Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Отамбоев аз иштирок дар интихоботи президентӣ даст кашид


Алмосбек Отамбоев, ки давоми чанд соли охир барои ҷоҳталабиҳои сиёсиаш интиқод мешуд, рӯзи 1 декабр гуфт, ки намехоҳад барои мӯҳлати дуюми президентӣ мубориза барад. Вай гуфт, ки президентони Русия ва Қазоқистон – Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев аз ӯ хоста буданд, ки номзадиашро барои мӯҳлати навбатии президентӣ пешбарӣ кунад, вале ӯ посухи рад додааст.

«Андешаҳое буд, ки пеш аз мӯҳлат аз вазифа равам, хеле хаста шудам. Ба ҳар ҳол, бубинем, чӣ мешавад. Путин ва Назарбоев аз ман хоста буданд, ки аз вазифа наравам. Вале ман ба онҳо гуфтам, ки мардуми мо дигар аст. Мутмаин ҳастам, ки мо бояд мисли мардуми Аврупо бошем. Он ҷо мардум президенташонро намешиносанд, онҳо фақат кор мекунанд».

Дар Қирғизистон соли 2017 интихоботи навбатии президентӣ баргузор мешавад ва мунаққидону мухолифони сиёсӣ пешгӯӣ мекарданд, ки раиси ҷумҳурии амалкунанда Алмосбек Отамбоев ҳатман муддаии мӯҳлати дуюми президентӣ мешавад. Дар мулоқот бо журналистон рӯзи 1 декабр дар Бишкек Алмосбек Отамбоев ваъда дод, ки интихоботи президентӣ «одилона» ва «сазовор» баргузор хоҳад шуд. Вай гуфт, «Интихоботи ахири парлумонӣ (соли 2015) хуб гузашт, ягон митинг набуд. Албатта, ҳодисаҳое буд, ки баъзе шаҳрвандон овози худро фурӯхтанд, вале вазъияти атрофи интихобот дигар онгуна нест, ки дар гузашта буд».

Апрели соли 2015
Апрели соли 2015

Алмосбек Отамбоев давоми бахусус ду соли охир дар маркази таваҷҷӯҳи матбуот ва мунаққидонаш қарор дошт ва на фақат ба хотири ин ки президент аст. Ташаббуси ӯ барои тағйири конститутсияи кишвар, ки бо ҳадафи тақвияти мавқеи раиси ҳукумат – нахуствазири ояндаи ин кишвар карда шуд, бо мухолифатҳои ҳамсангарони инқилобии ӯ, аз ҷумла Роза Отунбоева, президенти собиқи ин кишвар рӯбарӯ шуд.

Мунаққидон Отамбоевро дар он айбдор карданд, ки мехоҳад бо тағйири конститутсия мавқеи нахуствазирро пурқувват ва дахлнопазирии ӯро таъмин карда, дар ниҳоят худ ба ин курсӣ нишинад. Аз рӯи қонунҳои баъди инқилоби соли 2010 қабулшуда, конститутсияи Қирғизистон набояд то соли 2020 тағйир дода мешуд. Ҳамин моҷароҳои ошкорои охир дар мазҳари ом ва дар маъракаҳои серҷамъияти ҳукумативу ҷамъиятӣ президентро ба ҳайси як раҳбари "даъвоиву гоҳо ғайридипломатӣ" намудор кардааст, мегӯяд Айданбек Аҳмадуулу, шореҳи бахши қирғизии Радиои Озодӣ. Вай мегӯяд, «нияти аз идомаи муборизаҳои сиёсӣ даст кашидани президент дар афсурдагии шахсиаш ҳам ҳаст, чунки ӯ мебинад, ки мизони маҳбубияташ шадидан поин шуда, дар парлумон ҳам ҳизбаш натавонист барои таъсиси эътилофи ҳукуматӣ тарафдори зиёд пайдо кунад».

Илова ба ин, гуфт Аҳмадуулу, мардум дар Қирғизистон аз вазъи иқтисодӣ хушнуд нестанд, мизони бекорӣ зиёд ва суръати муҳоҷирати кории мардум ба хориҷа баланд аст. Баҳсҳои коррупсионӣ дар миёни аъзои ҳукумат ва тарафдорони Отамбоев ҳам ба обрӯи раҳбарии ӯ осеб расонид.

Бо вуҷуди ин ки дар гузашта ҳам Отамбоев гоҳо дар бораи хатми мӯҳлати президентиаш сӯҳбат мекард, «ин навбат, ба назар мерасад, ки тасмимаш қотеъ ва самимӣ аст», гуфт ин шореҳ. Сабаби дигари дасту дил шустани Отамбоев аз қудрат сарнавишти ду раҳбари собиқи дигари Қирғизистон – Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев мебошад, ки дар паи норизоиятҳои шадиди мардум ва интиқод аз ғасби қудрат дар натиҷаи инқилобҳои мардумӣ барканор шуданд. Аҳмадуулу гуфт, «ин ҳама барои Отамбоев ҳам дарс шудааст».

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG