Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се тоҷир ва "корманди фурудгоҳ" бо 3 кило тило


Аз ҷониби мақомоти қудратӣ се шаҳрванд бо ҷурми ғайриқонунӣ ворид кардани маснуоти заргарӣ боздошт шудаанд ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудааст.

Кормандони Оҷонсии зидди фасод соҳибкорони инфиродӣ Ҳотам Сафаров, Зайнура Сафарова ва Мунира Маматкуловаро, ки бо "машварати кормандони фурудгоҳи Душанбе" маснуотҳои заргарии худро аз Туркия оварда ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон мекардаанд, боздошт карданд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз тарафи муфаттишони оҷонсӣ парвандаи ин се шаҳрванди Тоҷикистон бо кормандони фурудгоҳи Душанбе «забон як карда», маҳсулоти заргарӣ маҷмуан беш аз се кило тилоро ба таври қочоқӣ вориди бозорҳои пойтахт кардаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ онҳо тибқи моддаи 289 қисми 1 (контрабанда (қочоқ), яъне ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар предметҳо ба миқдори калон) айбдор дониста мешаванд.

Оҷонсии зидди фасод меафзояд, ин се соҳибкори инфиродӣ маснуотҳои заргариро аз Туркия ба Тоҷикистон бо воситаи ҳавопаймо, мунтазам аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо кормандони масъули фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе бо номи Низом ба таври қочоқ ва бидуни санадҳои гумрукӣ ворид намуда, минбаъд ба фурӯш мебароранд.

Аммо масъулони фурудгоҳи Душанбе мусодати кормандони худ дар амри мусоидат бо қочоқбаронро рад карда мегӯяд, ки ҳангоми интиқоли бори мусофирон командони гумрук назорат мебаранд, на фурудгоҳ.

Ҳамчунин масъулони фурудгоҳи Душанбе аз фаъолияти корманд бо номи Низомро рад мекунад ва мегӯяд, танҳот дар сурати пурра пешинҳод шудани ному насаб мешавад маълум кард, ки ин шахс кӣ аст.

Кормандони Оҷонсӣ зимин гузаронидани як амалиёт дар фурудгоҳ 19-уми июни соли равон ҳангоми ворид шудани бори навбатӣ дар ҳудуди 3041,26 грам, ки гуфтаанд бо мусоидати корманди фурудгоҳ бо номи Нозим сурат гирифтааст онҳоро боздошт кардаанд.

Ташхисгоҳи Вазорати молияи Тоҷикистон, таҳти №46 нишон додааст, ки аз 2035 дона маснуотҳои заргарии дарёфтшуда, аз хулаи тиллоӣ бо вазни 3041,26 грамм бо арзиши 380 ҳазору 732 сомониро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG