Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти домоди Аскар Оқоев дар Маскав


Дар Маскав домоди раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Аскар Оқоев, шаҳрванди Қазоқистон Одил Туйғонбоев боздошт шудааст.

Одил Туйғонбоев, домоди раисиҷумҳури пешини Қирғизистон дар Маскав бо дархости мақомоти қирғиз боздошт шудааст. Кормандони бахши русии Полиси байнулмилал – Интерпол, ӯро рӯзи 9 феврал дар яке аз фурудгоҳҳои Русия, дар ҳоле боздошт карданд, ки мехост ба назди ҳамсар ва писараш ба Швейтсария парвоз кунад.

Хабари боздошти ӯро намояндаи Додситонии кулли Қирғизистон ва вакили ҳуқуқии ӯ дар ин кишвар Икромиддин Айтқулов тасдиқ карданд. Ҷаноби Айтқулов ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: «Ман телефонӣ бо вакили Одил Туйғонбоев дар Русия суҳбат кардам. Вай тасдиқ кард, ки ӯ барои ду шабонарӯз боздошт шудааст. Боздошти ӯ зимни санадҳои соли 2005 ба амал омадааст, ки мақомоти қирғиз ба Интерпол додаанд. Мехоҳам, таъкид кунам, ки зимни ин ҳуҷҷатҳо истирдоди ӯ ба Қирғизистон номумкин аст ва ӯро ба зудӣ озод хоҳанд кард.»

Боздошти домоди Аскар Оқоев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00
Линки мустақим

Додситонии кулли Қирғизистон Одил Туйғонбоевро ба он айбдор мекунад, ки дар солҳои 2001-2005 чанд корхона ва ширкати Қирғизистонро ба таври ғайриқонунӣ ба моликияти худ табдил дода, миллионҳо долларро ба яғмо бурдааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, вай ду корхонаи шароб, як шабакаи телевизионӣ, нашрияи «Вечерний Бишкек», корхонаи шиферу сементи Кант ва тиҷорати маводи сӯхтро аз худ кардааст. Туйғонбоев зимни се банди қонуни ҷазои ҷиноии Қирғизистон ба қаллобӣ, дуздии сармояҳои бузург ва насупурдани андоз айбдор мешавад. Мақомоти қирғиз мегӯянд, танҳо ворид кардани маводи нафтӣ аз тарафи ширкати Туйғонбоев ба давлати Қирғизистон 15 миллион доллар зарар овардааст. Аммо худи Туйғонбоев ин айбномаро рад мекунад. Вай мегӯяд, чандин сол аст, аз духтари Оқоев – Бермет ҷудо шуда оилаи нав барпо кардааст ва намехоҳад, масъулияти хатоҳои хонадони президенти пешинро бар дӯш гирад.

Одил Туйғонбоев шавҳари духтари калонии президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев, баъд аз «инқилоби лолаҳо» дар моҳи марти соли 2005 кишварро тарк кард ва дар Қазоқистон ба сар мебурд. Мақомоти Қирғизистон борҳо аз Остона боздошт ва истирдоди ӯро талаб карда, вале ҳамеша посухи рад гирифтаанд. Моҳи июни соли гузашта Туйғонбоев дар Алмато боздошт ва ба зудӣ раҳо шуд.

Вакили ӯ мегӯяд, ин бор ҳам гумон намекунад, Туйғонбоев ба мақомоти Қирғизистон дода шавад, зеро ӯ шаҳрванди Қазоқистон аст ва бино бар қонунҳои Қирғизистон шаҳрванди хориҷие, ки дар қаламрави ин кишвар даст ба ҷиноят задаву аз ҳудуди он берун рафтааст, бояд зимни айбномаи мақомоти қирғиз дар кишвари худ муҳокима ва муҷозот шавад.
XS
SM
MD
LG