Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар вартаи хатар. Аҳли Қулписта нияти кӯчидан надоранд


Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон аз боришоти шадид дар се рӯзи ахир ва эҳтимоли ҳаводиси табиӣ, назири обхезӣ, сел ва лағзиши кӯҳпораву тармафароӣ дар баъзе манотиқи кӯҳӣ ҳушдор медиҳад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран Идораи геологияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки 95 дарсади рустоҳо дар ин кишвар дар минтақаҳои хатарзо воқеъ аст.

Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонист ва бештаре аз рустоҳо дар минтақаҳои осебпазир ҷой гирифтаанд. Мутахассисон низ мегӯянд, ин деҳот бо хатари тармафароӣ ва фаромадани ярчу селобҳо рӯбарӯ ҳастанд.

Деҳаи Қулпистаи ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ дар 15-километрии Душанбе дар минтақаи кӯҳӣ воқеъ аст. 800 хоҷагӣ ё 4 ҳазор аз аҳолии ин деҳа бо вуҷуди дар минтақаи хатарзо ба сар бурдан, нияти ба ҷои амн кӯч бастанро надоранд. Маҳмадулло Довудов, раиси деҳаи Қиблаӣ рӯзи 1-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби ин амрро баён кард ва гуфт, ки 50 сол шуд дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунанд ва чун ватани падару модарашон аст, ба ин далел намехоҳанд аз ин ҷо раванд.

"Кӯҳ ҳам бошад, барфу борон ва хатар ҳам дошта бошад, сокинон ҳамин ҷо зиндагӣ карданианд",-афзуд Маҳмадулло Довудов. Вай мегӯяд, мардум дар ин деҳа ба кишту кор ва чорводорӣ машғуланд ва зиндагиашонро аз ҳамин пайдо мекунанд ва аз ин рӯ, дигар ҷое рафтанӣ нестанд.

Маҳмадулло Довудов, раиси маҳаллаи Қулписта.
Маҳмадулло Довудов, раиси маҳаллаи Қулписта.

Аммо Саттор Ҷаъфаров, сокини дигари деҳаи Қулписта бо он, ки дар соли 1952 дар ин деҳа таваллуд шудааст, мегӯяд, то чанд соли пеш дар Душанбе зиндагӣ мекард. Аммо бародаронаш ӯро маҷбур карданд, то биёяд ва дар ватани падарӣ бо ҳам зиндагӣ кунанд.

"Чанд соли пеш ба ин деҳа омадам. Ҳарчанд дар ин ҷо таваллуд шудаам. Падару модарам бисёр мехостанд, ки ба наздашон биёям. Аммо бародаронам зиёд хоҳиш карданд, ман низ ба ин деҳа омадам. Ҳоло ҳамроҳи 5 бародарам дар ҳамин ҷо зиндагӣ дорем. 3 бародари дигарам даргузаштанд”,-гуфт вай.

Бо он, ки деҳаи Қиблаӣ дар мавзеи хатарнок воқеъ аст, аммо ҳудуди 100 сол боз мардум дар ин ҷо зиндагӣ доранд ва мегӯянд, ки қасди ба макони амн кӯч бастанӣ ҳам надоранд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки фасли баҳор низ дар Тоҷикистон расида ва мавсими боронгариҳо оғоз мешавад. Маркази обу ҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки тайи се рӯзи оянда боронгариҳои шадиде кишварро интизор аст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллоддаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳақиқат се рӯзи оянда боронгарии шадид мешавад. Хавфи асосӣ дар манотиқи кӯҳӣ аст. Дар натиҷаи боришоти зиёд сатҳи дарёҳо, ба хусус Қизилсӯ дар минтақаи Ғарм ва Ёхсу, дар қисмати Кӯлоб баланд мешавад. Аз тарма дида сангрезӣ ва лағзиши кӯҳу замин хавфи бештар дорад. Шаҳрвандоне, ки дар манотиқи кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, барояшон хатар аст."

Умеда Юсуфӣ афзуд, ки Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба тамоми вазорату кумитаҳо ва идораву муассисаҳои кишвар хабарнома ирсол карда, аз боришоти шадид дар се рӯзи оянда ҳушдор додааст. Хонум Юсуфӣ гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ тамоми муассисаҳои зертобеи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда муваззаф шудаанд, ки дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

Умеда Юсуфова.
Умеда Юсуфова.

Нигарониҳо аз паёмади боришот дар чанд рӯзи оянда дар ҳолест, ки ду моҳе пеш Идораи геологияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки 95 дарсади рустоҳо дар ин кишвар дар минтақаҳои хатарзо воқеъ аст. Беш аз 70 дарсади ҷамъияти 8,5 миллион нафарии Тоҷикистонро сокинони рустоҳо ташкил мекунанд. Аммо мавзӯи кӯчонидани ин сокинони рустоӣ ба минтақаҳои амн ҳазинаи ҳангуфтеро талаб мекунад.

Саридораи геологияи Тоҷикистондар соли гузашта дар 287 рустои кишвар таҳқиқот анҷом дода, ба 826 хоҷагӣ машварат додаанд, ки маҳалли ҷойгиршавии худро иваз кунанд. Зеро Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонист ва бештаре аз рустоҳо дар минтақаҳои осебпазир ҷой гирифтаанд. Мутахассисон низ мегӯянд, бо хатари тармафароӣ ва фаромадани ярчу селобҳо ин деҳот рӯбарӯ ҳастанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар соли гузашта дар пайи беш аз 90 ҳодисаи фавқуллодаи табиӣ, 32 сокини Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд. Селобҳо, ярч, бодҳои тӯфонӣ, боришоти шадиди барфу борон, зилзила ва ғайра аз офтаҳои дигари табиӣ мебошанд, ки низ талафоти ҷонӣ дар пай доранд.

XS
SM
MD
LG