Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили Asia-Plus: Фаннӣ, сиёсӣ, аз берун ва ё дохили Тоҷикистон?


Масъулони хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтанд, ба талошҳои худ барои барқарор шудани дастрасӣ ба вебсайти ин расона аз роҳҳои қонунӣ идома медиҳанд. Онҳо умед доранд, ки мақомоти баландпояи кишвар низ ба ин мушкил таваҷҷуҳ мекунанд.

Масъулини Хадамоти алоқати Тоҷикистон мегӯянд, дастнорас шудани вебсайти расмии оҷонсӣ (news.tj ва asiaplus.tj) аз рӯзи 19-уми август, "мавриди баррасӣ" аст ва рух додани чунин ҳолат метавонад натиҷаи "дахолат аз берун бошад". Вале мутахассисони байналмилалии фанновариҳои нав мегӯянд, дигар шудани як аломат дар суроғаи техникӣ (табдили "о" ба "0") дасткории инсонист ва метавонист дар дохили кишвар ва аз ҷониби афроде, ки ба он дастрасӣ доранд, анҷом шавад.

Феълан "Азия-Плюс" матолиби худро дар ин суроға ба хонандагон пешкаш мекунад.

Дар бораи эҷоди мушкил дар суроғаи фаннии Оҷонси “Азия-Плюс” дар созмони ICANN ҳам хабар доранд. Ин созмон дар Лос-Анҷелеси Амрико масъули назорат аз амнияти интернетӣ дар ҷаҳон мебошад. Рисолати аслии он кумак дар ҳамоҳангсозии фаъолияти IANA ё идораи тақсими рақамҳои интернет мебошад, ки дар фаъолияти DNS (Domain Name System), яъне низоми номгузории сомонаҳо лозим мебошад.

ICANN: Ном ва калидвожаи asiaplus.Itd рахна шудааст

Букет Ҷошкунер, ҳамоҳангсози муоширати байналмилалӣ дар ICANN рӯзи 4-уми сентябр дар посухи хаттиаш ба Радиои Озодӣ ҳодисаи тағйир ёфтани ҳарфи “О” ба сифр ё “0” дар суроғаи техникии вебсайтро шарҳ дод.

Ҷошкунер гуфт, “ба мо маълум аст, ки ном (username) ва калидвожа (password)-е, ки asiaplus.Itd барои ворид шудан ба номи домейн дар сайти сабтшудааш истифода мекунад, рахна шудааст ва як шахси ғайримутасаддӣ ин нишондодро тағйир додааст. Вале мо намедонем, ки инро чӣ касе анҷом додааст”. Ин мутахассиси ICANN афзуд, "ҳамаи ҷонибҳо, яъне “худи “Азия-Плюс”, регистратор ё ниҳоди сабткунанда ва ниҳоде, ки дар он доменҳои .tj сабтином мешаванд, бояд таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдодаро ба роҳ монда, нуқтаҳои заъфро пайдо кунанд”.

Ба гуфтаи Букет Ҷошкунер, чунин ҳолат метавонад аз ҷониби як шахс ё гурӯҳи манфиатдор, масалан, рақиби тиҷоратӣ анҷом шавад ва дар ин ҳолат мусалламан “нақзи DNS” рух додааст. Мутахассиси дигари ICANN мегӯяд, ки дар ҳолатҳое ба монанди ин - ширкати осебдида, яъне “Азия-Плюс” ҳақ дорад ислоҳ ё ҳал нашудани мушкилро аз ниҳоди сабтиномкунандаи доменҳои .tj талаб кунад. Дар сурати беамалии мақомот ва ё нодида гирифта шудани дархости ҷониби ҷабрдида, ба андешаи Луна Мадӣ, мутахассиси дигари ICANN, бояд бар асоси созишномаҳои имзошуда амал кард.

“Мо ба додгоҳу мақомоти танзимкунандаи ҳукуматҳо такя мекунем, то ки фаъолиятҳои ғайриқонуниро дар ҳар кишвар назорат кунанд”, -- гуфт ӯ.

Ба ибораи дигар, ин созмон ба “Азия-Плюс” машварат медиҳад, ки дар сурати нодида гирифта шудани дархосташ барои ислоҳи исми DNS, аз роҳҳои ҳуқуқӣ амал карда, ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Хадамоти алоқа: “Ин мушкилро баррасӣ дорем”

Бо гузашти наздики се ҳафта аз ошкор шудани мушкил ва ҳам аз ҷониби худи масъулони “Азия-Плюс” мушаххасан ишора шудани сабаби дастнорас шудани вебсайт, мақомот ин қазияро шарҳ намедиҳанд. Аз ҷумла, ҳеҷ ниҳоди масъули бақайдгирии доменҳои маҳаллӣ ва нозир аз фаъолияти шабакаҳо, мисли Хадамоти алоқа ва ширкати “Тоҷиктелеком” – ба номаҳои “Азия-Плюс” оид ба ҳалли мушкили фаннӣ посух надодааст.

Рӯзи 3-юми сентябр Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар як муроҷиати телефонии Радиои Озодӣ гуфт, “ман худам шахсан инро шунидам ва фаҳмидам, ки гӯиё бо сабаби ба адади "0" табдил шудани ҳарфи "О" ин сомона мушкил пайдо кардааст. Ҳоло мутахассисони хадамот инро баррасӣ доранд, натиҷааш ҳанӯз маълум нест. Супориш ҳам гирифта буданд ва инро ҳатман мебинанд. Омили дигар ҳам ҳаст, ки ин мушкил метавонад аз берун бошад. Барои ҳамин инро мушаххас кардан лозим аст”.

Вале мутахассисони фаннӣ ва огоҳ аз муқаррароти сабтином ва фаъолияти домен ва номҳои фаннӣ (DNS)-и вебсайтҳои марбут ба .tj аз берун ҳал шудани ин мушкили фаннӣ ва ё имкони рахна шудани онро рад мекунанд. Ба қавли онҳо, ин кор танҳо аз дасти касоне меояд, ки соҳиби домени дуҳарфаи tj, соҳиби хостинг, ки сомонаи “Азия-Плюс” дар он ҷойгир шудааст ва ҳам ҳакерҳо меояд.

Умед Бобохонов: Умедворем, президент адолатро барқарор мекунад

“Азия-Плюс” – гурӯҳи расонаҳои мустақилест, ки соли 1996 таъсис шуда, аз хабаргузорӣ, нашрия ва ширкати телевизиону радио иборат аст. Исми рахнашудаи вебсайти ин гурӯҳи матбуотӣ, ки барои инъикоси кулли фаъолияти хабариву тиҷоратии ин созмон хидмат мекунад, пешбурди фаъолиятҳои ширкатро мушкил кардааст. Бахши муҳими фаъолияти ин ширкат ба таблиғоту рекламаи тиҷоратӣ марбут аст, ки даромади молии онро таъмин мекунад.

Умед Бобохонов, раиси кулли ин ширкат мегӯяд, муроҷиати даҳ рӯз пеши онҳо ба ниҳоди сабтиномкунандаи маҳаллӣ, ки домени .tj-ро назорат мекунад, натиҷа надод. Ба гуфтаи ӯ, муроҷиати Интернет-провайдери ширкат (“Истера”) ҳам, ки дар ҳалли мустақилонаи ин мушкил нотавон аст, бенатиҷа будааст. Касе посух намедиҳад.

Бобохонов ба Радиои Озодӣ ҳолати рухдодаро “аҷиб” меномад ва мегӯяд, “ниҳоди миллӣ, ки барои рушди интернети ватанӣ посух медиҳад, масъулияти мустақими худро иҷро намекунад. Дар натиҷа, нафароне, ки имкони ворид шудан ба як вебсайти маъруфро надоранд, ба манбаъҳои дигари интернетӣ муроҷиат мекунанд. Бархе ба вебсайтҳое мераванд, ки тавассути садшиканҳо (VPN) боз мешаванд. Эҳтимолан, як бахши корбарони мо ба сомонаҳое муроҷиат кунанд, ки хусусияти ифротӣ доранд. Ин ба кӣ лозим аст? Ҳар касе, ки набошад, бовар дорам, ки зидди манфиатҳои давлат амал мекунад ва андешаҳои бисёр маҳдуди идорӣ ва ё манфиатҳои хусусиро дунбол мекунад”.

Ба гуфтаи Бобохонов, “Азия-Плюс” барои ҳал шудани ин қазия танҳо аз роҳи қонун ва дар чаҳорчӯби ҳуқуқӣ амал мекунад ва умедвор аст, ки ин мавқеи онҳо натиҷа медиҳад. “Дар таърихи “Азия-Плюс” чунин ҳолат як дафъаи дигар ҳам рух дода буд, - гуфт Умед Бобохонов. - Баъди он ки 17 соли пеш дар тӯли чаҳор сол паиҳам ба мо бо баҳонаҳои мухталиф аз додани иҷозатномаи расмӣ барои роҳандозии кори радио худдорӣ мекарданд, зарурати мудохилаи президент пеш омад. Ӯ аз мо ҷонибдорӣ кард ва амр дод, ки ба мо иҷозатномаи фаъолият дода шавад. Умедворем, ки ин навбат ҳам раҳбари давлат ва маъмурияти президент ба ин масъала таваҷҷӯҳ карда адолатро барқарор мекунанд”.

Коршинос: “Ин кори дасти мақомоти тоҷик аст”

Вале ба бовари бархе коршиносони тоҷики огаҳ аз қазия, дар мушкиле, ки барои “Азия-Плюс” эҷод шудааст, на омилҳои фаннӣ, балки сиёсӣ нақши муҳим мебозанд. Ҳолати рухдодаро таҳлилгар Абдумалик Қодиров “натиҷаи дахолати моҳиронаи фаннӣ” арзёбӣ кард, ки ба бовари ӯ, “бешубҳа, кори дасти мақомоти тоҷик аст”.

Ӯ гуфт, “мақомоте, ки ба траффики интернет дастрасӣ доранд ва ҳукмашон ба ҳамаи интернет-провайдерҳо мегузарад... Ин корро ба ғайр аз онҳо каси дигаре наметавонад. Ҷойгир кардани як хато дар домени як вебсайт аз дасти ҳар кас намеояд. Дар Тоҷикистон технологияҳои назораткунандаи чинӣ истифода мешавад. Ин пӯшида нест ва мақомоти тоҷик аз хидмати мушовирони техникии хитоӣ истифода мекунанд”.

Ба бовари Қодиров, масдуд шудани вебсайти “Азия-Плюс” ба хотири маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоест, ки ин расона нашр мекунад. Вале ба гуфтаи ӯ, тахмини дигари воқеӣ ҳам вуҷуд дорад, ки “Азия-Плюс” ҳадафи ҳамлаи “рейдерӣ” қарор гирифтааст, ки мақсадаш “муфлис кардан ва аз майдон баровардани” ин расона аст. Ӯ гуфт, феълан касеро ном бурда наметавонад, вале эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки “шояд кадом ширкате хостори харидани ин расонаи муваффақ аст ва бо ин роҳ мехоҳад онро аз майдони иттилоот берун биёрад”.

Ӯ гуфт, ки “Азия-Плюс” ба хотири матолиби интиқодиаш дар бораи таҳаввулоти Тоҷикистон муддати тӯлонӣ аст, ки зери фишор қарор дорад ва то кунун муроҷиат ва пуштибониҳои ниҳодҳои байналмилалии ҳомии озодии баён ва давлатҳои ғарбӣ зиёд мусоидат накард. Ба бовари ӯ, талоши расона барои аз роҳи додгоҳӣ ҳал кардани ин қазия метавонад ба дарозо кашад, чунки додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG