Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳайё Нозимова раиси Анҷумани бонувони журналист шуд


Рӯзноманигори тоҷик Муҳайё Нозимова раиси Анҷумани бонувони журналист интихоб шудааст. Анҷумаи таъсисии ин ниҳоди эҷодӣ рӯзи 2 ноябр дар меҳмонхонаи "Ҳайят Реҷенси" баргузор шуд ва ҳудуди панҷоҳ тан аз рӯзноманигорони зан аз ҳама минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.

Ба гуфтаи Вера Кулакова, раҳбари кулли радиои "Ватан" аз мубтакирони таъсиси ин ниҳоди рӯзноманигорӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, идеяи ташкили Ассотсиатсияи бонувони журналист дар гузашта зиёд баррасӣ гардида буд ва ҳамакнун ҷомаи амал пӯшид. Ӯ гуфт, дар ин ҳамоиш намояндагони ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок доштанд ва дар натиҷаи овоздиҳии озод Муҳайё Нозимова - журналисти маъруф ва ҳомии ҳуқуқ интихоб, ба ин мақом интихоб шуд. Ба гуфтаи Вера Кулакова рӯзноманигорон Салимахон Ваҳҳобзода, Раъно Зоирдухт, Муштарӣ Аслоншоева, Нуринисо Муртазоева ва Фирӯза Мирҷумъева аъзои ҳайати раҳбарии ин ташаккул интихоб шудаанд.

Вера Кулакова ҳадафи аслӣ аз таъсиси ин иттиҳодияро, ҳимояи манфиатҳои занон, мусоидат дар фаъолияти корӣ ва эҷодӣ ва ташкили ҷоизаҳои солона барои рӯзноманигорони тоҷик гуфт. Вера Кулокова гуфт, ки рӯзҳои наздик барои сабти номи ин иттиҳодия ба вазорати адлия муроҷиат хоҳанд кард.

Раҳбари Анҷумани бонувони журналист Муҳайё Нозимова хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад ва давоми панҷ сол дар ин факулта дарс гуфтааст.

Вай чанд муддат дар мақоми сармуҳаррири маҷаллаи иҷтимоӣ-фарҳангии "Овоза ва ҳақиқат" кор кардааст. Муҳайё Нозимова ҳамчунин дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ ба унвони рӯзноманигори пажӯҳишгар фаъолият кардааст. Чанд муддат сармуҳаррири ҳафтаномаи "Ману ту" буд ва баъдан фаъолияти худро дар ҳафтаномаи "Фараж" идома додааст.

Бо забонҳои русӣ ва англисӣ ошноӣ дорад ва дар семинар ва давраҳои тахассусӣ дар чандин кишвари хориҷӣ ширкат кардааст. Ӯ мутарҷими чандин филм ва китоб ба забони тоҷикӣ низ мебошад.

XS
SM
MD
LG