Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастикам як захмӣ дар задухӯрди Саричашма


Бемористони Кӯлоб
Бемористони Кӯлоб

Ҷарроҳии марзбони захмӣ дар бемористони Кӯлоб анҷом ёфт. Фаридун Олимов, бино ба охирин хабарҳо, дар минтақаи марзии Саричашма тир хӯрдааст.

Сартабиби бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб Низом Латифов рӯзи 18 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷарроҳии Фаридун Олимов, сарбози 23-солаи як воҳиди марзбонии қисми низомии 29-31-и раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитъаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) дар ноҳияи Шӯрообод ба хубӣ анҷом ёфт.

Ба гуфтаи Латифов, Фаридун Олимов, соли таваллудаш 1992, аз дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор буда, рӯзи 18 январ аз тире, ки аз сӯи Афғонистон шиллик шуда буд, ҷароҳат бардоштааст. Табибон мегӯянд, тир аз бари шиками марзбони тоҷик даромадааст. Сартабиб афзуд, ки ҳоло ба ҳаёти ин сарбоз таҳдиди ҷиддие дигар вуҷуд надорад.

Вай афзуд: «Тир аз пушти чапаш зада шуда аз пеш баромада рафтааст. Хушбахтона ба ягон узви дарунаш зарари вазнин нарасонидааст. Ҳоло ин сарбоз дар шӯъбаи наҷот бистарӣ карда шуда, ҳолаш хеле хуб ба назар мерасад. Баъди ҷарроҳӣ ба мо маълум шуд, ки сарбозро аз сӯи Афғонистон паррондаанд.»

Зӯҳри 18 январ дар минтақаи дидбонгоҳи №2 ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба тарафи Фаридун Олимов аз марзи Афғонистон тир андохтаанд. Ӯро дар ҳолати вазнин тавассути чархбол ба бемористони марказии шаҳри Кӯлоб оварданд. Ин захмӣ таҳти муроқибати табибони ин бемористон қарор гирифт, вале чархболе, ки ӯро оварда буд, зуд пас гашт.

Низомиҳое, ки ҳамяроқи захмии худро ба инҷо оварданд, аз додани ҳар навъ ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд. Аммо навбатдори қисми низомии 29-31 дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ин хабарро тасдиқ кард ва бидуни ироаи ҷузъиёт гуфт, ин сарбоз дар дидбонгоҳи №2 ҷамоати Саричашма захм бардоштааст.

Мақомоти тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб мегӯянд, даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон зоҳиран байни соатҳои 10 то 11-и рӯзи якшанбе рух додааст.

Маъруф Саъдуллоев
Маъруф Саъдуллоев

Маъруф Саъдуллоев, раҳбари Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 15 январ ба хабарнигорон гуфта буд, рӯзҳои ахир марзшиканӣ аз сӯи қоҷоқчиён дар марзи Шӯрообод бештар мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Саъдулоев, назорати ноҳияи Шӯрообод мушкил аст ва аз ин рӯ, марзшиканон бештар аз ҳамин қаламрав мехоҳанд убур кунанд

«Дар даврони Шӯравӣ ҳатто русҳо мегуфтанд, ки Шӯроободро назорат карда намешавад. Шӯрообод бисёр роҳҳои муракаб дорад, аз ин рӯ, ҳамаи онро сарҳадбонони мо бо пуррагӣ назорат карда наметавонанд,» - гуфт Маъруф Саъдулоев.

Ҳоло маълум нест, ки ин марзбони тоҷикро қоҷоқбарон захмӣ кардаанд, ё ягон гӯрӯҳи дигар, вале рӯзи 19 декабр як гурӯҳи силоҳбадаст 4 марзбони тоҷикро ҳангоми ҳезумчинӣ асир гуфта, ба Афғонистон бурда буд. Музокирот барои раҳоии онҳо бо гаравгонгирон то кунун натиҷае надодааст.

Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон
Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон

Дар ин авохир дар бораи дар манотиқи наздик ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҷамъ шудани гурӯҳҳои ҷангӣ, аз ҷумла ҷангиёни зодаи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки ба гурӯҳҳои ифротгарое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ ва Толибон рабт доранд, гузоришҳои зиёде нашр шуданд. Мақомоти афғон бо такя бо маълумоти иктишофӣ мегӯянд, ин гурӯҳҳо қасди убур ба марзи Тоҷикистонро ҳам доранд.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон низ моҳи декабр аз эҳтимоли ҳамлаҳои ҷангиёни исломгаро аз Афғонистон дар ду самт - марзи Туркманистон ва марзи Тоҷикистон - ҳушдор дода буд.

Душанбе аз 28 декабр, аз рӯзи хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф аз Афғонистон, ҳифозати 1370 километр марзи мустақимаш бо Афғонистонро бо ирсоли нирӯҳои изофӣ ва таслиҳоти бештар тақвият додааст.

XS
SM
MD
LG