Мақомоти мубориза бо фасод, ки ба таҳқиқи парвандаи вазири пешини ҳукумат, соҳибкор ва муассиси ҳизби "Тоҷикистони нав" Зайд Саидов машғуланд, зимни шикояти як зан ӯро дар таҷовуз ба номус низ айбдор кардаанд. Бино бар хабари ин ниҳод, ҳангоми баррасии аризаи як шаҳрванд муқарар гаштааст, ки Саидов дар моҳи апрели соли 2008, ноболиғи 14-сола, толибаи синфи 7-ро "бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нӯшокии мадҳушкунанда беҳуш карда, аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода намуда, ба номусаш таҷовуз мекунад.»
Дар идома ин иттилоия омадааст, ки Зайд Саидов аз дороии худ истифода намуда ва аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз роҳи таҳдид ва зӯроварӣ мунтазам алоқаҳои ҷинсиро бо ӯ давом медиҳад ва дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Зайд Саидов бо ин духтари ноболиғ, ӯ се маротиба ҳомиладор мешавад.
Бар пояи ин иттилоия, Зайд Саидов бо мақсади он, ки кирдорҳои ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат духтарро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд. Иттилоияи Оҷонсӣ мегӯяд, ки аз ин ҳодиса модари духтар огаҳ шуда бо Зайд Саидов вомехӯрад ва ӯ ба модари духтар ваъда медиҳад, ки духтари ӯро ба занӣ гирифта ва шароити зиндагии ӯро таъмин менамояд.
Ба дунбол, Саидов барои кирдорҳои ӯ ошкор нашаванд, гӯё ба шаҳрванд «Б» 1300 доллари амрикоӣ дода, ба ӯ маблағи зиёд ваъда карда ва ба издивоҷ бо шаҳрванд «Б» моил менамояд ва ваъда медиҳад, ки дар сурати розӣ кардани духтар ва бунёди оила, ба онҳо аз ҳисоби худаш ҳавлии истиқоматӣ харида ва тӯйи онҳоро дар беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе мегузаронад.
Иттилоияи Оҷонсӣ мегӯяд, ки духтар аз ин нияти Зайд Саидов огоҳӣ пайдо карда бинобар он, ки духтурони гинеколог ба ӯ тавсия додаанд, ки баъди барзиёд анҷом додани исқоти ҳамл мумкин аст, ки ӯ безуриёт шавад, бинобар ин, баъди маротибаи чорум ҳомиладор шуданаш аз Зайд Саидов пинҳон шуда, фарзанд таваллуд мекунад, ки ин фарзанди ӯ ҳоло се моҳа аст.
Дар ҳамин ҳол Исҳоқ Табаров, вакили Зайд Саидов рӯзи 18 июл ба Озодӣ тасдиқ кард, ки ахиран муфаттишони Оҷонсӣ соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидовро пиромуни шикояти як зан аз ноҳияи Панҷакент бозпурсӣ кардаанд. Аммо Зайд Саидов ин иттиҳомро “як сафсата” номида, радд кардааст. Ӯ ҳангоми бозпурсӣ ба муфаттиш гуфтааст, ки “ман даҳҳо фарзандони бегонаро дар ин солҳо нигоҳубин кардам, магар аз фарзанди худам рӯ мегардондам?” Дар ҳар сурат, ба гуфтаи вакилаш Исҳоқ Табаров, бар асоси ин ариза ба феҳрасти иттиҳомоти зидди Зайд Саидов акнун иттиҳоми таҷовуз ба номусро ҳам афзудаанд.
Ба бовари вакилони Зайд Саидов, чунин иттиҳомоти нав шояд баҳонае барои тамдиди замони тафтишот ва ба ин тартиб, тамдиди замони боздошти Зайд Саидов бошад, ки аз 19 май дар боздошт ба сар мебарад ва ҳукми ҳабси пешакии думоҳааш низ рӯзи 20 июл ба поён мерасад.
Замони ҳабси Саидов ба поён мерасад. Аммо баъд чӣ?
Як мақоми Ожонси зиддифасод рӯзи 18 июл бидуни бурдани ном ба Озодӣ гуфт, ки онҳо ҳатман аз додгоҳ тамдиди замони ҳабси пешакии Зайд Саидовро дархост хоҳанд кард. Ҳукми ҳабси думоҳаи Зайд Саидов рӯзи 22 май аз сӯи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ содир шуда, Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси зиддифасод он замон гуфта буд, ки ҳамин ду моҳ барои тафтиши аъмоли Зайд Саидов кофист ва парвандаи вазири собиқи саноати Тоҷикистонро то ду моҳи дигар ба додгоҳ хоҳанд супурд.
Аммо акнун, бо гузашти ду моҳ, тавре ба назар мерасад, тафтиши парвандаи Саидов то ҳол пурра такмил нашудааст ва муфаттишон, ба гуфтаи як манбаъи дигари Озодӣ, мехоҳанд аз додгоҳ барои як ило ду моҳи дигар тамдид кардани замони тафтишро дархост кунанд. Ҳамин тавр, аз додгоҳ дархост хоҳад шуд, то замони ҳабси пешакии Зайд Саидов низ то замони анҷоми тафтишот тамдид шавад, - гуфт ин мусоҳиби мо.
Ба гуфтаи вакилони Зайд Саидов, тафтишот барои исбот кардани иттиҳомоти алакай эълоншуда дар ин ду моҳ далоили ҷиддие ҷамъ оварда натавонист ва бо пешниҳоди айбҳои навбанав талош дорад, то замони тафтиши парвандаро боз ҳам тамдид кунад.
Нома ба президент
Талоши мақомот барои тамдиди замони ҳабси Зайд Саидов дар ҳолест ки ӯ ду рӯз пеш бо нашри як номаи саркушода ба раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ба бегуноҳии худ исрор варзида, иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо ҳамчун “тӯҳматномае беш нест” ба қалам дод ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ки “саломатии бандаро ба назар гирифта, ба қазияи банда дахл намоед, то ки маро озод намоянд ё бо надодани иҷозати берун рафтан(аз маҳалли зист) зери назорати тафтишот ба муолиҷаи худ машғул шавам.”
Вакилони ӯ қаблан гуфта буданд, ки дар боздошт дарди захми меъдаи Саидов сахт хуруҷ кардааст ва ӯ ба табобат дар шароити бемористон ниёз дорад.
Зайд Саидов дар номааш ба президент навиштааст, азмаш ба сохтани ҳизб “худхоҳӣ” ё “фарбеҳгӣ” набуд, “мақсади мухолиф будан ба ҳукумати ҷумҳурӣ ё каси дигареро надоштам”, балки “ғаразамон ободии кишвар ва кумак ба ҳукумати ҷумҳурӣ буд... Танҳо гуноҳи банда он аст, ки қурбони шахсони манфиатҷӯ, дурӯя ва хушомадгӯ гаштаам.”
Зайд Саидов мегӯяд, азбаски нофаҳмиҳо дар атрофи ҳизбаш зиёд шуд, ҳанӯз аснои мусофираташ дар Фаронса тасмим гирифт, ки “баробари бозгашт, аввалин коре ки мекунам дар Душанбе, боздошти фаъолияти таъсиси ҳизб буд. Ин нуктаро аз Олмон бо ҳамроҳии раиси КДАМи Душанбе ба раиси КДАМ иброз дошта будем.”
Саидов меафзояд, рӯзҳои мусофираташ чандин бор ҳушдор гирифта буд, ки ҳабс мешавад, “аммо пеш аз ҳама ба хотири дар хориҷ мондан ва ҳамчун мухолифи ҳукумат қарор нагирифтан ба Ватан баргаштам.”
Таърихчаи қазия
Аммо ӯ рӯзи 19 май баробари бозгашт дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Рӯзи 20 май маҷлиси шаҳри Душанбе дахлнопазирии ӯ ба ҳайси вакили ин маҷлисро лағв ва рӯзи 22 май додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳукми ҳабсаи пешакиаш барои ду моҳро содир кард. Мақомот Зайд Саидовро ибтидо ба бисёрзанӣ ва порагирӣ айбдор мекарданд. Баъдан ба парвандаи ӯ иттиҳоми қаллобӣ ва инак "таҷовуз ба номус" афзуда шуд. Аммо ӯву тарафдоронаш мегӯянд, ин ҳама иттиҳомот ангезаҳои сирф сиёсӣ доранд ва бармегарданд ба азми ӯ барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав. Мушкилоти Зайд Саидов бо мақомоти Тоҷикистон низ вақте оғоз ёфт, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ин ҳизби нав хабар дод.
Зайд Саидов, ки аз соҳибкорони муваффақи тоҷик ба шумор меравад, соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноат буд. Ӯ баъди рафтанаш аз мақом дубора ба соҳибкорӣ пардохт ва бахусус дар риштаи сохтмони биноҳои осмонбӯс пешдаст шуд.
“Душанбе - Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон, дафтари марказии ширкати “Tcell’ дар шафати бинои кӯҳнаи китобхонаи миллӣ, як қисмати маҷтамаъи манзилии “Пойтахт-80” дар рӯбарӯи “Душанбе-Плаза” , силсилаи хонаҳои истиқоматӣ дар пушти ҳайкали Сино, меҳмонхонаи “Гулистон-Тур”, марказҳои тиҷории “Соҳибкорон” дар маҳаллаи 8 Март ва “Пойтахт” дар назди варзишгоҳи “Спартак” аз биноҳоест, ки тавассути ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ қомат афрохтаанд. Ба гуфтаи наздиконаш, то замони боздошти Саидов дар корхонаҳои марбут ба ӯву пайвандонаш то 3000 нафар кор мекард, ки ҳоло аз он ҷамъ танҳо ҳудуди 200 нафар боқӣ мондаанд.
Зайд Саидов дар соли 2012 дар чандин озмун унвони “Муваффақтарин соҳибкори соли Тоҷикистон”-ро ба даст оварда, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон низ интихоб шуд. Аммо рӯзи 12 май, баъди онки Саидов бо тасмимаш ба сохтани ҳизб мавриди қаҳри мақомот қарор гирифт, ин Шӯроро дар як ҷаласаи бо шитоб даъватшуда барҳам доданд.