Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргузашти "Азия-Плюс". Як "О" ба "0" иваз шуд ё воқеа амиқтар аст? ВИДЕО


Пажуҳиши Радиои Озодӣ нишон дод, ки аз кор мондани сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс” на мушкили техникӣ, балки дасткории инсонҳост. Аз нигоҳи коршиносон тағйири нишонии фаннии вебгоҳ, мумкин аст, аз тарафи ашхос ё гуруҳҳои манфиатбардор, мақомоти марбута ё рахнагарон (ҳакерҳо) рух дода бошад.

Дигар шудани як аломат дар суроғаи техникӣ, яъне ба адади "0" табдил шудани ҳарфи "О" сабаб гашт, ки сомонаҳои хабаргузории "Азия-Плюс" (news.tj ва asiaplus.tj) аз рӯзи 19-уми август дастнорас шаванд. Эълони он ки ин сомонаҳо ҳатто ба воситаи VPN ё филтршиканҳо ҳам боз намешаванд, воҳимаангез буд, зеро ҳоло рӯшан гаштааст, ки садшиканҳо сафҳаҳоеро боз мекарданд, ки он ҷо чизе вуҷуд надошт. Яъне, суроғаи интернетӣ хонандагонро ба биёбони холӣ мебурд, чун адрес ё нишонии сафҳа тағйир ёфта буд.

Роҳбарони хабаргузории “Азия-Плюс” мегӯянд, маълум нест ин тағйир чӣ гуна рӯй додааст. Дар ин миён ангушти ишора ба сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ баланд шуд. Аммо мақомоти ин ниҳод даст доштан дар ин корро қатъиян рад карданд. Далели масъулони “Азия-Плюс” ин аст, ки танҳо хадамот ба васоити танзими доменҳо дастрасӣ дорад.

Масъулони ширкати “ИСТЭРА”, ки домени news.tj ва asiaplus.tj дар он сабтином шудааст, низ мегӯянд, аз кор мондани сомонаҳои “Азия-Плюс” ба онҳо рабт надорад. Масъулони бахши техникии ин ширкат бидуни зикри номашон рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "DNS аз мо вобаста нест. Мо дар ин ҷо ягон дахл надорем. Дар мо ҳамааш кор мекунад, мумкин аст, каси дигар маҳкам карда бошад.”

Ди Эн Эс-чист?

Ди-Эн-Эс (DNS - Domain Name System) – низоми номгузории сомонаҳост. Онро мешавад китобчаи телефонҳои адрес ё рақам низ номид. Он номҳои домейнҳоро бо суроғаҳои рақамӣ мепайвандад ва барои осон намудани ҷустуҷӯи махзанҳои интернетӣ сохта шудааст.

Ди Эн Эс-и сомонаҳои хабаргузории "Азия-Плюс" (news.tj ва asiaplus.tj) дар маъмурияти домени .TJ, ки ба мақомоти расмии соҳаи алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, бо нишонаҳои hans.ns.cl0udflare.com ва tess.ns.cl0udflare.com ҷойгир шудааст. Масъулони хабаргузорӣ иддао доранд, ки дар калимаи cl0udflare ба ҷойи ҳарфи "O" рақами "0" илова карда шудааст, ки ин кор боиси аз кор баромадани сомонаи онҳо шудааст.

Шарҳи мутахассисро дар ин видео бинед:

Мутахассис: "Чӣ гуна вебсайтро дастнорас мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Рӯзи 22-юми август, ки мо аз сомонаи маъмурияти домени .TJ бо суроғаи nic.tj дидан кардем, воқеан дар DNS-и сомонаи хабаргузоири “Азия-Плюс” калимаи cl0udflare навишта шуда буд. Мутахассисони бахши техникӣ мегӯянд ин калима тағйир дода шудааст.

Ҷустуҷӯи мо дар Интернет нишон дод, ки базаи ҷаҳоние, ки маълумоти даҳҳо вебсайт дар он ҷойгир шудааст бо нишонии cloudflare аст, на cl0udflare. Мутахассисони бахши техникӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки дар нишонии DNS-и сомонаҳои хабаргузории “Азия-Плюс” хато рафтааст ва ё қасдан тағйир дода шудааст. Маҳз ин чиз боис шудааст, ки сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс” аз кор монад.

Кӣ суроғаи сомонаи “Азия-Плюс”-ро иваз карда метавонад?

Мутахассисони соҳаи фанноварӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ шарҳ доданд, ки аз сӯи кӣ DNS-и вебгоҳ метавонад тағйир ёбад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раиси Бунёди ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" гуфт, ворид кардани тағйир дар DNS аз се ҷониб метавонад анҷом шавад:

Аз ҷониби соҳиби домени tj,

Соҳиби хостинг, ки сомонаи “Азия-Плюс” дар он ҷойгир шудааст

Ҳакерҳо ҳам истисно нестанд.

Коршиноси фанновариҳои иттилоотӣ дар Радиои Озодӣ, Аркадий Пилдес мегӯяд, ҳамчунин худи расона, ки соҳиби ин домен аст, ба он дастрасӣ дорад ва метавонад, хаторо ислоҳ намояд. Аммо раҳбари “Азия-Плюс”, Умед Бобохонов, ба нақл аз коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ба танзимот (настройкаҳо)-ҳои идораи доменҳои ҳавзаи Tj танҳо Хадамоти давлатии алоқа дастрасӣ дорад. Ба гуфтаи коршинос, ин ҳавза ба монополия табдил дода шудааст.

Соҳиби домени Tj Дастгоҳи иҷроияи президент ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳастанд. Масъулони ин ду ниҳод рӯзи 22-юми август ҳозир нашуданд, ки дар ин бора мавқеи худро рӯшан кунанд. Танҳо Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "дар ин кор даст надоранд".

Ҳамсуҳбатони мо аз бахши техникӣ истисно намекунанд, ки ворид кардани тағйир ба DNS-и сомонаи “Азия-Плюс” кори дасти гуруҳҳои манфиатҷӯ ё рақибони онҳо низ бошад. Аммо таҳқиқи қазияро танҳо нозирону танзимгарони домени Tj анҷом дода метавонанд.

Як масъули фанновариҳои иттилоотӣ дар Радиои Озодӣ гуфт, тағйир додани як рамз дар ҷойгоҳ ё сервери DNS аз назари фаннӣ барои як мутахассис кори душвор нест ва барои анҷоми чунин кор ӯ бояд дастрасӣ ба домейни мушаххаси интернетӣ дошта бошад.

Ӯ гуфт, солҳои охир чунин корҳо дар Русия, Чин ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон бисёр мушоҳида мешавад ва ин корҳо ҳам бо ҳадафҳои хусусӣ аз ҷониби рахнагарони алоҳида, ҳам бо ҳадафҳои тиҷоратӣ, яъне ба ҳам задани тиҷорати як ширкати рақиб ва ҳам бо ҳадафҳои сиёсӣ анҷом мешаванд. Ҳадафҳои сиёсиро маъмулан ҳукуматҳо дунбол мекунанд, ки бо ин шева кори сомонаҳои муайянро халалдор кунанд. Коршиноси дигар Аркадий Пилдес мегӯяд, ҳукуматҳо умдатан ба чунин корҳои хурд даст намезананд, зеро тавони онро доранд, ки куллан домейни сомонаеро аз байн баранд.

Бо ин ҳама дақиқ нест, ки кадом гуруҳ ё ниҳоди расмӣ ба иваз кардани суроға ё DNS-и сомонаи “Азия-Плюс” манфиатдор аст. Аммо натиҷа ин аст, ки яке аз хабаргузориҳои маъруфи мустақил дар Тоҷикистон ҳазорон нафар аз хонандагони худро гум кард.

Зарбаи фаннӣ ба сомонаи ин оҷонсӣ дар ҳоле зада шуд, ки масъулонаш мегуфтанд, моҳҳо боз дастрасии хонандагон ба он шадидан маҳдуд карда шудааст. Вале коршиносон изҳори ҳайрат мекунанд, ки хабаргузорӣ бояд ба DNS-и сомонаи худ дастрасӣ дошта бошад ва агар хатои фанние ба он роҳ ёфт, ин хаторо ислоҳ карда тавонад. Намояндагони расона мегӯянд, онҳо ба василаҳои танзими домен ҳеч гуна дастрасӣ надоранд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG