Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи Хадамоти гумрук дар бемористон даргузашт. ВИДЕО


Акс аз маҳалли ҳодисаи беҳуш шудани Фахриддин Собиров дар назди истгоҳи телевизиони "Сафина" дар маркази шаҳри Душанбе.
Акс аз маҳалли ҳодисаи беҳуш шудани Фахриддин Собиров дар назди истгоҳи телевизиони "Сафина" дар маркази шаҳри Душанбе.

Полковники гумрук Фахриддин Собиров, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри душанбеи 15-уми октябр дар бемористони Қаряи Боло даргузашт.

Манобеи бемористонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Фахриддин Собиров, ки рӯзи шанбеи 13-уми октябр дар ҳолати беҳушӣ дар назди истгоҳи телевизиони "Сафина" пайдо шуд, соатҳои тақрибан 15:20 дақиқаи рӯзи душанбе дар шӯъбаи панҷуми бемористони Қаряи боло вафот кард.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр гуфт, Фахриддин Собиров бинобар афтодани ӯ дар роҳ ва бархӯрдани сараш дар ҷисми сахт осеб дида, беҳуш шудааст.

Фахриддин Собиров, як ҳафта қабл дар мақоми сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъйин шуда буд. Табибони тоҷик субҳи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки вазъи Фахриддин Собиров, "ниҳоят вазнин" аст.

Феълан аз тарафи додситонӣ ва мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон тафтиши ҳодиса оғоз шудааст. Ҷасади Фахридди Собиров пас аз ташхис ба манзили хоҳараш воқеъ дар яке аз маҳаллаҳои наздик ба фурудгоҳ, интиқол дода шуд. Маросими ҷанозаи вай фардо, 16-уми октябр баргузор мешавад.

Сухангӯи Хадамоти гумрук дар бемористон даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

ВКД: Ҳеҷ ҳамла ба Собиров сурат нагирифтааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр бо нашри навор аз камераҳои мадорбаста гуфт, Фахриддин Собиров бинобар афтодани ӯ дар роҳ ва бархӯрдани сараш дар ҷисми сахт осеб дида, беҳуш шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳеҷ ҳамлае ба ӯ сурат нагирифтааст ва дурбинҳои "шаҳри бехатар" нишон доданд, ки Фахриддин ҳангоми аз роҳ убур кардан афтида ва сараш осеб дидааст.

"Фишораш то 220 боло шуда, дар роҳ меафтад ва вақте ки занҳои роҳрӯб ӯро аз ҷояш мехезонанд, мегӯяд, ки ӯро ба хонаи апааш баранд. Дар наворҳои дида мешавад, ки ба вай ҳамлае сурат нагирифтааст. То хонаи апааш бурдан, саломатиаш хуб буда, баъди аз онҷо ба Қарияи Боло овардан, аз ҳуш меравад ва то ҳол ба худ наёмадааст. Аз ин рӯ, ба Фахриддин Собиров ҳамлае сурат нагирифтааст ва латтукӯб нашудааст",- афзуд Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Навори аз по афтидани Фахриддин Собиров нашр шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:17:38 0:00

Хоҳар: Сараш пури хун буд

Хоҳари калонии Фахриддин Сайёра Cобирова мегӯяд, Фахриддин рӯзи шанбеи 13 октябр дар ҷаласаи (коллегия) Хадамоти гумрук ҳамчун сухангӯи ин ниҳод иштирок дошт ва тақрибан то 20 дақиқа ба поёни ин ҷаласа, аз толори Хадамот берун рафт ва дар роҳ бо чунин воқеа рӯбарӯ шуд.

"Субҳ ба ҷаласаи корӣ рафт ва аз он ҷо берун шуда ба ин ҳол гирифтор шуд. Вақте ба хона оварданд, аллакай сараш пури хун буд ва ҳеҷ гап зада наметавонист. Беҳуш буд. Духтур омада бурд ва вақте ба томография бурданд, ҳамингуна сараш пури хун буд", - афзуд Сайёра Собирова.

Ҷарроҳӣ тақрибан чор соат идома кард ва ӯ ҳеҷ гоҳ дигар ба ҳуш наомад.

Фахриддин Собиров дар телевизиони давлатии Тоҷикистон кор карда, муддате пеш ба кор дар дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Тоҷикистон гузашт. Аз ӯ ду фарзанд боқӣ монд.

Дар гузашта ҳам Абдураҳим Умариён, сухангуи собиқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳам мавриди латукуб қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG