Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 узви ҲНИТ барои ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрав


Як узви ҲНИТ дар Суғд бо иттиҳоми фаъолият дар Ҳаракати исломии Узбакистон ба ҳабс маҳкум ва яке дигар аз аъзоёни ин ҳизб ба гумони мансубият ба созмони "Ансоруллоҳ" боздошт шудааст.

Зафарҷон Дӯстов, сокини 31-солаи деҳаи Ҷигдаи ноҳияи Ашт, ки узви ҲНИТ хонда мешавад, дар авохири моҳи феврал аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд мутобиқи банди 187 ва 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ” ва “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ”, ба 8,5 соли ҳабс дар зиндони низомаш шадид, маҳкум гардид. Мақомоти додгоҳ мегӯянд, Зафарҷон Дӯстовро моҳи сентябри соли 2013 кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳандозии чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ боздошт кардаанд.

Додгоҳ мегӯяд, вай соли 2011 дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба ҲИУ пайваст ва ҳаққи узвият пардохт мекард. Баъди бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи октябри ҳамон сол дар зодгоҳаш ба тарғибу ташвиқи ҲИУ миёни сокинон ва даъвати онҳо ба ин ҳаракати террористӣ пардохт. Ба гуфтаи манобеъ аз додгоҳ, замони боздошт аз манзили зисти Дӯстов 2 флешкарт бо сабти наворҳои суханронии Тоҳир Юлдошев раҳбари собиқи ҲИУ ва машқҳои ҷангии аъзои ин ҳаракат дар Покистон дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Додгоҳ Зафарҷон Дӯстовро узви ҲНИТ ном мебарад, аммо масъулони ин ҳизб мегӯянд, вай замони содири ҷиноят ба ҳизби наҳзат рабте надошт. Шавкат Мамадҷонов, раҳбари созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоикистон дар ноҳияи Ашт дар ин бора чунин гуфт: “Дӯстов то моҳи январи соли 2011 узви Ҳизби наҳзат буд. Баъд вай худаш ариза навишта, ҳизбамонро тарк кард. Дар ин бора санадҳои хаттӣ дар дафтари мо мавҷуд аст”. Ӯ афзуд, агар Дӯстов узви ҲНИТ мебуд, масъулони ин ҳизб ҳодисаи боздошту зиндонӣ шудани ӯро пайгирӣ ва барои раҳоияш талош мекарданд.

Ҳамин тавр, соли гузаштаи 2013 як сокини дигари ҷамоати Қирқудуқи ноҳияи Ашт, Дӯстмуродов Бобомурод, узви ҲНИТ дар пайи тарғибу ташвиқи ақидаҳои исломӣ дар маҳали зисташ ба гумони мансубият ба созмони тундгаро аз ҷониби пулис боздошт гашт, вале баъди дахолати масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ раҳоӣ ёфт.

Дар ҳамин ҳол кормандони ниҳоди мазкур охири моҳи январи соли равон Рустам Табуров, сокини ноҳияи Истаравшанро бо иттиҳоми мансубият дар созмони “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд. Ва ин сокини низ 33 сола узви ҲНИТ номида мешавад. Биноба маълумоти мақомоти вазорати дохилӣ дар Суғд, ки тафтиши парвандаи Табуровро мутобиқи банди 187 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ” пеш мебарад, вай сокинонро ба пайвастан ба созмони “Ансоруллоҳ” ва иштирок дар ҷиҳод дар кишварҳои Покистону Сурия даъват мекардааст.

Як масъули созмони ин ҳизб дар шаҳри Истаравшан, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, узви Ҳизби наҳзати исломӣ будани Рустам Табуровро тасдиқ кард. Вай Табуровро “як ҷавони камсавод ва бекор” номид ва афзуд, аз фаъолияти дар кадом созмон ё ҳаракати дигар хабар надорад: “Аслан ман инро қабул карда наметавонам, ки як кас ба чанд ҳизб узв бошад. Масалан, ман узви Ҳизби наҳзат ва коммунист ҳам шудан наметавонам. Вай чӣ хел одам будааст, ки ба ду ҳизб мепайвастааст. Ман ба ин ҳайрон.”

Зимнан, ҳам Дӯстов ва ҳам Табуров, ҳар ду аъзои собиқи ҲНИТ саводи кофии исломӣ ва ҷойи кори доимӣ надоштаанд ва аз роҳи мардикорӣ дар Русия рӯзӣ ба даст меовардаанд. Масъулони ҲНИТ др вилояти Суғд мегӯянд, дар пайи боздошти чанд узви ин ҳизб дар солҳои пешин ба гумони фаъолият дар ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротии фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ, қоида ва тартиби қабули сокинон ба сафи ин ҳизбро хеле сахт кардаанд.

Шавкат Мамадҷонов, раҳбари созмони ин ҳизб дар ноҳияи Ашт мегӯяд, ҳамакнун пеш аз қабули номзадҳо на танҳо худи онҳо, балки шахсони боэътимоде, ки онҳоро тавсия додаанд, давраи санҷиширо сипарӣ мекунанд. Вай афзуд, ба ин тартиб дар соли гузаштаи 2013 дар ноҳияи Ашт беш аз 200 нафар барои шомил шудан ба ҲНИТ ариза доданд, аммо танҳо 159 нафари онҳо ба узвият пазируфта шуданд.
XS
SM
MD
LG