Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти марз бо Афғонистон баъди хуруҷи эътилоф


Tajikistan -- A watchtower on the Afghan-Tajik border near Pyanj, 06Apr2011
Tajikistan -- A watchtower on the Afghan-Tajik border near Pyanj, 06Apr2011

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки марзбонони тоҷик ба далели хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ҳифозати марзҳои худ бо ин кишварро бамаротиб тақвият додаанд.

Як манбаи наздик ба мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯзи 31 декабр ба Озодӣ гуфт, нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба далели хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистони ҳамсоя тақвияти 1370 километр марзи муштарак бо ин кишварро тақвият додаанд. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, “ба хотири ҷилавгирӣ аз убури марз аз сӯи гурӯҳҳои ҷангҷӯ аз 28 декабр тамоми воҳидҳои марзбонӣ дар тӯли марз ба ҳолати омодабош оварда шуда, шумори ҳайатҳои дидбонӣ, барои мисол, дукаратӣ афзоиш дода шудаанд.” Худи дидбониҳо низ бакарат бештар карда шудаанд.

Фармондеҳи яке аз воҳидҳои марзбонӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рӯзи 31 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба шарти набурдани номаш тақвияти низоми ҳифозати марзро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ба марз нирӯҳои изофӣ партофта шудаанд. Вале ин манбаъ ба далели сиррӣ будани ин маълумот аз овардани шумораи мушаххасе дар мавриди нирӯҳои изофии исролшуда ба марзи Тоҷикистону Афғонистон худдорӣ кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, "барои осонтар шудани иртибот бо посгоҳҳо, ба хусус дар минтақаҳои кӯҳистонии душворгузаре, чун Шӯрообод, ба қисмҳои марзбонӣ мошинҳои барфгард (снегоход) ва миқдоре асп ҳам додаанд."

Ҳанӯз маълум нест, ки низоми наву бамаротиб шадидтари ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон то кай давом хоҳад кард. Як манбаи хабаргузории Интерфакс дар мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфтааст, “мо вазъиятро хоҳем дид, вале дар ҳафтаҳои наздик суст кардани мизони ҳифозати марз чандон мувофиқи мақсад ба назар намерасад.”

Тоҷикистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бузургтарин марз бо Афғонистонро дорад, ки асосан бар фарози рӯди Омӯ кашида шуда, бахши аъзамаш аз манотиқи кӯҳистонӣ мегузарад ва ба ин далел, ҳифозаташ хеле мушкил аст.

Генерал Нуралишоҳ Назаров, фармондеҳи собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон моҳе пеш гуфта буд, ки зимни боздиди ахираш аз марз бо Афғонистон, бахусус дар қисмати Дарвоз, чанд километр марзро бо чашми худ мушоҳида кардааст, ки аслан беҳифозат мондааст.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон яке аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддир ва асосан ҳероину афюну афғонӣ ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия ба шумор меравад. Бо хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии паймони низомии НАТО аз Афғонистон нигарониҳое вуҷуд доранд, ки ин қисмати марз бо Афғонистон метавонад ба як масири убури гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёбад.

Замир Кобулов
Замир Кобулов

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар ин ҳафта ба хабаргузории Интерфакс гуфт, гурӯҳҳои ҷангӣ дар он сӯи марз барои убур ба Осиёи Марказӣ ду платсдарм сохтаанд, ки якеаш дар рӯбарӯи марз бо Тоҷикистон аст. Кобулов ҳушдор додааст, ки бино ба маълумоти онҳо, ҷангиён алакай баҳори соли 2015 фаъол хоҳанд шуд ва талоши убур ба ин сӯи Омӯро хоҳанд кард. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи намояндаи вижаи Владимир Путин, Русия қасди ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардондани нирӯҳои марзбониашро надорад, балки бо ироаи кӯмакҳои фанниву таслиҳотӣ ба марзбонҳои тоҷик барои таъмини ҳифозати хубтари “марзҳои ҷанубии СНГ” иктифо хоҳад кард.

Дар ин авохир дар матбуоти Русия бо таъкид ба нотавонии мақомоти Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои ифротӣ даъватҳое садо медиҳанд, ки Русия бояд марзбонҳояшро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардонад. То соли 2005 ин марзро нирӯҳои Русия ҳимоят мекарданд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон чандин бор алайҳи ин даъватҳо садо баланд карда, гуфтаанд, тавони ҳифзи мустақилона аз марзҳои кишварро доранд, вале аз муттаҳидони худ, аз ҷумла аз Маскав, дар ин роҳ кумаку таслиҳот мехоҳанд.

XS
SM
MD
LG