Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Сомон эйр» нархи чиптаро баланд накардааст?


Масъулони хадамоти антимонополии Тоҷикистон мегӯянд, ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» бидуни ҳамоҳангӣ бо ин ниҳод нархи чиптаи ҳавопайморо боло бурдааст.

Абдусамад Раҷабов, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ширктаи «Сомон эйр» нархи чиптаи ҳавопаймоиро дар хатсайрҳои дохилӣ боло бурдааст: «Воқеан аллакай ширкати «Сомон эйр» нархи чиптаҳоро ба самти Душанбе- Хуҷанд боло бурдааст. Аммо ин нархнома бо Хадамоти антимонополӣ мувофиқа карда нашудааст».

Зимнан, ҷаноби Раҷабов афзуд, моҳи декабри соли гузашта ҷаласаи навбатии комиссияи беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар назди президент баргузор шуд. Маҳз дар ҳамин ҷаласа тасмим гирифта шудааст, ки як гурӯҳи кории махсус сабаби гарон будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Ба таъкиди Раҷабов, дар ҳайати ин комиссия кормандони Хадамоти антимонополӣ низ шомиланд ва омилҳои гаронии чиптаҳои ҳавопайморо омӯхта истодаанд.

Абдусамад Раҷабов
Абдусамад Раҷабов
Дар ҳамин ҳол, Назар Одинаев, муовини раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи қонуни зиддинҳисории кишвар, ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи чиптаҳоро дар хатсайрҳои маҳаллӣ бояд бо ин ниҳод ҳамоҳанг кунанд: «Аммо ширкати «Сомон эйр» бо мо мувофиқа накардааст ва мо ин масъаларо таҳти омӯзиш қарор додаем ва нисбати ин ширкат чораҷӯӣ карда истодаем".

Аммо масъулони ширкати «Сомон эйр» ин иддаои ниҳоди зиддиинҳисориро рад мекунанд. Дилбар Зокирова, сухангӯи ширкат мегӯяд, дар асл нархи чиптаҳои ин ширкат дар хатсайри «Душанбе - Хуҷанд» баланд нашудааст: «Аввал ин ки барои ҷалби бештари муштариён дар ин самт мо тобистон як аксия ташкил карда будем, ки агар муштарӣ дар давоми як шабонарӯз Хуҷанд рафта бозгардад, нархи чипта барои ҳардуҷониб 75 доллар буд. Ҳоло ин аксия нест ва нархи билет мисли пештара аст. Ғайр аз ин, бисёри муштариёни мо чанд соат пеш аз парвоз билет мехаранд, ки дар ин сурат ҳам нархи он аз нархи маъмулӣ то 30 дарсад гаронтар фурӯхта мешавад. Ин таҷрибаи маъмул аст ва дар тамоми ҷаҳон ҳаст».

Хонум Зокирова меафзояд, «Сомон эйр» ягона ширкатест, ки дар самти Душанбе- Хуҷанд хатсайр дорад, вале ҳамчун имконияти бозори озод ширкатҳои дигар ҳам ҳаққ доранд дар ин самт хатсайр боз кунанд. Дар он сурат, эҳтимол меравад, рақобат сабаби коҳиши нархи парвозҳо шавад.

Муштариёни тоҷик гаронии чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Тоҷикистонро аз мушкилоти аслии арсаи авитасия меноманд. Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, гаронии чиптаҳоро ба нархи сӯзишворӣ марбут мекунанд ва мегӯянд, қимати билетҳо дар Тоҷикистон аз ҳама боло аст.

Зимнан Суҳроб Ҷӯраев, собиқадори арсаи ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, гаронии чиптаҳо чанд омил дорад: «Барои коҳиши нархи чиптаҳо зина ба зина як зумра корҳоро ба сомон расонидан зарур аст. Якум қимат будани сӯзишворӣ, ҳавопаймоҳои фарсуда, созишномаҳои лизингии пурхарҷ ва вазнин, омода набудани фурудгоҳҳо ба талаботи байналмилалӣ, вобастагӣ аз мутахассисони беруна, ҳамаи ин омилҳое ҳастанд ба нархи чипта таъсир мерасонад».

Ширкати ҳавопаймоии "Сомонэйр", як ширкати ғайридавлатӣ буда, гуфта мешавад, дар пайи масдуд шудани роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд дар мавзеи кӯҳии 71-ум километрии ин роҳ нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро то ба 530 сомонӣ баланд бурдааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан нархи чиптаи Душанбе - Хуҷанд 320 сомонӣ буд.

Нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00
XS
SM
MD
LG