Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ дар бораи истирдоди Низомхон Ҷӯраев: "Украина чизе нагуфт"


Низомхон Ҷӯраев.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз тоҷирони сарватманд, ҳанӯз дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад. Ҷӯраев тақрибан чаҳор сол қабл ба таври мармуз аз Тоҷикистон "ғайб" зад.

Қутбиддин Сафарзода, як масъули Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми феврал гуфт, масъалаи боздошт ва ба тафтишот ҳозир кардани Низомхон Ҷӯраев бар дӯши Вазорати корҳои дохилӣ аст. "Дар ҳоли ҳозир ВКД бо ниҳодҳои зирабти кишварҳои дигар дар ин робита ҳамкорӣ дорад", - афзуд ӯ.

Дар чаҳор соли гузашта мақомоти Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон дар бораи куҷо шудани ӯ ҳамеша гуфтаанд, ки таҳти ҷустуҷӯст.

Ин масъули Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон афзуд, аз қазияи боздошти Низомхон Ҷӯраев дар Украина хабар доштанд, вале мувофиқи тартиби истирдод, аз ҷониби Киев ба онҳо ҳеч санад ироа нашуд. Вай афзуд, Низомхон Ҷӯраев ҳамчунон дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад ва ҷониби Тоҷикистон интизори истирдодаш ҳаст.

Боздошти Ҷӯраев дар Украина

Низомхон Ҷӯраев ахиран дар Украина пайдо шуд. Ин тоҷири тоҷикро аввали моҳи январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Борисполи вилояти Киев дастгир кардаанд. Наталя Теличко – намояндаи расмии Додситонии кулли Украина – рӯзи 20-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "боздошти Низомхон Ҷӯраев рӯзи 11-уми январи имсол ба далели таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданаш сурат гирифт. Аммо рӯзи 13-уми январ Додгоҳи ноҳияи Борисполи вилояти Киев қарори боздошти Низомхон Ҷӯраевро рад кард ва ӯро раҳо намуд."

Низомхон Ҷӯраев чӣ гуна нопадид шуд?

Қутбиддин Сафарзода дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита ба чигунагии фирори Низомхон Ҷӯраев аз Тоҷикистон гуфт, "вақте Оҷонси зидди коррупсия парвандаи ӯро ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристод, додгоҳ мӯҳлати баррасии парвандаро мушаххас намуда, барои муҳокима ва додани баёнот Низомхон Ҷӯраевро даъват намуд. Аммо вай, ки ба шарти берун нарафтан аз кишвар ва ҳамчунин баъди анҷоми 18-моҳаи мӯҳлати ҳабси пешакӣ дар озодӣ буд, бо истифода аз ин фурсат, фирор кард."

Илёс Идрисзода, муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи Низомхон Ҷӯраев аз сӯи ин ниҳод тафтиш ва ба додгоҳ ирсол шуда буд ва бинобар фирор кардан ва нопадид шуданаш, дар додгоҳ нигоҳ дошта шудааст.

Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дуздии маблағҳои давлатӣ, муттаҳам аст. Дар гузашта мақомот ӯро барои даст доштан дар куштор ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ низ муттаҳам карда буданд. Ӯ тобистони соли 2014, дар ҳоле ки, таҳти назорати маъмурони Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон буд ва бояд ба суоли додрасҳои Додгоҳи олӣ посух мегуфт, ба таври мармуз "ғайб зад".

Низомхон Ҷӯраев.
Низомхон Ҷӯраев.

Дар чаҳор соли гузашта мақомоти Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон дар бораи куҷо шудани ӯ ҳамеша гуфтаанд, ки таҳти ҷустуҷӯст. Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси пешини Оҷонси зиддифасод, моҳи июли соли 2014 дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки соҳибкори тоҷикро ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ нигоҳ медоштанд, вале баъди чанде ӯ аз хоки кишвар фирор кардааст. Ӯ гуфт, ки дар қазияи “ғайб” задани Низомхон Ҷӯраев даст надоранд.

Ҳамааш аз соли 2007 сар шуд

Низомхон Ҷӯраев то соли 2007 соҳибкори муваффақ дар вилояти Суғд ва молики як силсила корхонаҳои саноатӣ дар Исфара буд. Дар интихоботи соли 2005 ба вакилии Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шуд. Соли 2007, замоне ки маҷлиси вилоятӣ масъалаи лағви дахлнопазирии вакилии ӯро баррасӣ мекард, бо фирор аз толори маҷлис билофосила тарки Тоҷикистон кард.

Баъд аз фирори ӯ аввал ба Дубай ва сипас Маскав, мақомоти Тоҷикистон зидди Ҷӯраев ва наздикони ӯ чанд парванда боз карда ин гурӯҳро ба бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, гирифтани маблағҳои пулӣ бо роҳи ҷиноят ва ҳатто дар чанд куштор, аз ҷумла қатли муовини собиқи додситони кулли Тоҷикистон Толиб Бобоев дар соли 1999 айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 31 нафарро дар чаҳорчӯби ин парванда, ки ҳамчун “парвандаи исфарагиҳо” ном баровард, ба мӯҳлати аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон карда, худи Низомхон Ҷӯраевро дар пайгарди байналмилалӣ қарор дод.

Шаҳодат алайҳи Зайд Саидов

Низомхон Ҷӯраев моҳи августи соли 2010 бо дархости мақомоти Душанбе дар Маскав боздошт ва моҳи апрели соли 2012 раҳо шуд. Аммо баъди чанд рӯзи раҳоияш ӯ ба таври ногаҳонӣ дар Душанбе пайдо шуд ва тавассути телевизиони давлатӣ эълон кард, ки худаш баргаштааст, то бегуноҳиашро дар назди тафтишот собит кунад.

Баъди ин, бар асоси шаҳодатҳои Ҷӯраев чанд мақоми баландпояи Оҷонси зиддифасод ва Додситонии кулл, ки масъулияти таҳқиқи парвандаи исфарагиҳоро бар ӯҳда доштанд ва қозии ин парванда - додраси Додгоҳи олӣ Нур Нуров ба масъулият кашонда шуданд. Баъд аз ин, соли 2013, ӯ дар парвандаи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат низ шаҳодат дод, ки гӯё корхонаи “Тоҷикатлас”-ро ба зӯрӣ аз худ кардааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG