Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тендери Вазорати молияро Asian Business Group бурд


Вазорати молия дар доираи иҷрои тарҳи бунёди лӯлаи гази Туркманистон-Чин, як ширкати дохилии машваратиро барои пешниҳоди хизматрасониҳои техникӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ интихоб кардааст.

Як манбаъ дар Вазорати молияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар тендере, ки вазорат моҳи март эълон кард, бештар аз 10 ширкати дохиливу хориҷӣ иштирок карданд ва байни онҳо ширкати консалтингии Asian Business Group, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, ғолиб омад.

Ба гуфтаи мақоми вазорат, "ширкати мазкур ба шӯрои мудирон ва саҳомони ширкатҳое, ки лӯларо месозанд, машваратҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва молиявӣ мерасонад ва ҳоло вазорат барои бастани созишнома бо Asian Business Group омодагӣ мегирад."

Лӯлаи гази Туркманистону Чин, ки тақрибан 400 километри он аз хоки Тоҷикистон бояд гузарад, як тарҳи азимест, ки ба гуфтаи мақомот, дар сурати иҷрои он Тоҷикистон солона бештар аз 1 миллиард доллар фоида мегирад.

Ҷамъияти саҳомии масъулияташ маҳдуди «Азиан Бизнес Груп-Лигал Эдвайзер» аз соли 2006 дар бозори хадамоти консалтингии Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар муаррифии ширкат дар вебсайти он омадааст, ки “мутахассисони ботаҷрибаи ширкат дар соҳаҳои гуногун, ҳама вазифаҳои мушкилро ҳал мекунанд.”

"Азиан Бизнес Груп Лигал Эдвайзер”, то кунун ба ширкатҳое бузурге дар Тоҷикистон ба мисли “Бабилон”, “Газпромнефт-Тоҷикистон”, ҷамъияти саҳҳомии “Сангтӯда-1”, “Сомон Ойл”, Созидание” ва намояндагии ширкати туркии “Энка Иншаат” дар Тоҷикистон машваратҳои ҳуқуқиву тиҷоратӣ додааст. Аммо дар бораи муассисони ширкат чизе гуфта нашудааст.

Хатти лӯлае, ки аз Тоҷикистон мегузарад, яке аз шохаҳои лӯлаи “Осиёи Марказӣ - Чин” аст, ки тақрибан 3700 километр тӯл дорад ва қарор аст, солона аз кишварҳои минтақа ба Чин 80 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол бидиҳад. Бо вуҷуди манофеъи иқтисодии тарҳи мазкур барои Тоҷикистон мушкили норасоии гази табиӣ дар кишвар боқӣ мемонад, зеро бар асоси қарордод, Тоҷикистон ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯларо нахоҳад дошт, балки танҳо пули транизити газро мегирад.

Охири моҳи декабри соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, созишнома дар бораи усулҳои ҳамкории ҳукумат ва ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-ро тавсиб карданд, ки аз иҷрокунандагони аслии тарҳи сохтмони лӯла мешавад. Қарор буд, бунёди қитъаи тоҷикистонии хатти чоруми интиқоли гази Осиёи Миёна ба Чин моҳи апрел шурӯъ шавад, вале онгуна ки дар вазорати молия гуфтанд, ҳоло корҳои сохтмониро оғоз нашудааст.

Хатти мазкур хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Миёна - Чин аст ва аз Туркманистон шурӯъ мешавад ва тавассути қаламрави Узбакистон бо тӯли 200 км, Тоҷикистон 391 км ва Қирғизистон 210 км ба Чин ворид мегардад. Барои бунёди лӯла дар Тоҷикистон, ки аз водиҳои Ҳисору Рашт то Ҷиргатол тӯл кашида ба Қирғизистон мегузарад, сохтмони 45 нақб, бо тӯли умумии 75 километр ва 24 нақби зериобии лӯлаи газ ба нақша гирифта шудааст.

Барои сохтмони ин хатти лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон ғайр аз маблағи оинноммавии ширкати муштарак, ки 600 миллион долларро ташкил медиҳад, инчунин қарзи иловагӣ ба маблағи 2, 6 миллиард доллар зарур аст, ки дар маҷмӯъ арзиши лоиҳа 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ даромади умумии корхонаи муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd» дар давоми 32 соли фаъолият 15 миллиард долларро ташкил дода, ба буҷети кишвар 1 миллиарду 248 миллион доллар андоз хоҳад овард. Сохтмони ин лӯлаи газ дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки иқтисоди Тоҷикистон чанд сол боз ба камбуди шадиди газ дучор шудааст. Узбакистон сол ба сол содироти газаш ба Тоҷикистонро кам ва аз соли 2012 пурра қатъ кард ва ба транзити гази лозим барои Тоҷикистон аз Туркманистон низ розӣ нашуд.

XS
SM
MD
LG