, 90+10

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 310 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа пас аз натиҷагирии бозиҳои даври сеюм:

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1“Ҳосилот”32106-27
2“Хуҷанд”32103-07
3“Вахш”32014-26
4“Истиқлол”31201-05
5”Сардор”31115-34
6“Регар-ТадАЗ”31111-14
7КМВА31111-34
8“Барқчӣ”31024-63
9“Эсхата”31023-53
10“Истаравшан”30212-32
11“Равшан”30212-32
12“Парвоз”30122-61

Даври 4-ум

10-уми апрел (ҷумъа)

КМВА – «Барқчӣ»

«Сардор» – «Хуҷанд»

11-уми апрел (шанбе)

«Равшан» – «Эсхата»

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»

12-уми апрел (якшанбе)

«Истаравшан» – «Вахш»

«Истиқлол» – «Парвоз»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG