Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари гумонбарони бомбгузориҳои Бостон мегӯяд, ки ин ҳама “ташкилшуда” буд


Ҷавҳар Тсарнаеви 19-сола дар шифохона ба саволҳои тафтишот посух медиҳад
Ҷавҳар Тсарнаеви 19-сола дар шифохона ба саволҳои тафтишот посух медиҳад

Анзор Тсарнаев, падари гумонбарони таркишҳои Бостон ба саволҳои радиои Озодӣ ва хабаргузори Ассошейтед Пресс посух дод.

Дар ҳоле ки расонаҳои хабарӣ дар ҷустҷӯи ҷузъиёти бештар дар бораи гумонбарони таркишҳои Бостон – бародарон Темурлан ва Ҷавҳар Тсарнаев – уфтодаанд, бисёре аз хешовандони ин хонавода дар Махачқалъа, пойтахти Доғистони Русия аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд. Аммо падари онҳо Анзор Тсарнаев рӯзи 21 апрел тавассути телефон аз як маҳалли номаълум бо хабарнигори Озодӣ/AP Том Балмфорф ва Ассошиэйтед Пресс (АP)сӯҳбат дод.

Озодӣ/AP: Мо мехоҳем равиши ҳодисотро бифаҳмем. Дида мешавад, ки Темурлан Амрикоро барои 6 моҳ ( аз 12 январи соли 2012) тарк карда буд. Як дӯкондор дар наздикии манзили хонавода дар Махачқалъа ба Озодӣ/AP гуфт, ӯ инҷо тақрибан як моҳ ба сар бурда буд. Ӯ аз куҷо метавонист ба чунин ақидаҳо(-и тундрав) бигарояд?

Анзор Тсарнаев: Ӯ чунин ақидаҳо надошт. Ман намедонам, ин ҳарфро аз куҷо мегиранд? Ӯ дар Махачқалъа ҳамроҳ ман буд ва то соати сеи пешин хоб мерафт. Ман ҳатто мегуфтамаш, ки ту барои хобравӣ омадаӣ? Ман ӯро ҳамроҳ ба меҳмонӣ мебурдам, ғизо мехӯрдем, сӯҳбат мекардем. Ба хона ки баргашт, хоб мерафт.

Озодӣ/AP: Ӯ масҷид мерафт? Шояд (ягон созмони террористӣ” ӯро дар масҷид ҷалб карда бошад?

Анзор Тсарнаев: Албатта, ӯ рӯзҳои ҷумъа ба масҷид мерафт. Ба масҷиди марказӣ мерафт ё ба масҷидҳои дигар, вале дар ҳамаҷо ҳамроҳи ман буд. Касе бо вай “кор” намекард дар масҷид. Инчиз дар Махачқалъа кайҳо аз байн рафтааст. Афроди мағзшӯй масҷид намераванд, онҳо дар кӯҳҳо мағзшӯӣ мекунанд.

Озодӣ/AP: Шумо кай ба Амрико рафтаниед?

Анзор Тсарнаев: Ман мурофиаи одилонаро мехоҳам. Ман ба пулис ва мақомоти вижа(-и Амрико) суолҳои зиёде дорам. Ҳам дар бораи ҷиноят ва ҳам дар бораи терроризм. Ман аз мақомоти махфии машҳури Амрико мехоҳам бипурсам, ки чигуна кор карданд. Ман суолҳои зиёд дорам, ки мехоҳам посухашро бигирам. Ман мехоҳам сурати воқеъии ҳодисаро рӯшан кунам. Мехоҳам вакили мудофеъ бигирам. Ман адолат мехоҳам.

Озодӣ/AP: Мардум мегӯянд, ки Ҷавҳар Тсарнаев таҳти таъсири бародари калониаш Темурлан қарор дошт?

Тсарнаев: Ӯ наметавонист таҳти таъсир қарор бигирад. Бале, ӯ бародари калонӣ буд, вале ӯ наметавонист додари худро ба чоҳ тела диҳад. Ин мухолифи анъанаҳои мост. Ӯ ба Ҷавҳар мегуфт, ки маро бубин, ки издивоҷ кардам ва аз таҳсил мондам. Ту таҳсил кун, вагарна падарам нороҳат мешавад. Ман ҷанҷолаш мекардам, мегуфтам ба Темурлан, ки таҳсил накардӣ, акнун кӣ мешавӣ? Мардикор? Ӯ мегуфт, ки мехонам ҳатман, инглисиро медонам, компутарро мефаҳмам, меояму мағоза боз мекунам ва аз Чин, ки онҷо дӯстонам ҳастанд, бор меорам ва тиҷорат мекунам. Чунин нақшаҳо дар сараш буд.

Озодӣ/AP: Пас чӣ шуд бо онҳо?

Тсарнаев: Ягон чиз дуруст намеояд. На кори хадамоти вижа ва на шеваи кори пулис. На ягон видеост, на ягон чизи дигар. Гузашта аз ин, онҳо ӯ(Темурлан)-ро 24 соат дар шабонарӯз назорат мекарданд.(Озодӣ/AP: Бино ба хабарҳо, Темурлан бар пояи иттилоъи мақомоти Русия мавриди таваҷҷӯҳи FBI қарор гирифта буд) Ӯ дар ҳамин атроф бо кӯдак мегашт. Онҳо бояд медонистанд, ки бо кӣ тамсо мегирад. Ё маводи тарканда аз куҷо омад? Магар дар Бостон харидани маводи тарканда чунин осон аст? Ва тавре Жириновский мегӯяд, пулис низ айни маводи таркандаеро, ки дар Бостон таркид, фармоиш дода буд? Ин мавод ба пулис барои чӣ лозим шуд? Як бачаи маҳз чеченро пайдо карданд. Ман намедонам, барои чӣ ин корро карданд? Ин ташкилшуда буд, ошкоро ташкилшуда.

Озодӣ/AP: Темурлан дар он сафар ба Чеченистон ҳам рафта буд?

Тсарнаев: Ӯ ду дафъа ҳамроҳи ман ба Чеченистон рафт. Мо ба аёдати амакҳову аммаҳои ман рафтем. Ман аммаву амаки зиёд дорам. Ҳамаи онҳо одамони тозаву намозхонанд. Ҳама онҳоро хуб медонанд. Онҳо боре ҳам аз Чеченистон берун нарафтаанд. Хешовандони ман дар солҳои ҷанг низ ҳамонҷо кор мекарданд ва ҳамонҷо монданд.

Дар ҳамин ҳол...

Рӯзи душанбе сокинони Бостон ва дигар шаҳрҳои атрофи аёлати Массачусетс ба хотири қурбониёни бомбгузориҳои ҳафтаи пеш дар марафони Бостон як дақиқа сукут хоҳанд кард. Рӯзи 15 апрел дар натиҷаи таркиши ду бомба дар хатти марраи ин марафон се нафар кушта ва беш аз 180 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳоле, ки яке аз гумонбарон Темурлан Тсарнаеви 26-сола дар натиҷаи рӯёрӯӣ бо полис кушта шуд, бародари ӯ – гумонбари дуюм Ҷавҳар Тсарнаеви 19-сола аз дохили шифохона ба саволҳои муфаттишфон посух медиҳад. Тавре полис мегӯяд, азбаски ҷароҳатҳои бардошти ӯ сангин асту ба ноҳияи гулӯяш низ осеб расидааст, феълан вай тавони сӯҳбат карданро надорад. Баёноти ӯ ба таври хаттӣ сабт мешавад.


Эд Дейвис, яке аз масъулини полиси Бостон гуфт, ки ҳолати Ҷавҳар «сангин ва мӯътадил аст». Ба иттилои ӯ, гурӯҳе аз Бюрои федеролии таҳқиқот махсус барои анҷоми бозпурсӣ омадааст. Вай гуфт, феълан ҳеҷ ҷузъиёти ин бозпурсиҳо маълум нест.


Вай танҳо илова кард, ки ба иттилои онҳо, бародарони чечен силоҳу лавозимоти кофӣ барои анҷоми ҳамлаҳои бештар дар ихтиёр доштаанд. Мақомот дар маҳалли даргириҳо бо бародарон бомбаҳои дастсохти зиёд ва ҳам 250 намуд силоҳи дигарро ошкор ва мусодира кардаанд.



Кӯдакиҳои Ҷавҳар ва Темурлан дар Қирғизистон гузашт

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ низ дар бораи зиндагии хонаводаи Тсарнаевҳо дар Қирғизистон ҷузъиёте ба даст овардааст. Темурлан соли 1986 дар шаҳраки Токмаки вилояти Чуйи Қирғизистон, воқеъ дар тақрибан 50-километрии Бишкек ба дунё омада буд. Соли 1992 ин хонавода ба Қафқози шимолӣ баргашт, вале дар соли 1995, бо шурӯъи ҷанги Чеченистон ба Қирғизистон баргашт.


Лайло Алиева – шарикдарси Темурлан дар синфҳои 5 ва 6 – мегӯяд: “Ман ӯ фақат хотироти хуб дорам. Мо ҳарду ба мактаби мусиқӣ мерафтем ва ӯ бар илова бокс машқ мекард. Ҳама аз ӯ хотироти хуб доранд ва касеро пурсед, дар бораи ӯ ягон ҳарфи бад намегӯянд. Ӯ бо ҳама дӯстӣ мекард ва одами хеле дилкушод буд.”


Сокинони Қирғизистон бародарон Тсарнаевҳоро ёд доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:50 0:00



Мудири мактаб-гимназияи рақами яки Токмак Любов Шулженко журнали синфи шашеро, ки Темурлан таҳсил мекард, варақ мезанад. Тсарнаев дар ин журнал фақат баҳоҳои 4 ва 5 дорад.


Собиқ раҳбари синфи Темурлан Наталя Курочкина аммо мегӯяд, ки ӯ дар он солҳо кӯдаки каме дамдузд буд, вале ҳамсабақонаш мефаҳмиданд, ки ин шояд таъсири ҷанги Чеченистон бошад: “Тсарнаевҳо фирориҳо аз Чеченистон буданд. Шояд ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори ӯ ҳамин ҷанг таъсир карда буд, чунки ӯ як кӯдаки ором ва то ҳадде тарсхӯрда менамуд. Аммо наметавонам гуфтан, ки ӯ кӯдаки пархошҷӯ ва одамгурез буд.”


Падари онҳо Анзор Тсарнаеви 66-сола дар ноҳияи корхонаи қанд дар канори Токмак ба дунё омадааст. Дар аҳди Шӯравӣ дар ин маҳалла чеченҳои зиёде зиндагӣ мекарданд, ки дар соли 1944 бо фармони Иосиф Сталин ба инҷо бадарға шуданд. Вале аксари онҳо дар оғози солҳои 90 ба Қафқоз кӯчиданд ва ҳоло дар Токмак танҳо 10 хонаводаи чеченҳо боқӣ мондааст.


Анзор Тсарнаев ба ҷуз аз Темурлан ва Ҷавҳар, ки дар Доғистон зода шуд, ду духтари дигар низ дорад. Ҳамсояҳои онҳо дар Токмак Тсарнаевҳоро як хонаводаи намунавӣ тавсиф мекунанд ва мегӯянд, аксари онҳо маълумоти олӣ доштанд ва аксар ҳуқуқшинос буданд. Анзор Тсарнаев низ ҳуқуқшинос буд, вале баъди суқути Шӯравӣ ба тиҷорат рӯ овард. Бадруддин Тсакаев, як дӯсти ин хонавода мегӯяд, ки Анзор Тсарнаев баъди ҳиҷрат ба Амрико низ ба Қирғизистон меомад ва ҳамеша мегуфт, ки инҷоро хеле ёд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Тсарнаев бори охир дар соли 2012 ба Токмак омада буд: “Бовар намеояд, ки ин бачаҳо даст ба чунин коре зада бошанд. Онҳо наметавонистанд чунин кор кунанд. Анзор фарзандонашро тарбияи хуб дода буд. Ӯ хеле бовар дошт, ки фарзандонаш ба воя расида, ҳатман муваффақ хоҳанд шуд.”



Ҳамсояҳои дигари онҳо дар Токмак – Мовсар Батукаев ва ҳамсари ӯ Раиса Кааева – низ бар ин назаранд, ки Темурлан ва Ҷавҳарро касе аз роҳ задааст. Раиса аз ҷумла гуфт: “Онҳо ба фарзандони худ тарбияи хуб дода буданд. Касе онҳоро аз роҳ зад, чунки ин як қазияи машкуке менамояд, ки алайҳи онҳо нигаронида шудааст. Онҳо варзишкоранд ва барои ҳамин дар он марафон буданд. Ман бовар намекунам, ки онҳо террорист бошанд. Онҳо аз чунин ақида дур буданд.”


Аммо амаки Темурлан ва Ҷавҳар – Руслан Тсарнӣ, ки дар Амрико ба сар мебарад, ба телевизиони CNN гуфтааст, равобити худро бо хонаводаи бародари калониаш Анзор Тсарнаев маҳз ба далели хеле тунд шудани ақидаҳои мазҳабии Темурлан канда буд. Мақомоти Амрико низ ба матбуот гуфтаанд, ки таҳқиқи компутари хусусии Темурлан Тсарнаев нишон медиҳад, ки ӯ ба бархе ҷунбишҳои мушаххаси тундрав таваҷҷӯҳ доштааст.
XS
SM
MD
LG