Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мису оҳанҳои зарандуд -- ба нархи ҷавоҳироти тило


Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа як зани тилофурӯшро барои тақаллубу мардумфиребӣ ба се соли зиндон маҳкум кард.

Дар ҳоле ки як қисми занону духтарони тоҷик ба фарқи байни тилои асил ва маҳсулоти бижутерӣ кам таваҷҷӯҳ мекунанд, баъзе аз фурӯшандагон мису оҳанро зарандудро ба онҳо бо нархи тило мефурӯшанд. Чанде пеш, ба гуфтаи додрас ё судяи Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, Дурандеш Иброҳимов, як зани 46-сола, ки модари се фарзанд аст, дар фурӯшгоҳи ҷавоҳироти Бозори марказии шаҳр замоне боздошт шуд, ки занҷираю гӯшворҳои тақаллубиро ба нархи тиловорӣ мефурӯхт.

Оҷонси зиддифасоди Хатлон, ки тафтиши ин парвандаро ба ӯҳда дошт, садҳо адад ангуштарию гӯшвору дастпона ва гарданбандҳои нафари маҳкумшударо, ки ба меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯ набудаанд, мусодира кардааст. Тафтишот муайян кардааст, ки соҳибкори тилофурӯш маснуоти заргарии пастсифат ва бетамғаро аз тоҷирони бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе дастрас менамудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар фурӯшгоҳи азими ҷавоҳироти шаҳри Қӯрғонтеппа даҳҳо соҳибкор ба хариду фурӯши маснуоти заргарӣ машғул буда, сокинони маҳаллӣ, ба вижа занону духтарон, ба хариди тило алоқамандии хос зоҳир мекунанд. Аммо мушкил он аст, ки мардум тилоро намешиносад ва гоҳе аз тилофурӯшҳои қаллоб онро мехарад.

Ҳарамбӣ Хоркашева, сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, борҳо шоҳиди мардумфиребии тилофурӯшон шудааст. Бино бар ин, ӯ дар хариди ҷавоҳирот аз эҳтиёт кор мегирад: "Дар мошини мусофиркаш ба сӯи Қӯрғонтеппа меомадам, ки духтаре бисёр гиря мекард, гуфт, ки гӯшвори "Самовар"-ашро тило гумон карда харидааст. Ранги гӯшвор ба зудӣ сип-сиёҳ шудааст, аммо фурӯшандаашро он духтар наёфт, то маблағашро баргардонад. Одамони мо худашон чандон аҳамият намедиҳанд, аз қадди роҳ ҳам бошад, арзон гуфта, мехаранд."

Аммо ба иддаои хонум Моҳрухсор, тоҷири тилофурӯш аз бозори Қӯрғонтеппа, бархе афрод дар харидани тиловорӣ саросема мешаванд, ки дар ниҳоят қурбони фиреби тоҷирони тасодуфӣ мегарданд: "Марди калонсоле ба фурӯшгоҳи мо омада гуфт, ки тиловориро аз Русия харидааст. Бар кашидем, ки 23 грамм аст, бовар накарда, гуфт, ки он 30 грамм аст. Ба назди чанд тоҷири дигар рафт, ки 23 грамм баромад. Он мардро дар Русия сиганҳо ё лӯлиҳои муқимӣ фиреб карда, тилои пастсифат ва вазнаш 7 грамм камро фурӯхтаанд."

Хонум Моҳрухсор афзуд, ҷамъоварии ҷавоҳирот бо дарназардошти шароити зиндагӣ дар музофот пасандози хубест, ки аксари занҳои маҳаллӣ аз ин усул истифода мекунанд. Чунин ба назар мерасад, ки мардуми вилояти Хатлон ба маблағи пасандозҳои худ ҷавоҳирот ва зару зевар хариданро аз гузоштани онҳо дар бонкҳо беҳтар мешуморанд.

Навори видео: Занҳо бо ҷавоҳирот зебоянд?

Занҳо бо ҷавоҳирот зебоянд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим


Мухтор, тоҷири тиловорӣ дар фурӯшгоҳи ҷавоҳироти Қӯрғонтеппа, мегӯяд, мардум барои "рӯзи мабодо"-и худ маснуоти заргарӣ мехаранд ва агар маблағ зарур омад, ҳамин ҷавоҳироташонро дар бонкҳо ба гарав гузошта, қарз мегиранд: "Ҷавоҳиротро мехаранд, то ки қурби пулашонро нигоҳ доранд. Дар рӯзи даркорӣ онро фурӯхта, пулашро истифода мекунанд. Боз инаш ҳам ҳаст, ки тиловориро дар ҳама давру замон зуд ба фурӯш гузоштан мумкин аст. Одамони мо ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам маблағи худро бо харидани ҷавоҳирот, мошин ё хона банд мекарданд, аммо пасандозашонро ба бонкҳо намегузоштанд."

Яке аз иллатҳои дигари тавассути харидории ҷавоҳирот нигоҳ доштани пасандоз ҳам дар боло рафтани қурби тило ва нуқра арзёбӣ мешавад. Бону ном тоҷири дигари маснуоти заргарӣ мегӯяд, дар ду соли охир қимати як грамм тило дар бозори дохилии Тоҷикистон аз 19 доллар то 42 доллари амрикоӣ, яъне беш аз 100 дарсад, боло рафт ва майли тамом доштани мардум ба хариди тиловориро ҳамин рақам асоснок мекунад.

Ба иддаои таҳлилгари маҳаллӣ Рустам Қазоқов, имсол мизони хариди тиловорӣ аз ҷониби аҳолӣ то 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Сармои қаҳратун, ки боиси дер ба муҳоҷирати корӣ рафтани ҷавонмардон гаштааст ва бинобар ақибзадагии мавсими киштукор тавонмандии харидории аҳолӣ низ поин рафтааст. Аммо ҷаноби Қазоқов мегӯяд, одатҳои мардумӣ, ки барои арӯсҳо ва духтарони ҷавон хариди ҷавоҳироти зиёдеро суннат гардонидааст, ҳамоно бозори тилловориро гарм нигоҳ медорад.

Ҷаноби Қазоқов илова кард, имкон дорад қимати тило ва нуқра солҳои наздик рӯ ба боло оварад. Афзоиши талаботи мардум ба ҷавоҳирот боиси афзоиши шумораи фурӯшгоҳҳои маснуоти заргарӣ дар саросари вилояти Хатлон ва Тоҷикистон шудааст. Аммо мақомоти корҳои дохилӣ ҳушдор медиҳанд, ки афзоиши шумораи фурӯшгоҳҳои ҷавоҳирот ва тоҷирони тилофурӯш эҳтимоли ба бозор роҳ ёфтани миқдори зиёди маводи бадалиро боло бурда, боиси болоравии мизони мардумфиребӣ низ хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG