Пайвандҳои дастрасӣ

Аз "Москвич"-и вазорати энержӣ то "Мерседес"-и "Тоҷиксуғурта"


Вазорату идораҳои Тоҷикистон мошинҳоеро ба фурӯш гузоштаанд, ки танҳо таваҷҷӯҳи ду гурӯҳ харидоронро метавонад, ба худ ҷалб кунад: дӯстдорони мошинҳои қадима (раритет) ва тоҷирони оҳанпораро.

Мошинҳои сабукрав ва боркашон, ки аксаран кӯҳнаву фарсуда ба назар мерасанд, дар торнамои расмии идораи Ташкили фурӯши амволи давлатӣ ҷой шудаанд. Ин идора масъули фурӯши амволи давлатист.

Аз Москвичи Вазорати энергетика то Мерседеси “Тоҷиксуғурта”

Дар миёни эълонҳои ин торнамо, беш аз ҳама мошини ба фурӯш гузоштаи Вазорати энергетика ва захираҳои об таваҷҷӯҳро ҷалб мекунад. Вазорат як мошини сурхи тамғаи “Москвич-412”- ба фурӯш гузоштааст, ки 35 сол пеш истеҳсол шудааст ва як чархаш ҳам нест. Агар хариданӣ ҳастед, бишитобед, зеро нархи ибтидоии он 1 ҳазору 12 сомонӣ, ё тақрибан 130 доллар аст.

Москвиче, ки 130 доллар нарх гузоштаанд.
Москвиче, ки 130 доллар нарх гузоштаанд.

Мисли Вазорати энергетика, дигар идораҳои давлатӣ ҳам мошинҳои корношоям зиёд доштаанд. Ҳарчанд аксарияти мошинҳо кӯҳнаву фарсуда ба назар мерасанд, аммо як назар ба тамғаи мошинҳо ва идораҳои фурӯшанда кофист, ки маълум шавад, кадом идора дар Тоҷикистон пули бештар дорад, кадоме камтар.

Барои мисол, Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҳамин торнамо ду мошинро ба фурӯш гузоштааст, ки дар қиёс бо "Москвич"и вазорати энергетика бообрӯтар аст. Яке аз онҳо мошини тамғаи "Лада" маъруф бо номи "Жигули 07" аст, ки 3400 сомонӣ нарх дорад.

Музояда бо усули англисӣ доир мешавад. Яъне нафаре ғолиб дониста мешавад, ки аз нархи ибтидоии таъиншуда қиммати аз дигар ширкатдорон баландтарро пешниҳод кунанд.

Идораи молияи шаҳри Душанбе мошини тамғаи 3102 ва "Волга"-ро ба фурӯш гузоштааст, ки то замони ба "Ландкрузер Прадо" нишастани мансабдорони тоҷик “мошини раисон” ба шумор мерафт.

Нархи ин “Волга”-и аҳди шӯравӣ ва як замон маъруф 1770 сомонӣ муодили тақрибан 200 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.

Дар миёни мошинҳои фурӯшӣ, ки эҳтимолан як замон дар сандалиҳояшон раисе такя мезад, мошинҳои як идораи ташхиси сифати тилло ва идораи “Тоҷиксуғурта” бообрӯтар ба назар мерасад, ки аз вазъи хуби молии ин идораҳо дарак медиҳад. Ин идора ду мошини тамғаи ВАЗ-2199 ва “Тоҷиксуғурта” як мошини “Мерседес Бенс”-ро ба фурӯш гузоштаанд.

Музояда бо усули англисӣ: бардорад зам кун!

Мерседесе, ки мумкин раисеро мебурд.
Мерседесе, ки мумкин раисеро мебурд.

Дар идораи Ташкили фурӯши амволи давлатӣ рӯзи 7-уми нобяр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар музоядаи мошинҳо ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ширкат кунанд. Шарти ягона дар музояда ворид намудани 750 сомонӣ гаравпулӣ аст, ки дар сурати ғолиб омадан ба ҳайси қисме аз нархи мошин ҳисоб мешавад, дар акси ҳол ҳамаашро бармегардонанд.

“Музояда бо усули англисӣ доир мешавад. Яъне нафаре ғолиб дониста мешавад, ки аз нархи ибтидоии таъиншуда қиммати аз дигар ширкатдорон баландтарро пешниҳод кунанд” - гуфтанд дар ин идора.

Беҳрӯз Калонов як ҷавони тоҷик, ки ба хариди фурӯш ва таъмири мошинҳо машғул аст, мегӯяд нархи мошинҳо аз арзиши бозориашон гаронтар таъйин шудааст, чун аксарияти онҳоро таъмир кардан, ғайриимкон аст ва беҳтар аст, онро ба ҷойи оҳанпора супоранд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, айни замон як килограм оҳанпора дар бозор 50-60 дирам нарх дорад ва "Москвич" бо ҳам қисматҳояш 1040 килограм вазн дорад ва қимати он ба ҳайси онҳанпора 600- 650 сомонӣ бояд бошад.

Калонов мегӯяд, бо чунин нарх ин "Москвич" харидори зиёд нахоҳад дошт, магар ин, ки афроди дӯстдори мошинҳои қадимӣ ин мошинро барои таъмиру навсозӣ ва ширкат дар намоиши мошинҳои раритет ва ё қадима харидорӣ накунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG