Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаҳои маргбор. Дар як рӯз 5 нафар ҳалок шудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти умури дохилӣ аз чаҳор садамаи нақлиётии маргбор дар як рӯз хабар медиҳанд, ки бар асари онҳо 5 нафар ҳалок шудаанд.

Ин садамаҳои нақлиётии маргбор дар рӯзи шанбеи 10-уми август рух додаанд ва дар се ҳолати он ронандагон бо автомобили тамғаи «Опел-Астра» ва чорумин бо мошини тамғаи «ДЭУ-Тико» ба садама дучор шудаанд.

Аз вазорати умури дохилӣ хабар доданд, ки Фаридун Одинаеви 21 сола, ронандаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Чашмаи Ҷӯшони ҳамин ноҳия, воситаи нақлиётро идора карда натавониста ноболиғ Самандари Назримади 17 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин рӯз дар роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Ромит автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки Ҷалол Ҷамолови 62 сола онро идора мекард ба дарахти канори роҳ бармехӯрад ва дар натиҷа ронанда ба ҳалокат мерасад.

Чунин садмаи нақлиётӣ дар ин рӯз дар ноҳияи Вахш рӯх медиҳад. Ронанда Азизулло Пирови 50 сола аз ӯҳдаи идораи автомобили тамғаи «Опел-Астра» наромада ба тарафи чапи роҳ рафта ба рӯди обгузори Кирови ҳамин ноҳия афтода ғарқ мешавад. Ҳангоми ҷӯстуҷӯи рӯд, ҷасади ронандаро пайдо кардаанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаннок, дар километри 156-уми ҳудуди мавзеи «Шахи Дарвоз»-и ағбаи «Шаҳристон», ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Тико», Маҳмадраҷаб Нурови 42 сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 200 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда ва мусофи он Фарҳод Нурови 14 сола ба ҳалокат мерасанд.

Ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи «Мерседес» Сайдалӣ Назмишоев, сокини шаҳри Душанбе ҳамроҳи 4 нафар мусофирон дар мавзеи «Содроғ»-и деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвоз бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, аз баландии 9-метр ба дарёи «Панҷ» сарозер шуда буданд. Дар натиҷа 3 хоҳарон ба дарё ғарқшуда буданд. Аз вазорати корҳои дохилӣ то ба ҳол дар бораи пайдо шудани ин мусофирон иттилоъе дода нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилоъи бозрасии давлатии автамобиӣ то охири моҳи июл дар роҳҳои Тоҷикистон 724 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он зиёда аз 230 нафар ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 800 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG